«Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад», — қайд намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан ҳам, зан дар ҷомеа нақши басо бузург дошта, тарбиятгари башарият мебошад. Зан пояи мустаҳкамии ҳар як оила ва давлат аст. Имрӯз зани тоҷик ба ҳайси вазир, сарвари идораву муассиса ва созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамояд. Соҳае нест, ки дар он бонувон кор накунанд. Аз ин рӯ, занон шукри Худо ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро менамоянд, ки ба зиндагии осуда ва шоиста расида, дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардаанд.
Дар тарбияи фарзандон ҳам падар ва ҳам модар бояд саҳм бигиранд. Аммо агар зан босаводу хушахлок бошад, ояндаи фарзандон равшантар хоҳад буд. Мутафаккире гуфтааст: «Вақте ки мардро тарбия мекунем, фардро тарбия мекунем, аммо вакте ки занро тарбия мекунем, миллатро тарбия мекунем». Модари босавод фарзанди босавод тарбия мекунад.
Имрӯз яке аз мушкилие, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Сабабҳои он асосан огоҳ набудан аз фарҳанги оиладорӣ, маълумот ва малакаи зарурӣ надоштан дар бораи пешбурди ҳаёти мустақилона, надоштани одоби муошират, дахолати ноҷои аҳли хонавода ба зиндагии ҷавонон, бефарзандӣ, зӯроварӣ, ҳар гуна беморӣ ва ғайра мебошанд. Солҳои пеш, агар миёни навхонадорон нофаҳмие ба миён меомад, аз ҳар ду ҷониб — ҳам падару модари арӯс ва ҳам домод бо насиҳату маслиҳат ҷавононро ба муросо ва созиш ҳидоят мекарданд. Имрӯзҳо, мутаассифона, дар ҷомеа нисбат ба ин масъала каме бепарвоӣ ва бетарафӣ ба назар мерасад.
Масъалаи дигар ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ ҷалб шудани баъзе аз ҷавонон, аз ҷумла занон мебошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеаи башарӣ гардидааст. Сабаби ин ҳолат низ шояд номуросоӣ ва ноустуворӣ дар оила аст. Агар зан ва мард ба ҳам муносибати хуб ва меҳру муҳаббат дошта, фарзандонро низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва меҳру муҳаббат ба воя расонанд, касе аз роҳи нишондодаи онҳо берун қадам намегузорад. Гузашта аз ин, боз бузургии мақоми зан зуҳур мегардад, ки рамзи муҳаббату накукорист. Аллома Абӯалӣ ибни Сино беҳуда нагуфтааст: «Зани шоиста ва наку шарики мард аст, дар мулкаш қоими ӯст, дар молаш ҷойнишини вай аст, дар хонааш амини вай аст».
Олимони гузаштаи миллат ба занон беҳтарин сифатҳои зайлро нисбат додаанд: боимон, бошарм, дӯстдору бомуҳаббат, ботамкин, бовиқор, сабур, итоаткор, покдил, зираку бофатонат.
Воқеан, аксар бонувони тоҷик сифатҳои болоро доро буда, дар баробари мардон барои шукуфоии ҷомеа заҳмат мекашанд.
Манучеҳр САИДЗОДА,
донишҷӯи курси 3- юми факултети молия ва
иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон