Забони тоҷикӣ

№122 (4705) 06.10.2023

Чурабек МуъминШаҳд бошад ҳам шакар моро забони тоҷикӣ,

Мазза дорад ҳар сухан чун мағзи нони тоҷикӣ.

Рӯдакиро тоҷикӣ маҳбуби дилҳо кардааст,

Мо ба лаҳни ӯ бихонем достони тоҷикӣ.

Бо каломи тоҷикӣ булбул ғазалхонӣ кунад,

Савту сози булбулон дар устухони тоҷикӣ.

Ҳар қадар, ки тоҷикӣ оламфарозӣ мекунад,

Он қадар боло барояд шаъну шони тоҷикӣ.

Тоҷикон сӯи касе тиру камон накшодаанд,

Лафзи буррои забон тиру камони тоҷикӣ.

Дар ҳавои хушнавои даври истиқлолият,

Месароем тоҷикӣ бо ормони тоҷикӣ.

Ҳар касе, ки ифтихор аз Тоҷикистон мекунад,

Ҷой гирад ҷовидон дар ҷой ҷони тоҷикӣ.

Бо забони тоҷикӣ машҳури олам гаштаем,

Пар фишонад парчамаш дар осмони тоҷикӣ.

Ҷӯрабек МУЪМИН