Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад

№112 (3749) 21.09.2017

20170826_145543Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,

Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.

Ин байт ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад, ки умри ҷовидонаи Сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бозгӯйӣ менамояд. Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 858-и мелодӣ дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадаву соли 941 дар зодгоҳаш аз олам гузаштааст. 83 сол умри пурбаракат аз сар гузаронидааст ва бо эҷодиёти нотакрору оламшумулаш, ки тазкиранависон теъдодашро аз сад ҳазор байт зиёд арзёбӣ кардаанд, зиёда аз ҳазор сол боз номашро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Новобаста аз он ки аз эҷодиёти Рӯдакӣ ҳамагӣ ҳазор байт то замони мо расидааст, дар дилхоҳ мавзӯъ аз эҷодиёти ин абармарди фарҳангу адабиёт пораеро пайдо менамоем, ки ба дардамон мехӯрад. Рӯдакӣ ифтихори тоҷикон ва форсизабонони дунё аст. Аз ин рӯ, дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои маданиву маърифатӣ, гулбоғу кӯчаҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо ба номаш гузошта шудаанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ду муҷассама гузошта шудааст ва боғ, хиёбони марказӣ, Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо номи шоирро доранд, ки шаҳодати қадру манзалат ва эътибори баланди ӯст. Яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ номи устод Рӯдакиро дорад. Ғайр аз ин, ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи адабиёт,санъат, меъморӣ ва журналистика номи устод Рӯдакиро гирифтааст, ки мушарраф шудан бар он на ба ҳар эҷодкор муяссар мегардад. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ номи ин саромади шоиронро гирифтааст. ҳамчунин, дар пули миллии мо (- 500 сомонӣ) акси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷассум ёфтааст.

Имрӯз мо, ворисони устод Рӯдакӣ, бо чунин абармарди таъриху адабиётамон ифтихор дорем. Аз ин ҷост, ки ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки ба водии Зарафшон сафар кунад, аввалтар аз ҳама нияти зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакиро менамояд.

Мо, як гурӯҳ ҳамкорон — котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум» Ориф Ёдгорӣ, муҳаррирони шуъбаҳои рӯзнома Тиллои Некқадам, Бурҳониддин Каримзода, Сайфиддин Суннатӣ, муовини котиби масъул Аброрҷон Ҷабборов ва муаллифи ин сатрҳо зимни сафар ба шаҳри Панҷакент мақбараи устод Рӯдакиро зиёрат намудем. Мақбара бахшида ба 1150-солагии устод Рӯдакӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тармиму азнавсозӣ шудааст.

Мақбараи устод бори аввал соли 1958, пас аз муайян шудани оромгоҳи шоир, бахшида ба ҷашни 1100 — солагии Рӯдакӣ бунёд шуда будааст. Баъдан, соли 1999, бахшида ба ҷашни 1100 — солагии Давлати Сомониён дубора таъмир гардидааст. Бори охир дар арафаи ҷашни 1150 — солагии шоир пурра бозсозӣ шуд. Ҳамчунин, ҳамон сол бо қарори Ҳукумати кишвар Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихиву фарҳангии Панҷрӯд» таъсис ёфт. Дар шафати оромгоҳ гулгашти зебо, осорхона ва китобхона мавҷуд аст.

Директори муассисаи мазкур Шодимурод Ҷумъаев зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки дар осорхона 232 нигораву дастхат ва дар китобхона 2093 нусха китоб нигоҳдорӣ мешавад. Барои сайёҳон ва зиёраткунандагон меҳмонхона, чойхона ва боғу гулгашти зебо бунёд шудааст.

Барои мо, ки бори нахуст ин ҷойи муқаддасро зиёрат кардем, донистан ҷолиб буд, ки оё ворисони Рӯдакии бузург барои зиёрати марқади ӯ таваҷҷуҳ доранд ё не? Хушбахтона, аз суҳбат бо мутасаддиён маълум шуд, ки пас аз таҷдиду таъмири роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент сол то сол шумораи сайёҳон ва зиёраткунандагон афзуда истодааст. Масалан, агар соли 2014 ҳамагӣ 2600 нафар барои зиёрат омада бошанд, пас дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3476 нафар тоҷикистонӣ ва 296 нафар хориҷӣ аз оромгоҳ дидан кардаанд. Саволе пайдо мешавад, ки агар мо бо адабиёти зиёда аз ҳазорсолаамон, ки дар саргаҳи он Рӯдакӣ меистад, ифтихор дошта бошему лекин дар ин муддат боре ба Панҷрӯд — зодгоҳ ва оромгоҳи «султони шоирон» сафар накарда бошем, пас куҷост ифтихори миллии мо?

Ҳабдаҳ сол аст, ки бисту дуюми сентябрро ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз конфронс ва чорабиниҳои илмиву амалӣ баргузор гардида, бобати ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маҳфил меороянд. Новобаста аз он ки эҷодиёти устод Рӯдакӣ 1000 сол боз таҳқиқ мешавад, ҳанӯз ҳам алоқамандони пажӯҳиши ҳаёту фаъолияти номбурда зиёданд. Ба гуфти шоири шинохта Гулрухсор:

Бӯйи Ҷӯи Мӯлиёну накҳаташ,

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо ҳама аз хоки он рӯидаем.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»