Китоби нав

«Занкалон»

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

ЗанкалонБо ин ном чанде қабл китоби сеюми соҳибқалами хушсалиқа Қурбон Шарифиро нашриёти «Русская литература» чоп кард.

Дар он навиштаҳо дар жанри памфлет гирд оварда шуда, мушкилиҳои ҷомеа бо назокати хос инъикос ва ислоҳи онҳо тақозо гардидааст.

Ҳақ ба ҷониби муаллифи китоб аст, ки дар ҷомеа хандаҳои бедардона зиёд ва дилҳои эҳсоскунандаи онҳо хеле кам гардидаанд. Ва кайҳо фурсати он расидааст, ки аз хандаҳои сарду сохта, ба андешаронии ҷиддӣ гузарем.

 

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»