«Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забони тоҷикӣ аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Он таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, дар давраи давлатдории аҳди Ҳахоманишинҳо, Кӯшониён, аз Ҳинду Хитой то Риму Юнон, аз пастхамиҳои Урал то Халиҷи Форс доман кашида, мардумро муттаҳид менамуд. Дар аҳди аввалин давлати тоҷикон — Сомониён мақом ва рушду равнақ ёфт, вале то ба сари ҳокимият омадани ин давлат бо номҳои гуногун шинохта шуд ва то истилоҳи арабҳо ҳамчун забони оромию авестоӣ, суғдиву паҳлавӣ, баъд форси қадим, форси миёна ва ҳоказо муаррифӣ гардид. Бахусус, дар аҳди Сомониён ба минбару воситаи асосӣ, ба дараҷаи ниҳоят баланд рушд ёфт ва ба сифати забони коргузорӣ мавқеъ пайдо карда, зиёда аз ҳазор сол ба мардум хизмат кард.
Бо ин забони беолоишу шоирона фарзандони ҷоннисори миллат саъю кӯшиш намуда, асарҳои оламшумул навиштанд, ки номи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Нобиғаҳои миллат — Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров дар инкишоф ва посдории забон саҳм гузошта, ворисон ва наслҳои минбаъда идомадиҳандаи кори онҳо хоҳанд буд.
Бояд таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Зеро аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти корӣ нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷ гузоштанд, ки ҳоло мақоми хос пайдо кардааст.
Мутобиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, монеаву маҳдудияти сунъӣ, ки то истиқлолият мавҷуд буданд, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) бартараф гардида, вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи Забони давлатӣ танзими пурра ёфта, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.
Қобили зикр аст, ки маҳз бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукотиба байни рукнҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, забони давлатии он аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар мебошад.
Аз рӯи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргузории судҳои иқтисодӣ ба забони давлатӣ-забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба шахсони дар парванда иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқи ба воситаи тарҷумон ба парванда пурра шинос шудан, иштирок дар амалҳои судӣ ва ҳуқуқи дар суд бо забони модарӣ баромад намудан таъмин карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки далелҳои хаттию дигар аснодро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судӣ бо шаҳодати дуруст будан бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъмин намоянд (моддаи 12-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Аз рӯи қонун ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, шароит фароҳам оварда мешавад, ки онҳо бо тарҷумон таъмин карда шаванд.
Забон пояи давлат аст, барои мардуми соҳибтамаддун ва фарҳангдӯст арзиши олӣ дорад. Ин аст, ки ҳоло дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он нуфузу манзалати онро нигоҳ медоранд. Алҳол, ба забони ширини тоҷикӣ тахминан беш аз 160 миллион нафар тоҷикону форсҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Покистон ва дигар мамолики дунё сухан мегӯянд.
Барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур аст, ки баҳри боз ҳам рушду равнақи забони давлатӣ кӯшиш намояд ва бобати аз байн нарафтани фарҳанги ниёкон ҳамеша дар ҷаҳду талош бошад ва дар пос доштани он ҳамеша саҳми арзишманд гузорад.
Асрорзода Зуҳуриддин, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум