Забон муаррифи ҳар миллат аст

№ 07.10.2024

Барои ҳар халқу миллат забон азизтарин сарват, воситаи эътирофу мавҷудият ва шиносномаи ӯ мебошад. Дар забон табиат, хислату руҳу равон ва дараҷаи маданияту маърифат ифода меёбад. Забон ифтихори миллӣ, нангу номус, қудрату тавоноӣ, воситаи асосии пойдорию бақо ва асоси мавҷудияти таърихи ҳар халқ мебошад.

Забони модарӣ бо тамоми нозукию зебоияш дар вуҷуди инсон ҳисси меҳру муҳаббат ва самимиятро бедор карда, ахлоқу пирӯзии ӯро то абад покиза нигоҳ медорад.

Дар ташаккули забони тоҷикӣ саҳми шоирону нависандагони адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Насриддини Тӯсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Соиб, Бедил ва садҳо дигарон бебаҳост. Даҳсолаи дуюми қарни ХХ давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфта, забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Ҳамин буд, ки солҳои бистуми қарни гузашта нахустин асарҳои асосгузори адабиёти шуравии тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ин услуб рӯйи чоп омаданд.

Мутаассифона, дар он давра гурӯҳҳое буданд, ки нисбати забони тоҷикӣ бо чашми буғзу ҳасад менигаристанд ва тавоноии забони тоҷикӣ дар он зоҳир гашт, ки ба чунин фишоровариҳои сахт тоб оварда тавонист. Хушбахтона, шоирону нависандагони адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ  ва даҳҳо дигарон мисли гузаштагони миллати хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд ва дар пайравии гузаштагони бузурги худ дар васфи забони модарии тоҷикӣ шеъру қиссаҳо эҷод намуданд. Шоири дӯстдоштаи мардуми тоҷик Муъмин Қаноат дар васфи забони модарӣ чунин мегуяд:

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

Барои ҳар як фард забони модарии ӯ ҳамчун шири сафеди модар азизу муқаддас мебошад. Ба ҳар як инсони ватандӯст забони модарӣ мисли имон муқаддас аст, аз ин рӯ онро набояд олуда созем.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ рӯйдоди бузургест дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Ин рӯйдод далели ҷиддитарин иқдомест дар роҳи мустақилият ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мардуми шарафманди кишвари азизамон ҳар сол 5 октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ҷашн мегиранд. Барои ҳар як миллат забони модарӣ муқаддас аст.

Дар солҳои ҳукмронии сиёсати зӯроварии абарқудратҳо маҳдуд намудани забони тоҷикӣ эҳсос мегардид ва аз ҷониби ворисону абармардонаш онро пос доштану ҳифз кардан хизмати бузурги таърихиест барои миллати тоҷик. Дар ин ҷабҳа хизмати беҳамтои устодони каломи бадеъ, махсусан поягузорони илму адаби тоҷик басо бузург аст. Аз рӯзи қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи нави инкишофу тараққиёти забони тоҷикӣ оғоз гардид. Ҳадафи асосии қонуни мазкур аз он иборат буд, ки забони тоҷикӣ бояд тавоноии аздастдодаи худро эҳё намояд. Аз он рӯзе, ки Тоҷикистони азизамон соҳиби Истиқлоли миллӣ гардид, татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забони давлатӣ дар ҳаёт аз ҳар як фарди солимфикре, ки нисбат ба забони модариаш эҳтиром дорад, вобастагии калон пайдо кард.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар байни давлатҳои дунё шинохта шуд, бо бисёр мамлакатҳои хурду бузург равобити дӯстона ва ҳамкории иқтисодиву иҷтимоии зич дорад. Мо, тоҷикон, бояд бо донистани забони модарии худ маҳдуд нашуда, омӯхтани забони дигар халқиятҳоро низ фаромӯш накунем, зеро донистани забони дигар халқу миллатҳо фазилати ҳар як инсон мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»