Чеҳраҳои шинос

«Зани бадкирдор»

№34 (3180) 08.04.2014

8432_03

Дар санъати кинои Ҳиндустон, умуман филмҳои ҳунарии ин кишвар, ҳунармандоне ҳастанд, ки танҳо бо як нақши дуюмдараҷа ё лаҳзавӣ дар хотири тамошобин  дер боз мемонанд. Агарчӣ он нақш манфӣ аст ё мусбӣ.

Масалан, нақши Ҷага аз филми ҳунарии «Оворагард» (режиссёр Раҷ Капур, соли 1951), силсиланақшҳои Амриш Пури- Махараҷа аз филмҳои ҳунарии «Бирақс, бирақс» (режиссёр Баббар Субхаш, соли 1987), «Чун се мушкетёр» ( режиссёр Прамод Чакраворти, соли 1984), «Шоҳзодаи сиёҳ Аҷуба» (режиссёрҳо Геннадий Василев ва Шаши Капур, соли 1989), Чопра аз филми ҳунарии «Бобби» (режиссёр Раҷ Капур, соли 1973), Габбар Сингх аз филми ҳунарии «Қасос ва қонун» (режиссёр Рамеш Сиппи, соли 1975), холаи Каушал аз филми ҳунарии «Зита ва Гита» (режиссёр Рамеш Сиппи, соли 1972),Гаҷендра аз филми ҳунарии «Рам ва Шиам» (режиссёр Тапи Чанакя, соли 1967) ва амсоли онҳо.

Албатта, ҳар як нақши дар боло зикршуда қадру қимати худро дорад.  Метавон дар атрофи онҳо соатҳо сухан ронд, вале ин навбат дар бораи актрисаи  шинохтаи театру кинои Ҳиндустон Манорама ҳарф хоҳем зад.

Манорама  ба тамошобинони тоҷик аз филми ҳунарии «Зита ва Гита» шинос аст. Шояд холаи ғафсу фарбеҳаки Зитаро дар хотир доред?  Бале, ҳамоне, ки Зитаро азобу шиканҷа медиҳад.

Номи аслии актриса Гописантха мебошад. Тахаллуси Манорамаро ҳангоми дар театри маҳаллӣ кор карданаш гирифтааст.

Манорама 26 майи соли 1943 (баъзеҳо соли 1920 мегӯянд)  дар штати Тамиланди Ҳиндустон ба дунё омадааст. Падараш ирландӣ ва модараш ҳинду буд. Фаъолияти ҳунарии ӯ аз сарояндагӣ оғоз  ёфта, баъд дар театри маҳаллӣ актриса шуда кор кард. То соли 1947, яъне то ҷудо шудани ду давлати бузург (Ҳиндустон ва Покистон) ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Лоҳури Покистон зиндагӣ доштанд. Баъд, ба Ҳиндустон кӯчида, шаҳри  Бомбейро макони зисти доимӣ интихоб намуданд. Шавҳараш Раҷан Хоксор- актёри кино ба ҳамсараш иҷозат медод, ки дар филмҳои ҳунарӣ нақш офарад. Манорама аз  хурдсолӣ дар кино нақшҳои кӯчакро бозӣ карда буд ва аз ин рӯ, таҷриба дошт. Нахустин нақш дар санъати кино ин филми ҳунарии  «Jaideu» буд. Вале нахустин кори нисбатан мустақилонааш дар кинои Ҳиндустон соли 1958 оғоз ёфтааст.

Манорама дар кинои Ҳиндустон аввалин зан буд, ки дар филмҳои истеҳсоли тамилӣ дар нақшҳои мазҳакавӣ ва занҳои бадкор бо ному  тахаллусҳои Нагеш, Чандрабабу ва Тхангавелу нақш офаридааст. Баъдҳо актрисаҳои он айём ҷавон Шакти Капур, Кадер Кхан ва Гулшан Гровер ба ӯ пайравӣ намуда, ин анъанаро дар кинои Ҳиндустон идома доданд. Вале ҳар актриса сабку усул ва тарзи иҷрои худро дошт. Дар ин миён Манорама ягона буд.

Ӯ тӯли фаъолияташ 160 нақши гуногунхарактерро дар кино офаридааст. Ба тамошобинони тоҷик танҳо се филми ҳунарӣ «Зита ва Гита» (1972), «Тафтишот дар Гоа» (1974) ва «Чунин  бародарони гуногун» (1989) бо иштирокаш шиносанд. Манорама беш аз ҳама бо ситораи кино Дхармендра ҳамкорӣ кардааст.

Ба мухлисони кинои тоҷик нақши холаи Зита- Каушал аз филми ҳунарии «Зита ва Гита» шинос ва писанд аст. Мухлисон ин филмро бо иштироки ситораҳои кинои Ҳиндустон -Дхармендра, Хема Малини, Санҷив Кумар, Рупеш Кумар ва дигарон борҳо тамошо карда, аз бозии холаяки ғафсу фарбеҳ ба қавли Гита «мурғи фарбеҳ» ва қиёфабозии ӯ ҳаловат  бурдаанд. Нақши холаи Гита ё ғафсаку фарбеҳак дар иҷрои Манорама хеле табиӣ ва хотирмон  баромадааст.

Масалан, саҳнаи хостгорӣ ба хонаи Зитаро ба хотир оред. Ӯ худро бо хандаҳои сохтакорона, табассумҳои фиребо, «ғамхориҳои модарона» ва  чашмбозиву чеҳрабозӣ дар назди волидайни Равӣ як холаи ҳалиму меҳрубон нишон медиҳад. Ва ин ба актриса муяссар гардидааст. Танҳо  тамошобин медонад, ки  ин зани «маккор» ба чӣ корҳо қодир аст. Бо вуҷуди зани бадкор буданаш, тамошобин ӯро дар чодари кино нағз қабул карда, аз бозиҳои «маккоронааш» ҳаловат мебарад.

Вақте ки адвокат Гупта моҳонаи Зитаро меорад, холаи Каушал сохтакорона  пулро  нагирифта, барои шумурдан ба шавҳараш медиҳад. Худаш чашм аз ҳисоби пул наканда, ҳатто бо  чашмакзаниҳояш пулро мешуморад.

Шояд тамошобини  филм гурехтани Зитаро дар ёд дорад? Холаи фарбеҳакаш чӣ қадар «ғам мехӯрад», гиря мекунад. Яъне, гиряи ӯ аз ғайб задани  Зита не, балки аз даст рафтани пулаш буд. Зеро пул аз даст меравад, на ҷиянаш.

Чунин лаҳзаҳои хушҳолкунанда дар филми ҳунарии «Зита ва Гита» хеле зиёданд.

Холаи Каушал аз мулоқоту бархӯрди нахустин бо Гита дар хонааш сахт шикаст мехӯрад. Ин саҳнаҳо хеле  шавқовару  хандаовар баромадаанд. Умуман, актрисаи маҳбуби мо Манорама ҳангоми иҷрои нақши холаи Зита бо чеҳрааш (мимика) хеле хуб бозӣ кардааст. Маҳорату малакаи олиҷаноб дорад. Фарбеҳияш бошад, нақшҳои офаридаашро дучанд таъсирбахшу фаромӯшношуданӣ мекунад. Шояд ҳамаи инро ба инобат гирифта, мухлисони кино, бо вуҷуди «зани бадкор» буданаш, ӯро дӯст медоранд.

Актриса Манорама дар кино нақши зиёд офаридааст, аммо нақши холаи Зита аз филми ҳунарии «Зита ва Гита» ӯро машҳур гардонид.

Соли 1989 Манорама барои филми ҳунарии «Puthiya Padhai» Ҷоизаи «National  Film Award» чун «Актрисаи беҳтарин барои иҷрои нақшҳои плани дуввум»-ро сазовор шуд. Соли 2002 бошад, Ҳукумати Ҳиндустон Манорамаро бо ордени «Падма Шри» қадрдонӣ намуд.

Нақши охирини актрисаи маҳбуби мо  Манорама ин  Матхумати аз филми ҳунарии «Об» (соли 2005) буд. Манорама 15 феврали соли 2008 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон вафот кард.

Аз Манорама ва шавҳараш Раҷан Хоксор бо номи Рита духтаре ба воя расид. Рита мехост, ки мисли волидайнаш актриса шуда, дар кино бозӣ кунад. Ҳатто дар чанд филми ҳунарӣ низ нақш офаридааст, аммо комёб шудааст ё не, маълум нест.

То кунун тамошобинони кинои ҳиндӣ холаи фарбеҳаки Зитаро дар филми ҳунарии «Зита ва Гита» тамошо кунанд, аз бозиҳои аҷоибу ғароиб ва чеҳрабозии Манорама хеле хушҳол мешаванд…

Дар сурат: холаи фарбеҳак аз филми ҳунарии «Зита ва Гита», соли 1972.   

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»