Бо зиёд шудани шумораи марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои маишиву хизматрасонӣ ҷиҳати ҷалби муштариён аз лавҳа ва овезаҳо бо забони тоҷикӣ васеъ истифода мешавад, ки бо ҳар гуна рангу шакл навиштаву оро ёфтаанд. Агар дақиқ мушоҳида кунем, дар мазмуни аксари онҳо нуқсонҳоеро пайдо мекунем, ки аз беаҳамиятӣ ё сатҳи пасти забондонии «нависанда» — гонашон дарак медиҳанд.
Масалан, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе навиштаҳоеро ба монанди «Мантухона» ва «Қурутобхона» зиёд вомехӯрем. Агар ба онҳо дароед ва ба номгӯйи таом шинос шавед, мебинед, ки фатиршӯрбо, оши палав, манту ва дигар навъи хӯрокро низ дар бар гирифтаанд. Пас ба чӣ маънӣ онҳоро «мантухона» ва «қурутобхона» номгузорӣ кардаанд?
Баъзеҳо мегӯянд, ки қурутоб хӯроки маъмулии мардум аст ва бояд қурутобхона вуҷуд дошта бошад. Муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Абӯбакр Зубайдов бар ин назар аст, ки бигзор «Қурутобхона» бошад, вале дар он бояд фақат навъҳои гуногуни қурутоб ба мардум пешниҳод шавад.
-Ин ки дар «Қурутобхона» ба ғайр аз қурутоб, оши палав ё ягон намуд хӯроки дигарро низ пешниҳод мекунанд, масали «тут гуфтану бед фаҳмидан»-ро ба хотир меорад. Қурутоб хӯроки мушаххас аст ва ба ҷойи «ошхона» «қурутобхона»-ро истифода бурдан мантиқан ғалат аст, — иброз медорад А. Зубайдов.
Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» мафҳумҳои зикршуда чунин шарҳ ёфтаанд:
«Қурутоб»: «навъи хӯроке, ки он асосан аз қурути дар оби ҷӯш ҳалкарда ва фатири равғанӣ тайёр мекунанд».
«Ош»: 1. Хӯроки пухта, таом, хӯроки гарм. 2. Палав».
«Ошхона»: 1. Ҷое, ки хӯрок мепазанд. 2. Ҷое, ки таомҳои гуногун пухта мефурӯшанд».
Модом ки чунин аст, агар вожаи «ошхона»-ро, ки сирф тоҷикӣ ва ҳам мазмунан фарогири матлаб аст, ба ҷойи мафҳумҳои боло истифода барем, беҳтар нест? Ин вожаи тоҷикиро дар дигар кишварҳои ҳамсоя, масалан, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ истифода мебаранд.
Ҳамин гуна навиштаҳо, овезаҳои бемантиқ ва хато дар дигар лавҳаву овезаҳои тарғиботӣ низ зиёд мушоҳида мешавад, ки аз риоя нагаштани меъёрҳои забони давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар онҳо ҳатто одитарин қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатӣ риоя намегарданд. Масалан, «тире» ва «вергул» дар ҷойи даркорӣ намеояд ва ё умуман, истифода намешавад. Дар натиҷа, навиштаҳо ва овезаҳо мазмуни ғалат пайдо мекунанд.
Дар баробари ин, қисме аз калимаву истилоҳот аз забонҳои дигар тарҷума шудаанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои забони мо нестанд. Онҳоро бояд дар мувофиқа бо мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва истифода кард. Магар, «таъмири пойафзол», ки дар пушти дари нуқтаҳои пойафзолдӯзӣ навишта шудаанд, хато нест? Ин ибора аз забони русӣ — «Ремонт обувы» тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудааст. Дар ҳоле, ки пойафзолро медӯзанд, на таъмир мекунанд.
Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи «таъмир» чунин шарҳ дода шудааст: «1. Обод (иморат) кардан. 2. Ислоҳ кардани шикасту рехти бино».
Мушкили дигар беаҳамиятӣ дар навиштани номи кӯчаву хиёбонҳост. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номи кӯча ба чунин тарз навишта шудааст: «Кӯчаи Низоми Ганҷавӣ» (назди тарабхонаи «Яккачинор»). Агар манзур шоири бузург Низомии Ганҷавӣ бошад, пас ғалати роҳёфта дар ин навишта мисли офтоб равшан аст.
Ин гуна ғалатҳо кам нестанд ва масъулон бояд ҳар чӣ зудтар пайи ислоҳи онҳо бикӯшанд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»