Доктори илмҳои филология, профессор Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ ниёз ба муаррифӣ надорад. Омӯзгор, ҷанговар — ҳомии Ватан, шоир, фолклоршинос, муҳаққиқи адабиёт, муаллифи китобҳои дарсӣ, тарҷумон ва ниҳоят, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ин марди наҷиб панҷоҳ сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон сабақ дода, дар тайёр кардани журналистони касбӣ нақши бориз дорад. Ӯ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалин донишмандони равияи фолклоршиносӣ шинохта шудааст.
Номбурда солҳои зиёд (1963-1973) декани факултети филологияи тоҷики ДМТ буд ва дар таъсиси шуъбаи журналистика ва факултети журналистика саҳми назаррас дорад.
Ба зодрӯзи ӯ 100 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар толори хурди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои филология ва журналистикаи тоҷик» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид.
Онро муовини ректори донишгоҳ, профессор С. Сафармамадов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт.
Сипас, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, мудири кафедраи адабиёти муосири Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод, доктори илмҳои филология, профессор Абдусаттор Нуралиев, дотсент Муртазо Зайниддинов, доктори илмҳои филология, профессор Қурбони Восеъ ва дигарон баромад карда, суханҳои нек гуфтанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»