Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ёр дар шодиву ғам моем…

№77 (4497) 21.06.2022

РАСМСафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 2 — 3 июни соли равон ба вуқӯъ пайваст, дар китоби дӯстии ҳар ду кишвар сафҳаи неку хотирмон аст. Дар аснои он санади стратегӣ — «Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, танҳо тайи се соли охир дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 100 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Дар шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвари ҳамсоя 40 маротиба афзуда, соли 2021 гардиши мутақобилаи муомилоти мол 600 миллион долларро ташкил дод. Боиси хушнудист, ки сарони кишварҳо барои ба як миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши мол иқдомҳои муассирро роҳандозӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, дар доираи ин сафар Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, байни соҳибкорони бахшҳои гуногун 75 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Маблағи созишномаҳои имзошуда, дар маҷмӯъ, 570 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Ин созишномаҳо фаъолияти ҳамкориҳои минбаъдаи соҳибкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили алюминийи аввалия ба Ӯзбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегиранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташон оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон чунин таъкид намуданд: «Мо қайд кардем, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин дар бахшҳои металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ, иқтидори бузург мавҷуд аст».

Дар маҷмӯъ, сафари мазкур хеле бобарору судовар буда, ба рушду густариши бештари робитаҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳақ бар ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст, ки дар «Қадри ҳамсоя» ном шеъраш фармудааст:

Ҳамнишину ҳамқадам моем,

Ёр дар шодиву ғам моем.

Шукргӯ дар бешу кам моем,

Ҳаст то дунё ба ҳам моем.

Мужда орад аз давоми нек,

Дӯстии тоҷику ӯзбек.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия