Забон дар масири як аср

№122 (4705) 06.10.2023

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шуданашон дар бораи забони давлатӣ, ҳифзу ҳимояи асолати он, канораҷӯӣ намудан аз корбурди калимоту ибораҳои ғалату нофаҳмою бегона таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.

Забон рукни асосии ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад ва намояндаи он миллате, ки забони худро пос намедорад, ба он арҷ намегузорад, хатои ҷиддӣ содир месозад, зеро забон пайванди муҳим, асоси мавҷудияти миллат, фарҳанг ва ояндаи он ба ҳисоб меравад. Аксари донишмандону мутафаккирон дар хусуси аҳамияти забони модарӣ ва омӯхтану донистани он андешаҳои бикр баён намуда, рисолаю навиштаҳои муҳиму ҳадафрас иншо кардаанд. Қабл аз ҳама, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз зумраи он фарзонамардони сарсупурдаи миллат буданд, ки бевосита барои ба асолаташ пайваст намудани миллат, бори дигар зинда кардани номи миллату забони нобу гуворояш, тафовути бузурги забони тоҷикӣ аз забони қавму миллатҳои ғайр, қоиму пойбарҷоии забони тоҷикӣ ва рушду инкишофи ояндаи он ранҷу заҳмати зиёде кашиданд.

Дар замони душвор — оғози қарни мураккабу тақдирсози ХХ офаридани асаре чун «Намунаи адабиёти тоҷик», ки муҳтавои он дифоъ аз миллату забони модарии мост, кори саҳлу осон набуд. Вақте ки вуҷуд доштани чунин миллат ва забони онро гурӯҳе аз душманону хоинони пантуркист комилан инкор мекарданд, баъзе ба ном «зиёиёни мо» низ он тоифаро ҷонибдорӣ менамуданд. Маҳз, ин алломаи забардасту заковатманд буданд, ки иддаои он гурӯҳи бадхоҳро, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти онро қатъиян инкор мекарданд, ботилу нодуруст шуморида, бо арқому далелҳои боэътимод рад сохтанд. Устод ҳамчун ҳомӣ ва муҳофизи забони модарӣ дар китоби «Намунаи  адабиёти тоҷик», ки соли 1926 дар Маскав интишор гашт, комилан исбот карданд, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон буда, забону фарҳанг ва адабиёти ниҳоят қадима доранд. Инчунин, устод дар асарашон бармало собит сохтанд, ки тоҷикон таърихи куҳан, фарҳангу маданияти хоса, маънавиёти нотакрор ва забони шевою ғанӣ   доранд.

Нависандаи маъруфи маорифпарвар Аҳмади Дониш дар асараш «Наводир — ул — вақоеъ» дар хусуси аҳамияти забони модарӣ, муҳимияти забондонӣ андешаҳои ибратомӯзе баён намудаанд. Мутафаккири барномаи таҳсили мадрасаҳои Бухороро мушаххасан баррасию таҳлил намуда, омӯхтани забони модарӣ, илмҳои техникию табиӣ ва физикаю кимиёро ба миён мегузорад. Нависанда дар асари худ аз ҳаёти илмӣ, кашфиётҳои халқи русу мардуми қитъаи Аврупо асноду далел ва мисолҳои ибратомӯзу боварибахш овардааст. Аҳмади Дониш менависад: «… дар Аврупо олимон қаъри уқёнусҳо, ситораю сайёраҳоро меомӯзанд ва ҳатто, фикри ба моҳ парвоз кардан дар байни олимон пайдо шудааст». А. Дониш, махсусан хонандагонро ба омӯхтани забони модарӣ ва русӣ бештар ҳидоят карда, дар якчанд ҷойи «Наводир — ул — вақоеъ» изҳори таассуф мекунанд, ки ба омӯхтани забони русӣ шароиту имконият надоштанд. Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо имрӯзҳо барои омӯхтани забони модарӣ ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Садҳо марказҳои омӯзиши забон вуҷуд дорад ва наврасону ҷавонон ҳамарӯза дар онҳо нозукиҳои забони тоҷикиро меомӯзанд.

 Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷаҳон забонҳое буданд, ки таҳти таъсири ин ё он забони пурқуввату пурнуфуз ва ё фарҳангу маданияти қавмҳои дигар несту махлут гардида, аз байн рафтанд, аммо забони тоҷикӣ пойдору ҷовидон монд. Оре, забони тоҷикӣ на танҳо пойдору побарҷой монд, балки рушду нумӯъ кард, инкишоф ёфт ва барои тараққию тавсеаи забонҳои дигари дунё низ бешак, сарчашмаи арзишманду нотакроре гардид.

Донистани забони модарӣ кафили боз­омӯзии забонҳои дигар мешавад. Яъне, хуб донистани забони модариамон ба мо имкон фароҳам меоварад, ки дар вобастагӣ ба он забонҳои дигар халқу миллатҳои дунёро низ биомӯзем ва ба олами беохири илм, маърифат, фарҳанг, маънавиёт ва ҳаёти ҳамарӯзаи он халқу миллатҳо ворид бигардем. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Забон бақои умри миллат аст. Донистани ҳам забони модарӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ ба пешрафти маънавии инсонҳо ва кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро фароҳам меоварад».

 Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат барои рушду равнақи забони миллӣ ва таҳкими мақоми забони давлатӣ дар тамоми корҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ пайваста чораҳои муфид андешида, барои рушду тавсеаи ин самти ниҳоят муҳими сиёсати миллии кишвар тамоми заминаҳои мусоиду заруриро фароҳам овардааст. Яъне, тӯли беш аз 32 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

 Имрӯз мо — тоҷикон мардуми сарбаландем ва қабл аз ҳама, ифтихор бояд аз он намоем, ки забони тоҷикӣ забони давлатии мост. Дар робита ба ин, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро чун забони коргузорӣ ва илму маърифат хуб бишиносем, нозукиҳояшро бештар биомӯзему пурра аз худ намоем. Дар баробари омӯзиши он барои омӯхтани забонҳои дигари хориҷӣ саъю талош намоем, зеро забондонӣ метавонад, инсонро аз вартаи ҷаҳолату нодонӣ берун сохта, ҷаҳони донишу маърифаташро васеътар сохта, ба олами зебою рангин ва нотакрори дигар раҳнамун бисозад.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»