Ҳифозату нигаҳбонӣ кардан ва покиза нигоҳ доштани забон, ки арзишмандтарин сарвати миллат аст, вазифаи аҳли ҷомеа ва қабл аз ҳама, давлат аст, зеро ки футур ёфтану аз равнақ мондани он омилҳои таъсиррасони дохилию берунӣ дорад.
Дар замони шӯравӣ, ки ҳамвора бо иқдомҳои некаш барои рушду равнақи ҷумҳурии мо пеш мегирифт, ибтикороте ҳам гирифта мешуданд, ки батадриҷ забони моро ба бунбаст ворид карда, аз роҳи инкишофи табиӣ берун мебурд. Кор ба ҷое расид, ки аҳли фазл дар он давра бо русӣ фикр карда, ба тоҷикӣ сухан рондаву таҳрир мекардагӣ шуданд. Дар натиҷа, алфози тоҷикиву маънии ғайритоҷикии дур аз фаҳм ифода мешуд. Вале на ҳама ин бегонагию муғлақиро эҳсос мекарданд.
Ман гумон мекунам, ки дар ҳафтоду чанд соли мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ забон он қадар беқадру нописанд нашуда буд, ки дар замони истиқлолият шуда истодааст. Ҳоло одамон ҳар чӣ ки ба даҳонашон рост ояд, мегӯянд. Зоҳиран, дигар халқҳо ҳам ба ин мушкил рӯ ба рӯ шуда буданд.
Дар солҳои 60 – и асри гузашта Сарвазири вақти Эрон Амир Аббоси Ҳувайдо дар як навиштааш, ки дар маҷаллаҳои «Паёми навин» ва «Сухан» чоп шуд, ба донишмандону забоншиносони кишвар бо чунин суханон муроҷиат намуд: «Забони форсӣ танҳо ба эрониёни мо марбут нест, ин забон дар се кишвари олам забони расмии давлатӣ шинохта шудааст ва донишмандони ин давлатҳо — Тоҷикистону Афғонистон низ дар покиза доштани ин забон камар бастаанд».
Яъне, яке аз роҳбарони онвақтаи Эрон соҳиби ин забон будани моро ошкоро эълом дошта, эътироф карда буд. Вале дар Тоҷикистон касоне ёфт мешуданд, ки ба забони ягона — форсӣ шарику анбоз будани моро зери шубҳа мегузоштанд ва ҳамин назарияи нигилистӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ҷонибдор пайдо кард.
Солҳое, ки банда узви Раёсати Кумитаи истилоҳоти забони АИ Тоҷикистон будам, дар яке аз ҷаласаҳои он раиси кумита Муҳаммадҷон Осимӣ бо алам изҳор доштанд, ки ноиб – президенти АИ СССР, файласуф Пётр Федосеев мани соҳиби ин забонро бовар кунонданӣ мешуд, ки форсию тоҷикӣ забонҳои парокандаанд ва ба ҳам умумият надоранд ва далелаш ақидаи баъзе аз лингвистони ховаршиноси муғриз буд.
Соле, ки ҳунарпешаи маъруф Маҳмудҷон Воҳидов дар Бағдод ба таври фоҷиавӣ аз ҷаҳон гузашт, Отахон Латифӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери унвони «Маҳмудҷон нанги мо буд», таъзиянома ба чоп расонд. Акбар Турсон, ки мо ҳар ду он солҳо корманди ЭСТ (Донишномаи Тоҷикистон) будем, ҳафтанома дар даст гуфтанд, ки «ман ба бемаврид омадани «нанг» дар ин навишта эрод гирифтам, як-ду шоири маъруф розӣ нашуда, изҳор доштанд, ки дар навиштаи Латифӣ «нанг» бамаврид истифода шудааст. Андешаи ту чист? Ман ҳамон вақт гуфта будам ва ҳоло батакрор мегӯям, ки аз ҷумлаи «Маҳмудҷон нанги мо буд» ба ҷуз «Маҳмудҷон боиси сарпастию бадномии мо буд» маънои дигаре берун натавон овард.
Дар гӯйиши тоифаи авому бехабари тоҷик ибораи «раҳмати калон» ба гӯш мерасад, ки зери таъсири таъбири русии «большое спасибо» пайдо шудааст ва касони босаводи андак аз худ бохабар ин тавр намегӯянд. Синамогарони эрон чанд сол пеш зери унвони «Дар чашми бод» филме бардошта буданд, ки дар амалиёти он се-чор тоҷик иштирок мекард ва ба лаҳни тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Нақши яке аз қаҳрамонҳои филмро Ҳабибулло Абдураззоқов ба ҷо овардааст. Ҳамсару духтари қаҳрамони филм Абдураззоқов – Маҳлиқо ва Лайлӣ дар ҷараёни воқеот чанд дафъа ибораи «раҳмати калон»-ро ба забон меоранд.
Ибтидои солҳои 60-и асри гузашта рафтуомад ба Афғонистон ва Эрон оғоз гардид. Ҷавонони зиёде ба ҳайси тарҷумон ба ин кишварҳо сафарбар шуданд. Ба ин восита барои омӯзиши қиёсӣ замина ба миён омад. Мутаассифона, на ҳама дониши кофии фарҳангию забонӣ доштанд. Дар бозгашт, агарчӣ ҳушмандон чизи хубе андӯхта омаданд, бехабарон ба шунида такя карда, иттилооти норавое ба худ оварданд. Аз ҷумла, таъбирҳое чун нисбати фалон чиз, оиди фалон чиз, тасаллият, эҳтиромона, дидан кардан, навишта кардан (шакли дурусти таъбирҳо ин аст: нисбат ба фалон чиз, оид ба фалон чиз, таслият, эҳтиромкорона ё бо эҳтиром) ва ғайраву ҳоказо, ки ҳамин тарҷумонҳои қаламбадаст оварда буданду мегуфтанд ва ба қалам медоданд, ҳоло дар радиову телевизион ва навиштаҳои матбуоти ҷорӣ ва баъзе аз осори илмию адабӣ роҳ ёфта, реша давондааст. Баъзе фозилон дар суханрониҳои телевизиониашон аз ғалат будани ин таъбирҳо ёдовар шуда бошанд ҳам, ба ҷое нарасиданд. Ҳоло низ мо дар ислоҳ кардани онҳо оҷизӣ мекашем:
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад Бедил,
Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.
Барои таъмир кардани вайрониҳои забон низ меъморе лозим аст.
Яке аз масъалаҳои ҳамешагии забон, ки вақтҳои охир бо шуълаи тоза аланга мезанад, тоза ва пок нигоҳ доштан, истифодаи дурусти он аст, ки имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ баррасӣ мешавад.
Воситаҳои ахбори омма муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти меъёрҳои забони адабӣ маҳсуб мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забони рӯзномаҳо, сухани ровиён, гӯяндагони радио ва телевизион, аҳли қалам бояд шевою гуворо ва аз иштибоҳоти забонӣ орӣ бошад. Аммо, мутаассифона дар ин самт камбудиҳо зиёд ба чашм мерасанд. Вазоратҳои маориф, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, умуман, мақомоти ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки барои бартараф кардани ин камбудиҳо чораҳо андешанд»
Ғалат гуфтану ғалат навиштан, табиист, ки аз нодонӣ сар мезанад. Ба сиҳатии фаҳмиш шубҳа доштан ҳам ҳунар аст, вале баъзе касон аз ҳамин «неъмат»-и шубҳа кардан ҳам бенасибанд. Ғалат сабт шудани калимаю ибораеро аксари хонандагони ҳушманд дармеёбанд, вале ғалат баён гардидани маъниву мафҳум ва муддаоро кам касон пай мебаранд. Доро Наҷот дар фарҳанги ба чоп расондааш вожаи «доғ» — ро (номи дарахт) шарҳи дуруст додааст. Аммо он ки номи сарзамини Доғистони Қафқозро маҳз ба ҳамин дарахт марбут донистааст, аз бехабарии қаламкаш аст. «Доғ» -и Доғистони Қафқоз аз вожаи «тоғ» — и туркист, ки ба маънои кӯҳ далолат мекунад. Лекин дар навоҳии Ҳисор ва Шамсиддин Шоҳин Доғистон ном деҳаҳое ҳастанд, ки номашон ба ҳамин дарахти «доғ» алоқаманд мебошад, чунки дар ҳаволии ин деҳаҳо чунин дарахт бисёр мерӯидааст.
Як забоншиноси тоҷик номи «ГАЗел» (микроавтобус)-и маъруфро бо вожаи «ғизол»-и тоҷикӣ як донистааст, ҳол он ки унвони ин микроавтобус ба таври ихтисор аз ду вожа — «ГАЗ» (Горковский автомобильный завод) ва ҳиҷои аввали «Елгава» (шаҳри саноатӣ дар Латвия, ки микроавтобусҳои овозадор истеҳсол мекард) гирифта шудааст. Забоншиноси содалавҳ хурсанд гардидааст, ки рус ба мошинаш номи тоҷикӣ мондааст.
Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ ба зиёиёни сиёсатзадаи тоҷик барои фарзандонашон номҳои инқилобии дархӯри замон мондан мӯд шуд. Соли 1934 Раҳим Ҷалил, ки дар Тошкент мехонд, фарзанддор мешавад. Аз Хуҷанд нома менависанд, ки ба писар Маузер ном гузоранд (ба ёди туфангчаи душманкуши комиссарони инқилобӣ). Чун нависанда ба хона бармегардад, аз кинояву пичинги мардум қимоб шуда, номи Маузерро ба Мансур иваз мекунад.
Чанд гоҳ шуд, ки ибораи «нигарон мабош»-и эрониҳо дар гуфтори телевизионӣ садо медиҳад. Шояд ин тақлиди безарар бошад, аммо, зимни «нигарон будан» онҳо дигар маъноро дар назар доранд. Мо ва тоҷикзабонҳои Афғонистон онро ба маънои «интизорӣ» истифода мебарем.
Ана, ҳамин тақлидҳои ночаспон дар гӯйиши радиову телевизион ва рӯзномаҳо касро нороҳат мекунад. Охир, иззати нафс гуфтанӣ мафҳум ҳам вуҷуд дорад. Оё боре шудааст, ки онҳо ба ягон гӯйишу бозёфти мо тақлид карда бошанд? Ягона таъбире, ки онҳо аз мо тақлид карда буданд, чархбол буд, ки он ҳам дер напоид. Ғурури бузургдавлатии онҳо то ба ҳаддест, ки бозёфти мардуми тоҷики ба миқдор камшуморро рад карда, ба ҷои он болгардро пазируфтанд. Ҳол он ки аз назари инсоф, чархболи тоҷикон ҳам аз ҷиҳати сохту таркиб ва ҳам аз лиҳози ифодаи маъно аз болгарди онҳо бартарӣ дорад.
Боиси ифтихору шодмонии воқеии мост, ки бо саъю талоши равшанфикрони миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва кишвар ба истиқлолияти сиёсӣ расид. Лекин тибқи одати маъмул касе дар андешаи ҳифозату пок доштани забони беш аз ҳазорсола нест. Тавре мегӯянд: «Чун одат қадим шавад, табиат гардад». Мо ба ғалату носозиҳо хӯ гирифтаем, аммо «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам» мегӯем. Агар ватандӯстӣ гӯшаи имон бошад, чаро ба забон, ки гӯшаи дигари имон аст, ишқ наварзем? Имрӯз, ҳар киро ҳар чӣ ба даҳонаш ояд, мегӯяд ва ҳар чӣ ки хоҳад, менависад. Албатта ин вазъу ҳолро эродгир зиёд аст, вале эродгирандаро нуфуз мебояд, ки мо онро надорем. Ин нуфузро Кумитаи забон ва истилоҳот дорад, ки мақоми ҳукуматист. Вале, афсӯс, ки зимомдорони ин кумита салоҳияту нуфузи дар ихтиёрбударо дар амалҳои камсамар ба кор мебаранд.
Масалан, боре аз роҳбарони кундзавқи барканор аз эҳсосоти миллии корхонаҳои хусусию ширкатҳои инфиродӣ намепурсанд, ки унвону таъбирҳои хориқулъодаи «Лесная сказка», «Тайга», «Тропиканка», «Каприз», «Арбат», «Эсхата», «Клеопатра», номгузориҳои дур аз завқи солим — «Ҷалҷам» ва амсоли инҳоро аз кадом кӯлвору кашкӯл берун овардед ё аз сарони сафоратхонаҳои мамолики хориҷии мустақар дар пойтахт суол намекунанд, ки чаро дар лавҳи унвони боргоҳи шумо навиштае ба забони давлатии мамлакати мо нест?… Чанд рӯз пеш як ҷавондухтари зебо дар телевизион чанд дафъа ибораи «кӯшиш мекунам»-ро ба гунаи бе «вов» — «кушиш мекунам» талаффуз кард. Касе, ки қобилияти эҳсоси нозукиҳои забонро дорад, ҳатто дар ҳолати талаффузи овоз ва бемавқеъ гузоштани нуқтаю вергул нороҳат мешавад, чунки навишту гуфтор обуранг ва мазмуни тоҷикӣ намегирад.
Дил мехоҳад, ки забони тоҷикӣ ҳам соҳибу нигоҳбоне дошта бошад, то аз худсарию густохиҳои касони бесалоҳият дар амон монад. Ман гумон мекунам, ки ҳамин гуна соҳибу нигаҳбони ваколатдору нуфуздор Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, агар рисолаташро чунонки ҳаст, ба ҷо орад.
Ҷумъабой Азизқулов, номзади илмҳои филология