«Зангирӣ ва ё дамгирӣ»

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Teatralnaya-studiyaСафари ҳунарии Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар ноҳияҳои водии Рашт оғоз ёфт.

Давоми ҳашт рӯз ҳунарпешагони театр ният доранд, ки дар шаҳраки Ғарм, ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Ҷиргатол ва Тавилдара ба тамошобинон намоишномаи «Зангирӣ ва ё дамгирӣ»-ро пешкаш намоянд. Ин намоишномаро аз рӯи асари Султон Сафаров коргардони театри мазкур Қурбонмуҳаммади Шукур таҳия кардааст.

-Ин аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли оила амалӣ мегардонем. Пештар намоишномаи мазкурро дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун пешкаши тамошобинон гардонидем. Чунин сафарҳои ҳунарӣ имкон медиҳанд, ки бо ҳамкасбони хеш аз дигар шаҳру навоҳии кишвар  ва тамошобинон дидору мулоқот намоем ва ҳамзамон дар истироҳату фароғати онҳо саҳмгузор бошем. Ҳамзамон тавассути ин сафарҳои ҳунарӣ ҳамкорӣ ва дӯстиамон боз ҳам таҳким меёбад,- гуфт ба хабарнигорамон директори Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа Аловиддин Абдуллоев.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»