29 сентябри соли равон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар эҳёи миллат» суҳбати гирди миз доир гардид.
Зокир Аминзода қайд кард, ки забони миллӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Яъне, забони миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар пойдорӣ ва таҳкими давлат мақом ва нақши муҳим дорад.
- Аз ин ҷост, ки дар моддаи 2 — юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст, — гуфт З. Аминзода.
Тавре ӯ ёдовар шуд, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ ва кафолати ҳуқуқии амали озодонаи дигар забонҳоро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин намуд.
Сипас, судяи Суди Олии иқтисодӣ Раҳматулло Камолзода дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи забон», судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода Сайидо дар мавзӯи «Забон — рукни асоситарини давлатдорӣ» ва судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Носирхон дар мавзӯи «Мақоми забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуданд.
Дар суҳбат, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ташаккули забони қонунгузорӣ ва мушкилоти ҷойдошта, риояи қонуни забони давлатӣ дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»