Забон дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи шинохти инсонияту тамаддун ва ибрози афкору муошират ва муносибати байни одамон, байни ташкилоту муассисаҳо, мақомот, давлатҳо ва ҷамъиятҳо, омили муҳиму асосии расидан ба истиқлолият, пешравии ҷамъият, ташаккули миллату халқиятҳо хизмат менамояд. Тавоноии забони мо ба ҳаддест, ки дар тӯли садсолаҳои номусоиду ниҳоят ранҷбор бо кӯшиши гузаштагони мо бузургтарин тамаддун, ғанитарин адабиёт, зеботарин шеърҳо офарида, ба оламиён пешкаш шудаанд. Беҳуда нест, ки қабилаҳои бегонае, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ кардаанд, маҷбур буданд забони моро ба сифати забони илму фарҳанг ва забони расмии дарбори худ қабул кунанд. Забони тоҷикӣ садсолаҳо дар минтақаи бисёр бузурги дунё нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотибаву муҳовараи қавму миллатҳои гуногун буд.
Таърих гувоҳ аст, ки забони мо баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо сахт пайванд аст. Ноил шудан ба истиқлол дар соҳаи забон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мебошад. Баъди ба Истиқлолият расидани Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар ҷомеа беш аз пеш нақши ҳалкунанда мебозад. Дар баробари ба истиқлолият расидан давлати миллии мо бештар ба анъанаҳову сарчашмаҳои бунёдии давлатсозии худ муроҷиат мекунад ва бинобар ҳамин беасос набуд, ки забони тоҷикӣ ҳам дар ҷомеа мавқеи бисёр бунёдӣ пайдо кард ва мақоми давлатиро соҳиб шуд. Забони тоҷикӣ дар баробари забони русӣ, ки қаблан забони расмии мо буд (дар даврони Истиқлолият ҳам мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳои давлатҳои муштаракулманофеъ мебошад), нақши худро хеле боло бурда, мавқеи воқеии ҳуқуқии худро дар ҷомеа пайдо кард. Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва то соли 2000 муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаштанд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурги ин давра тавассути сиёсати пайгирона ва махсусан ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар коргузории расмии ҷумҳурӣ пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд.
Масъалаи дигаре, ки ба моҳияти сиёсати забонии давлат марбут аст, андешидани тадбирҳо оид ба амали забонҳо дар мамлакат мебошад. Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки дар асоси он фаъолияти забон ба роҳ монда шуд, Қонун «Дар бораи забон» мебошад, ки онро Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул кард. Дар ин санад забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон шуд. Чунончӣ, дар моддаи 1 омадааст: «Забони давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Аввалин талаби қонун он буд, ки коргузории мақомоти ҳокимият, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ сурат бигирад. Қонуни забон ҳарчанд ҳамчун қонуни миллӣ вазъи ҳуқуқии забони давлатиро дар номгузорӣ муайян ва истифодаи онро дар муносибатҳои дохили ҷумҳурӣ танзим менамояд, вале он истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ ба танзим намедарорад.
Ба хотири «демократикунонӣ» дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ забони тоҷикӣ мавриди ислоҳ ва бознигарӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа бисёр луғату истилоҳоти асилу ноб ва сабку услубҳои ҷолиби худро аз даст дод. Ҳаёти ҷомеа ҳар сол моро водор менамояд, ки дар ҷараёни тағийрёбандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар қонунҳои қабулгардида хатоҳои техникӣ, имлоиву услубӣ ва мухолифатҳои онҳоро бартараф намоем. Имрӯз фурсати он расидааст, ки ба шарофати тағйиру иловаҳои Қонуни забон дар кори ислоҳ ва батанзимдарории онҳо саъю кӯшиш намоем.
Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5 октябри соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ба рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон нигаронида шуда, вазифаҳои навбатии Давлат ва ҷомеаро муайян сохт. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компютеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурӯҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими навбатӣ маҳсуб меёбанд. Президенти кишвар андешаҳои худро дар бораи устувории мавқеи минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қиматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».
Ҳамин тариқ, дар даврони Истиқлолият бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал татбиқ шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ бамаротиб афзуд. Махсусан, асарҳои таълифнамудаи Президенти кишвар, суханрониҳояшон дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд.
Наргис Раҳмонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон