Имрӯз, забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дошта, ғамхорӣ ва ҳифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазли кишвар аст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва вусъати бештар пайдо кардани доираи нуфузи забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат менамояд.
Дар ин хусус суҳбате доштем бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
- Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ чӣ роҳеро тай намудааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, омили ваҳдатофарӣ чӣ тавр анҷом медиҳад?
- Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол забони давлатдорӣ, коргузорӣ ва шеъру адаб дар ҷаҳони Шарқ буд. Тӯли ин муддат, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд, вале ба хотири он ки ба он илмҳои дақиқ ва адабиёти ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, забони моро барои худ забони илму дафтардорӣ интихоб намуданд.
Забони адабии тоҷикӣ бо талош ва ҳақталабии мардум, махсусан, зиёиёни миллат ба сифати забони расмии давлатии мо пазируфта шуда, бидуни муболиға аз зумраи забонҳои олам аст, ки аз замони ҳастии худ то ба рӯзгори мо покизагӣ ва бегазандии худро аз нигоҳи захираи луғавӣ, сохт ва шевоии тарзи баён ҳифз карда омадааст.
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ баъд аз эъломи соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ ва шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро, пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд.
- Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузорию муошират эътироф гардид. Дар ин росто шумо чӣ андеша доред?
- Забон нишонаи асосии миллатҳо буда, дар арсаи таърих миллатҳоро аз нобудшавӣ нигоҳ медорад. Барои ҳамин давлату миллатҳо кӯшиш мекунанд, бо ин ё он роҳ забони худро аз махлутшавӣ бо дигар забонҳо нигоҳ дошта, ҳатто барои чунин амал ҷавобгарии гуногуни ҳуқуқӣ муқаррар намоянд.
Агар ҳазору сад сол муқаддам шоҳ Исмоили Сомонӣ дар устувор кардани пояҳои забони тоҷикӣ хидмати бузурге карда бошад, дар даврони соҳибистиқлолӣ ин рисолати таърихиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом доданд. Агар форсизабонон аз Ҷамшед ҳамчун муаррифгари Наврӯз ёд кунанд, мо Пешвои миллатамонро ҳамчун ҳомӣ, ғамхори миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносем
Ҳарчанд забони тоҷикӣ мақоми забони расмиро ҳанӯз дар замони шӯравӣ, яъне соли 1989 соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил шудани он ба даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Маҳз, бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон забони тоҷикӣ дар ду даҳсола марҳилаи наверо оғоз намуда, роҳи беш аз пеш баландтар ва пӯётар шуданро аз сар гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки рушд, такомул, пешрафт ва доираи фарогирии забон ҳамон вақт васеъ ва доманаи марзиаш афзун мегардад, ки ду нафар пайваста бо ин забон такаллум намоянд: яке модар, ки ҳарфи аввалро мо аз ӯ меомӯзем ва дигаре аҳли зиё. Дар акси ҳол мавқеъ ва нуфузи забон метавонад коста гардад ва рисолати худро ҳамчун забони муошират ва қавми бузург аз даст бидиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала таъкид кардаанд: «Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22- юми июли соли 1989 таҳти №152) таҷдиди назар карда шавад. Ба ҳамин хотир, 5-уми октябри соли 2009 таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Мутобиқи қисми 6 моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад, ки риояи ин банди мазкур, ташкили дарсҳои омӯзиши забони давлатӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» барои рафъи ғалатнигорӣ ва олудасозии забони шевои тоҷикӣ ва беҳбудгардонии забони муошират тавсияҳо мусоидат мекунад.
Бо мақсади татбиқи банди 44-и боби 3-юми «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баҳри амалисозии тадбирҳои назоратии сиёсати забони давлатӣ, ки «Мувофиқа намудани забони матни лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию коргузорӣ, истилоҳоти соҳавӣ, маводи воситаҳои ахбори омма, эълону реклама, маводи иттилоотӣ, тамғаҳои молӣ, тамғаҳои хизматрасонӣ, борпечҳо, борчаспҳо, нархномаҳо, номгузории марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин банд дастур шудааст, пешниҳод мекунем, ки ҳар як китоби дарсӣ ва дастурҳои методию луғатномаҳои соҳавӣ ва дигар маводу санади марбут ба таҳсилоти касбию миёна ва касбии олии низоми маориф ва илм таҳияшаванда бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шаванд. Дар сароғози ҳар як китоби дарсию дастури таълимӣ тавсияи кумита барои нашр ҷой дода шавад, ки он ҳам баъди пешниҳоди хулосаи кумита манзур мегардад.
- Кадом мушкилу монеаҳое ҳастанд, ки ки бартараф намудани онҳо боиси рушду густариши забони тоҷикӣ мегардад?
- Моро зарур аст, ки имрӯз бо истифода аз имкониятҳои дохилии забон барои бартарафсозии монеаҳо дар рушди забон омодагии қатъӣ бигирем ва бо кӯшишу ғайрати зиёд ба хотири рафъи ниёзмандиҳои забонӣ барои онҳо муодили тоҷикӣ пайдо намоем. Дар акси ҳол, истилоҳоти баёнгари ин мафҳумҳо бо таркиботу муштақоти фаровони худ ба забон ворид хоҳанд шуд ва забони моро ба тобеияти забонҳои дигар кашида, истиқлоли онро халалдор хоҳанд кард, гарчанде мо аз иқтибос гирифтани истилоҳот аз забонҳои дигар бим надорем. Забони мо дар тӯли таърих чун дигар забонҳои муқтадири олам дар натиҷаи бархӯрд ва тамосҳои забонию фарҳангӣ бо забонҳои дигар калимоту истилоҳоти зиёдеро аз ин забонҳо иқтибос гирифта, дороӣ афзудааст ва имрӯзу фардо низ анъанаи иқтибос гирифта, бойшавии таркиби луғавии забон аз ҳисоби истилоҳоти забонҳои дигар идома хоҳад ёфт. Бими мо, имрӯз аз он аст, ки ҳамроҳ бо истилоҳоти иқтибосӣ таркибу муштақоти онҳо ба забони мо ворид нагардад ва қолабҳои калимасозию истилоҳнигории забонҳои бегона дар забони модарии мо афзалият пайдо накунад.
- Бештари мафҳуму истилоҳоте, ки ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту ихтирооти навини ҷаҳони имрӯза мебошанд ва раванди ҷаҳонишавӣ пешрафти илму техника ва фановариву иртибот фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони давлатӣ низ метавонад таъсири манфӣ расонанд. Бо назардошти ин раванд оё зарур нест, ки дар кишвар милликунонии забони технологияҳои навин ҷорӣ карда шавад?
- Муҳим он аст, ки истилоҳ ифодагари яке аз нишонаҳои асосии мафҳум бошад ё ба таври мушаххас бори маънии мафҳумеро бар дӯши худ гирифта тавонад.
Аслан, аксари мафҳумҳои наве, ки ба забони модарии мо ворид мешаванд, бо навсозию дигаргуниҳои ҷаҳони муосир хос буда, офаридаи зеҳни мардуми мо нестанд ва дар забони модарии мо василаи дақиқу алоҳидаи ифодаи забонии худро надоранд.
Дар баъзе мавридҳо, аксари мутахассисон дар интихобу корбурди истилоҳоти соҳавӣ дар таҳлука ҳастанд, ки гӯё бо корбурди вожаю истилоҳоти навэҷоду шевои ҳар як забони неруманд истилоҳоти байналмилалӣ нест мешавад. Лекин набояд фаромӯш кард, ки дар сурати нотавонию оҷизии ҳар як забони миллӣ мутахассисон ва соҳибзабонон метавонад истилоҳоти байналмилалиро бипазиранд.
Тибқи банди 44-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҳар як вазорату идора ва ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ вазифадор аст, ки дар таҳия ва тартиб додани фарҳангномаҳои тахассусӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намояд, то роҳи истилоҳнигории соҳавӣ мавқеи дурусти худ ва рушди забонро дар соҳаи тахассусӣ дуруст муайян кунад. Ин дар густариши забони давлатии мо аҳамияти бузург дорад.
Дар замони пешрафти технологияи навини иттилоотӣ, ки ҷомеаи мо низ дар радифи он ҳамсафару ҳамқадам аст, рушди ҳар як забон бо ташаккулу такомули забони воситаҳои ахбори оммаи он ба ҳадафу мақсадҳои хеш мерасад. Воситаҳои ахбори оммаи ҳар як кишвар бо забони адабӣ тарғибгару ташвиқгари забони меъёр буда, рекламаҳои ороишии беруна дар шаҳру деҳот бо забони тоҷикӣ худ як барандаи асосии рушди забони миллист, ки забони давлатии мо низ дар асоси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ба роҳ монда шуда, ба муваффақиятҳои илмию фарҳангӣ ва маънавӣ хоҳад расид.
Вақте мо ба матни навиштаҷоти шиору овезаҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ки бо ҳуруфу забонҳои англисию арабӣ ва русӣ, ки хилофи риояи талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба чашм мерасанд, эрод мегирем, чунин эродгирии мо бамаврид аст, зеро мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки нахустистиқлоли мо — тоҷикон аз истиқлолияти забон оғоз ёфта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бамаврид таъкид намудаанд: «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва худогоҳу худшиносе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модари худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯйи он амал намояд». Воқеан, имрӯз забони давлатии мо ҳамарӯза дар рушду густариш аст, вале дар баробари ин амалҳои некфарҷом чунин камбудиҳо ҳанӯз ба назар мерасанд, ки онҳо бояд дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон дар кишвар бартараф карда шаванд. Мутаассифона, дар аксар мақомоту ташкилоту муассисаҳои кишвар ҳатто Низомнома ва нақшаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода нашудааст, ки санҷишҳои гурӯҳҳои кории Кумитаи забон ва истилоҳот бар ин далел буда метавонанд. Агар ҳар як вазорату идора мунтазам аз пайи татбиқи барномаи мазкур гардад, дар кӯтоҳтарин муҳлат метавон ба он муваффақ шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар баъзе ошхонаю тарабхонаҳои пойтахтамон китобчаи матни «Ғизонома»- ҳо ба талаботи забони адабии меъёр ҷавобгӯ набуда, ғалат таҳия гардидаанд. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, то дар ин самт назорату санҷишро мунтазам ба роҳ монад.
Ҳанӯз ҳам дар матни рекламаҳои кулли шабакаҳои телевизионӣ талаботи имлои пешин корбурд мешавад, ки ин мардумро ба роҳгумӣ мебарад. Ҳол он ки ҳар як матни рекламавӣ бояд бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа карда шавад, вале то имрӯз ягон матни рекламавӣ аз ягон шабака барои баррасӣ пешниҳод нашудааст. Ин ҳама камбудиҳое мебошанд, ки сари вақт ва мунтазам иҷро нагардидани банди 59-и нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»- ро вайрон мекунанд.
Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки дар қисме аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аксар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз ҳам дуруст риоя намегардад, ки ин аз мухолифати баъзе қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
- Вазъи омӯзиши забони тоҷикиро дар шабакаи интернет чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ба ҳамаи соҳибзабонони мамлакат ва берун аз Тоҷикистон иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади рушди забони тоҷикӣ дар замони муосир аз ҷониби мутахассисони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»- и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – «Барномаи танзими Mozilla Firefox» бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ гардид, ки он аз 9-уми майи соли равон дар шабакаи интернет фаъол мебошад.
Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад. Мутахассисони барномасози кумита беш аз ду сол дар таҳияи барнома заҳмат кашида, ниҳоят комёб шуданд.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи «Барномаи танзими Mozilla Firefox» муносиб ва осон буда, дар рушди забони тоҷикӣ як қадам ба пеш аст.
- Дар анҷоми суҳбат чӣ таманниёт доред?
- Ҳамаи соҳибзабононро ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар саҳмгузории ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон барои пешбурди сиёсати давлатии забон комёбиҳо хоста, эҳтиром ба забони давлатиро таманно дорам.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»