Луғатнигорӣ амали пурзаҳмат аст, ковишу такопӯи зиёд, дониш ва пухтакориро тақозо мекунад. Амон Нуров аз замони донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будан маҳз ҳамин соҳаи илмро интихоб намуд.
- Соли 1955 дар донишгоҳ баробари дигар фанҳо равоншод Ҳилол Каримов аз матни классикӣ машғулият мегузаронд. Китоби хонишамон «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ буд ва устоди сахтгиру меҳрубон ҳар як вожаи номафҳумро бароямон шарҳ дода, мавқеи истеъмол, хусусиятҳои лексикиву адабии онро баён менамуд. Ҳамин усули шарҳу тавзеҳи мӯшикофонаи устод Ҳ. Каримов аввалин бор дар дили ман шуълаи майлу рағбатро нисбат ба ганҷинаи пурбори луғати тоҷикӣ бедор кард, — мегӯяд Амон Нуров.
Ӯ соли 1959 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, фаъолияти кориро ба ҳайси ходими хурди илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуд. Аз замони таъсиси Сарредаксияи илмии ЭМТ (соли 1969) то солҳои наздик ба ҳайси муҳаррири калони шуъбаи назорати илмӣ-адабӣ фаъолият дошт.
Бо кӯшиши Амон Нуров дар илми луғатнигории тоҷик аввалин маротиба фарҳанги муаллифие, ки дар заминаи эҷодиёти як адиб мураттаб гаштааст, арзи вуҷуд намуд. Он «Фарҳанги осори Ҷомӣ» мебошад, ки дар ду ҷилд (Душанбе, 1983, 1984) ба нашр расидааст ва мувофиқи принсипҳои навини луғатнигорӣ таълиф шуда, беш аз 15 ҳазор калимаро бо маънову тобишҳои гуногуни маъноӣ шарҳу тавзеҳ медиҳад. Сабаби маҳз ба осори адиби мазкур муроҷиат намудани луғатнигор дар он аст, ки Мавлоно Ҷомӣ адибест, ки муваффақиятҳои адабиёти классикии то асри ХV-и форсу тоҷикро ҷамъбаст ва роҳи минбаъдаи адабиётро муайян кард.
Вежагии ин асари Амон Нуров дар он аст, ки аз ҷиҳати сохт, услуби тафсири маъно ва баёни тобишҳои маъноии калимаву ибора, тарзи истифодаи мисолҳои аёнӣ ва ғайра аз луғатҳои амсоли худ тафовути ҷиддӣ дорад. Ин фарҳанг захираи бойи луғавии осори шоир, тафсири амиқи калимаву ибораҳо, барои таъини маъно истифода шудани мисолҳо ва хусусиятҳои дигари асар, аз ҷумла ҷиҳатҳои услубӣ ва грамматикии онро инъикос кардааст.
Дар қарни XX осори устод Рӯдакӣ борҳо манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардид, вале луғатшиноси закӣ Амон Нуров мушоҳида кард, ки дар онҳо ғалатҳо ба ҷойи кам шудан афзудаанд. Аз ин хотир, ба тартиб додани «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» камар баст ва он соли 1990 тавассути нашриёти «Маориф» ба хонандагон пешниҳод гардид.
Ба ин фарҳанги тартибдодаи Амон Нуров тақризҳои манфие дар матбуот нашр шуданд, ки суханбозиҳои беасосу бемаънӣ ва пур аз бухлу адоват маҳаки онҳост. Ба яке аз ин тақризҳо чаҳор тан аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавоб навишта, ба қавле, ҳақро аз ботил ҷудо намуданд. Ба тақризи дувум, ки дар яке аз маҷаллаҳои адабии маъруф ба нашр расида буд, Амон Нуров ҷавоб навишта, тибқи маъмул ва одоби муаллифӣ ба идораи нашрия супурд, вале ба нашраш иҷозат нашуд. Чун аз луғатшинос А. Нуров сабаб пурсидам, дар ҷавоб гуфт:
- Тақризнавис аҳамияти «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ»-ро зери суол бурданӣ аст. Aз ин боис, маҷбур шудам пургӯйӣ кунам ва вокуниш 25 саҳифаи дастнависро ташкил дод. Дар идораи маҷалла аз ман талаб намуданд, ки аз се ду ҳиссаи онро кӯтоҳ кунам, вале ин кор бо дарназардошти хӯрдагириҳои беасоси муҳаққиқи носанҷидагӯ имкон надошт.
Дар доираи аҳли илму маърифати тоҷик «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин, ки соли 1827 мураттаб гардидааст, боэътимодтарин луғат буда, 17537 калимаи соҳаҳои гуногуни илму тамаддунро шарҳу эзоҳ медиҳад. Ба таъкиди устод Садриддин Айнӣ, дар мадрасаҳои Бухоро тақрибан 20 ҳазор талаба мехонд ва ҳар муллобача як нусха «Ғиёс-ул-луғот» дошт. Ин қомуси муътабар дар таҳия, пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳоти Амон Нуров дар се ҷилд тайи солҳои 1987-1989 ба нашр расид ва аз ҷониби аҳли илму адаб пазируфта шуд.
Хонандагон фарҳанги тафсирии ибораҳои рехтаи фразеологӣ — «Чароғи ҳидоят» (1992) ва се ҷилди «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон (1993, 2004, 2014)-ро низ бо хушнудӣ пазируфтанд, ки ба килки Амон Нуров марбутанд. Қобили тазаккур аст, ки «Бурҳони қотеъ» дар таърихи луғатнигории форсу тоҷик яке аз мукаммалтарин, маъруфу машҳуртарин ва мақбултарин фарҳангҳо буда, беш аз 20 ҳазор моддаи луғавиро дар 29 гуфтори алоҳида шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Соли 2003 бо кӯшиши қаҳрамони матлаб нахустин фарҳанги тафсирии арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ «Мунтахаб-ул-луғот»-и Абдуррашиди Таттавӣ бо ҳуруфи имрӯзаи тоҷикӣ ба нашр расид. Ин асар соли 1637 дар Ҳиндустон таълиф шуда, аз муқаддима ва 28 боб иборат мебошад. Дар он калимаҳо аз рӯйи ҳарфи аввал – бузургбахш (боб) ва ҳарфи охир – кучакбахш (фасл) ба тартиб гузошта шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки «Мунтахаб-ул-луғот» ягона фарҳанги нисбатан ҷомеи арабӣ-форсӣ (тоҷикӣ) буда, барои донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аҳли илму фазл ва муштоқони фарҳанг судманд мебошад.
Амон Нуров бо хоксорӣ мегӯяд, ки беҳтарин лаҳзаҳои умраш ҳамонеанд, ки ба ковишу ҷустуҷӯйҳои тӯлонӣ барои дарёфти маънии вожа ва ё ибораву таркиби номафҳуме сарф мегарданд. Шодмониаш дар заҳмат бурдан баҳри кушодани асрори маъниҳост. Дастовардҳояш натиҷаи маслиҳатҳои беғаразонаи устодон Ҳилол Каримов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Владимир Капранов, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдураҳмон Бухоризода, Қутбиддин Муҳиддинов, Вадуд Маҳмудӣ, Иброҳим Ализода, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон аст.
Орзуи деринаи Амон Нуров таълифи «Нур-ул-луғот» ё худ «Фарҳанги ҷомеи забони тоҷикӣ» мебошад, ки ҷилди аввали он (ҳарфи А) бо дарбаргирии шашсад саҳифаи дастнавис ба чоп омода мебошад.
Таманнои дӯстон ва шогирдон ин аст, ки ҳар чӣ зудтар орзуи устод ҷомаи амал пӯшад.
Шодӣ Шокирзода, номзади илмҳои филологӣ