Занҳои мо чу мардон диловар бошанд

№26 (3663) 07.03.2017

Занхои моРӯи мизи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» Камол Бекзода сурати зиёд мехобиданд. Диққати маро расми зардшудаи зане ба худ ҷалб кард.

- Раҳматии муаллимаро шинохтӣ? — пурсид Камол ва суратро ба ман дароз кард.

Ба чеҳраи нуронии зан нигаристаму бо оҳанги тасдиқ сар ҷунбондам.

- Онҳо дар шароите кор карданд, ки баъзе мардҳо ҷуръат надоштанд аз хона берун раванд, — суханашро идома дод Камол.

- Ҳар гоҳ ки бо корномаи занони ҷасури кишвар шинос шавам, байти устод Лоҳутӣ ба ёдам меояд:

Занҳои мо чу мардон диловар бошанд,

Шер шер аст, агар мода вагар нар бошанд.

Раҳматӣ то охири умр тарбиятгари ҷавонон буд. Умри бобаракат дид, соли 2004 дар синни 83 вафот кард. Аз тамоми гӯшаву канори кишвар одамон ба ҷанозааш омаданд…

Дигар ҳарфҳои ҳампешаам ба гӯшам намедароянд. Ман мемонаму дунёи хотираҳо. Ва аз дуриҳо мешунавам овози пурдарди ин зани дунёдидаро:

«Чилрӯза будам, ки падарам моро тарк гуфт. Ба деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кӯчид. Ҳамон ҷо оиладор шуд ва дигар ёде аз мо накард. Чеҳраи ӯро ба хотир надорам. Модарам бо чӣ азобҳо апаам ва ману бародарамро калон кард. Замона нотинҷ буд. Зани муштипар барои сер кардани мо азоб мекашид. Ба хотири таъмини рӯзгори мо мушкилтарин корро ба зимма мегирифт. Даҳ-дувоздаҳсола будам, ки падарамро ба ҳабс гирифтанд…».

Бори аввал муаллимаро дар маҷлисгоҳи шуъбаи маориф дидаам. Мактаби олиро хатм карда, бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Ғарм баргашта будам. Дар бораи ин зани ҷонфидову ҷасур бисёр шунида будам. Ҳамроҳи муаллимони ҷавон даври ӯ ҳалқа задем ва ӯ аз хотираҳояш мегуфт. Мо ҷавонони даврони дигар будем. Давроне, ки ғаму дард надошт ва фоҷиаҳои солҳои пешин ба назарамон ҳамранги афсонаҳои кампири Асила буданд…

Тошбибӣ Амонова  соли 1921 дар шаҳраки Ғарм ба дунё омада буд. Баъди барқарор  шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар қатори дигар тифлон дар мактаби нав таҳсил кард. Барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ҳуҷҷат супурд.

«Агарчӣ аз меҳрубониҳои падар маҳрум будем, баъди ба ҳабс гирифтанаш ғамшарик шудем. Моро осуда намегузоштанд. Оилаи душмани халқ ном гирифтем. Модарам ҳоли зор дошт. Зеро аз ӯ расман ҷудо нашуда, зани дигар гирифт. Шаби дароз мижа таҳ накарда мегирист. Мо аҳволи модарро медидему ҷуз сукут илоҷе надоштем. Аз дастамон коре намеомад. Ман орзу мекардам, ки ба мактабҳои калону номдор дохил мешаваму хонда, соҳибкасб мегардаму модарамро дастгирӣ мекунам. Оилаамонро тинҷу осуда месозам».

Соли 1938 ӯро раиси колхоз ба идорааш даъват кард. Баъди пурсупоси маъмулӣ раис сари мақсад омад.

- Тошбибӣ, ту духтари соҳибмаълумот ҳастӣ. — Колхоз ба ҳисобчӣ ниёз дорад. Чӣ мешавад, ки дар як вақт таҳсилатро идома диҳиву дар колхоз ба ҳайси ҳисобчӣ кор кунӣ. Музди меҳнат мегирӣ. Ба оилаатон ёрӣ мешавад, духтарам.

Тошбибӣ не нагуфт, аммо иҷозат пурсид, ки бо директори омӯзишгоҳ маслиҳат кунад. Ба вай иҷозат доданд, ки фориғ аз дарс ба кори колхоз машғул шавад.

Аз нав мешунавам овози пурдарди муаллимаро:

«Баъдтар шунидем, ки падарамро қатори чанд нафари дигар ҷазо – ҳукми паррон додаанд. Тааҷҷуб мекардам. Як деҳқони миёнҳолро душмани халқу давлат эълон карда, парронданд. Аммо ман пайи хондану хизмат ба Ватан машғул будам. Ҳама фоҷиаи хонавода гӯё бароям дахле надошт.  Дар синаам дил набуд, як пора санги хора буд. Сахтиҳои зиндагӣ маро ба ҳамин рӯз оварда расонд. Беадолатию ҳақношиносӣ. Фақат дар паноҳи пардаи зулмот модари меҳрубонамро ба оғӯш мекашидаму то холӣ шудани дилам мегиристам».

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ мушкилот зиёд буд.

Ҳамон солҳо дар вилоят радиои маҳаллӣ таъсис доданд. Тошбибӣ суханвару боистеъдод буд. Овози ширину форамаш  диққати ҳар шунавандаро ба худ ҷалб мекард. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди Кумитаи комсомоли вилоят вазифаи диктори радиои маҳаллиро ба уҳдаи вай гузоштанд. Муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Болшевики Ғарм» аз Тошбибӣ хоҳиш кард, ки дар рӯзнома ҳам  кор кунад, зеро қалами хуб дошт. Фаъолиятро ба ҳайси саҳифабанд оғоз кард ва то вазифаи мудири шуъбаи оммавӣ расид. Бо ташаббуси Кумитаи комсомоли вилоят он солҳо бригадаҳои зарбдор ташкил шуданд. Аъзои онҳо аксар духтарон буданду ба деҳқонон дар ҷамъоварии ғалла ва дигар корҳои саҳроӣ мадад мекарданд. Тошбибӣ сарвари яке аз ин бригадаҳо буд. Бригадаи онҳо дар ҷамъбасти сол ҷои аввалро гирифт.

Кордонии  Тошбибиро ба инобат гирифта, соли 1949 роҳбарияти вилояти Ғарм роҳбарии Кумитаи комсомоли ноҳияи Нулвандро ба вай бовар кард.

Дар ин минтақаи аз марказ дур се сол кор кардани зани ҷавон ва бедор намудани шуурнокии духтарони маҳал кори саҳл набуд. Аммо комсомолдухтари ҷавон Тошбибӣ Амонова аз уҳдаи вазифаи ба зиммагирифтааш бо сарбаландӣ баромад.

«Дар ноҳияи Нулванд на хешу табор доштаму на ёру ошно. Танҳо меҳнати ҳалолу заҳмати шабонарӯзӣ сабаб шуд, ки баъди ду-се моҳ кор карданам, ба эҳтироми сокинони ноҳия сазовор шавам. Мардуми ноҳия одамони хубу меҳрубоне буданд.  Бо ман мисли хеши наздик муносибат мекарданд. Бо дастгирии онҳо духтарони зиёдеро барои таҳсил ба мактаб­ҳои олӣ ҳидоят кардам. Ҷавон будам ва таҷрибаи кор ва зиндагӣ надоштам, аммо калонсолон барои маслиҳату машварат наздам меомаданд».

Соли 1951 ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Сталинобод рафт. Таҳсил дар ин мактаби бузург ҷаҳонбиниашро васеъ гардонду маънавиёташро комил. Баъди хатм ба зодгоҳ баргашт. Солҳои 1955-1960 дар вазифаҳои мудири шуъбаи вилоятии агитатсия ва пропагандаи ҳизби коммунист ва муовини раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ғарм адои вазифа намуд. Ҳамин давра бо тавсияи идораҳои болоии ҳизб таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Мактаби олии ҳизбии  шаҳри Москва идома дод.

Минбаъд, солҳои 1960 — 1975 дар вазифаҳои раиси Комиҷроияи ноҳия, директори омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегини советӣ» (ҳоло «Оинаи Рашт»), раиси шаҳраки Ғарм корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Соли 1975 Тошбибӣ Амонова ба нафақа баромад.

Барои хизматҳои содиқона бо ордену медалҳо, Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Ҳаёти занҳои ҷасуру фидокор ба монанди Тошбибӣ Амонова, ки дар душвортарин солҳо ба ҷавонписарону духтарони кӯҳистон роҳнамои зиндагӣ буданд, намунаи ибрат буду ҳаст.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»