Ситораҳои Болливуд

Зеботарин актрисаи кинои Ҳиндустон

№69 (3054) 08.06.2013

Кино ХиндТамошобинон- мухлисони кинои Ҳиндустон дар ҳар давру замон ситораҳои писандидаву дӯстдоштаашонро доштанд ва ҳанӯз ҳам онҳоро парастиш мекунанд. Аз айёме ки филмҳои ҳунарии ҳиндӣ ба  кинотеатрҳои мо роҳ ёфтанд, зиёда аз ним аср мегузарад. Дар ин миён мо беҳтарин ситораҳои  кинои Ҳиндустонро  дар байни занҳо интихоб ва писандидем. Инҳо: Наргис Датт (Фотима Рашид), Виҷаятимала, Хема Малини, Зинат Амон, Рекха, Шри Деви, Мадхури Дикши, Айшвария Рай ва дигарҳо мебошанд. Албатта, ҳар кадоме аз ин ситораҳо дар айёми ҷавонӣ  шаъну шараф ва шуҳрати хешро  доштанд, вале бо гузашти солҳо қисме аз актрисаҳои дӯстоштаи мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд, қисме аз дунё  бармаҳал даргузаштанд. Аз ҷумла ҳунарпешаи маъруф Наргис Датт дар 59-солагӣ аз бемории саратон дар яке аз клиникаҳои ИМА вафот кард. Аз байн зиёда аз 30 сол гузашт, аммо  тамошобинон ҳанӯз ҳам ин ситораи киноро фаромӯш накардаанд.

Баъд аз Наргис актрисаи дигар Виҷаятимала ба олами кино ворид шуда, ба дили тамошобинони тоҷик ҷой гирифт ва дар тӯли 20-30 соли охир шуҳрати худро дар назди мухлисонаш нигоҳ дошту то кунун ҳам ин  маҳбубияташро нигоҳ медорад.

Дар назарпурсӣ барои «Зеботарин актрисаи кинои Ҳиндустон», ки 14 июни соли 2012 доир гардид, байни 33 ситораи кинои Ҳинд Виҷаятимала ҷойи аввалро ишғол намуда, дар сомонаи Интернет расмаш зери рақами як ҷой гирифт.

Виҷаятимала тасодуфан ба дунёи бою рангини кино ворид нашудааст. Ҳунари баланди раққосӣ ва  сурати зебояш на танҳо диққати мухлисон, балки назари пурқувваттарин режиссёрҳои кинои Ҳиндустонро ба худ ҷалб карда буд. Пеш аз он ки ӯ ба  кино ҷалб шавад, аввал ҳунари рақси  классикиро омӯхт ва тавассути ин рақси нодир ва қадимаи ҳиндӣ ба санъати кино ворид гардид.

Виҷаятимала 13 августи соли 1936 дар музофоти Ченнайи штати Тамил Надум шаҳри Мадраси Ҳиндустон ба дунё омадааст. Забони расмии ин минтақа забони тамилӣ мебошад. Оилаи онҳо бо ин забон ҳарф мезаданд.  Виҷаятимала аз синни хурдсолӣ дар мактаб рақси  классикии ҳиндӣ- бхаратанатямро омӯхт ва баъдҳо ин ҳунараш на танҳо ҳангоми бозӣ дар филмҳои ҳунарӣ, балки тамоми умраш лозим шуд.

Айёме ки Виҷаятимала донишҷуйи Донишгоҳи шаҳри Мадрас буд, ба ин ҳунар бештар диққат дода, дар маҳфилҳои ҳунарии донишгоҳ баромад мекард. Дар яке аз ҳунарнамоиҳояш режиссёр М.В.Раман ӯро дида, ҳам сурати зебо ва ҳам рақси  дилангезашро хуш карда, бори нахуст ӯро барои иҷрои  нақше дар филми нави тамилӣ «Vazkai» даъват намуд. Падару модар зид буданд, ки духтарашон  актрисаи кино шавад. Танҳо бо дастгирии модаркалонаш Ядугири Деви ӯ имкон пайдо намуд, ки ҳунарашро дар санъати кино низ санҷад. Ин соли 1949 буд.

Баъд аз он ки филми нави ҳунарӣ бо иштироки ӯ ба экрани кинотеатрҳо баромад ва тамошобини зиёдро ҷамъ намуд, продюсерҳо зарур  шумурданд, ки ин филмро аз забони тамилӣ ба забонҳои ҳиндӣ ва телугу низ тарҷума кунанд. Виҷаятимала дар донишгоҳ забони ҳиндиро  омӯхта буд ва озодона ҳарф мезад. Хулоса, баъд аз он ки филми аввалин бо иштироки ӯ ба экранҳои кинои Ҳиндустон баромад, роҳаш низ ба майдончаҳои наворгирӣ боз шуд.

Соли 1951 филми нави ҳунарии «Баҳор» бо иштироки актрисаи ҷавон Виҷаятимала  ба экран баромад ва комёбиҳои хуби бадеӣ ва тиҷоратӣ дошт. Ҳамин тарз, роҳи эҷодии яке аз ситораҳои дурахшони кинои Ҳиндустон Виҷаятимала оғоз ёфт. Дар ин муддат ӯ дар якчанд филми ҳунарӣ нақш бозид, вале шуҳрати аввалинро Виҷаятимала баъди иҷрои нақши раққоса Чандрамукхи дар филми нави ҳунарии «Девдас» (режиссёр Бимола Рой, соли 1955) ба даст овард. Бо ин нақш ҳунарпешаи ҷавон ба таҳиягарони кино ва мухлисонаш нишон дод, ки дар асл ҳам вай дорои истеъдоди баланди  драмавӣ аст. Барои иштирок дар филми мазкур ба Виҷаятимала ҷоизаи «Filmfane» дар номинатсияи «Беҳтарин нақши дуввумдараҷаи зан»-ро сазовор донистанд. Вале Виҷаятимала аз гирифтани ин ҷоиза даст кашид ва аъзои  жюриро бовар кунонд, ки ӯ беҳтарин   иҷрокунандаи  нақши асосӣ мебошад, на нақшҳои  дуюмдараҷа.

Аз ин пас, Виҷаятимала фақат ҷоизаи «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона»-ро соҳиб мешуд.

Соли 1958 режиссёри маъруфи кинои ҳинд Бимола Рой ин ҳунарпешаи аллакай  машҳурро барои иҷрои нақши асосӣ ба филми наваш -«Мабҳумати» даъват кард. Бояд зикр намуд, ки ин филм яке аз филмҳои ҳунарии бобарор дар ҳаёташ ба ҳисоб меравад. Барои иҷрои нақши асосӣ дар ин филм актриса  Виҷаятимала ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона»-ро соҳиб шуд ва ин ҷоизаро то рӯзҳои охирини ҳамкорияш бо кино аз даст надод.

Ин ҳунарпеша бо чеҳра ва табассуми зебову рақсҳои  хиромонаш дили бисёр ҳаводорони киноро ба даст овард.

кинои хинд2

Минбаъд мо актрисаи дӯстдоштаамонро дар филмҳои ҳунарии «Амардип» (1958), «Даъват» (1959), «Ганга ва Ҷамна» (1961), «Тӯҳфа» (1961), «Сангам» (1964), «Амрапали» (1966), «Достони ду дилдода» (1966), «Писари прокурор» (1968), «Танҳо муҳаббат» (1969), умуман дар зиёда аз 60 нақши асосӣ ва ҷолибу хотирмон дида, аз бозӣ ва сурати зебояш ҳаловат бурдем.

Ин актрисаи зебо ва боистеъдод аз назари яке аз таҳиягарони  машҳури кинои Ҳиндустон Раҷ Капур ҳам дар канор намонд. Раҷ Капур Виҷаятималаро барои иҷрои нақши асосӣ Радха ба филми нави ҳунариаш «Сангам» даъват намуд. Филми ҳунарии «Сангам» таърихи дӯстӣ, муҳаббат ва вафодории се ҷавони  ошиқ Радха (Виҷаятимала), Сундар (Раҷ Капур) ва Гопал (Раҷендра Кумар)-ро дар бар мегирифт. Бозии беҳамтои ин се ситораи кино то ҳанӯз дар дили ҳаводоронашон ҷой дорад ва ин филм яке аз филмҳои машҳур ва маҳбуби на танҳо мардуми Ҳиндустон, балки тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ, ба шумор меравад. Филми ҳунарии «Сангам» ҳам ба режиссёр Раҷ Капур, ҳам ба Виҷаятимала ва ҳам ба Раҷендра Кумар шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Баръакси ҳамаи ин, шуҳрат ба Виҷаятимала нохушиҳо ҳам овард, зеро муносибати ӯ бо режиссёр Раҷ Капур хеле сард шуд. Гӯйё бо ҳамин мартабаи баланди  Виҷаятимала чун ситораи кино ба охир расид. Албатта, ӯро минбаъд низ  барои иҷрои  нақшҳо ба филмҳои ҳунарӣ даъват мекарданд, вале ин филмҳо ва нақшҳо чун пештара шуҳрат пайдо карда  натавонистанд.

Актрисаи маҳбуби мо ҳангоми банаворгирии яке аз филмҳои нав дар майдончаи наворгирӣ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад. Ҳангоми муолиҷа бо доктор Бали шинос шуда, бо ҳам ақди никоҳ мебанданд. Дар ин оилаи хушбахт писар таваллуд мешавад, ки номашро Сучиндра мегузоранд. Дар оғози солҳои 70-ум ситораи кинои ҷаҳонӣ Виҷаятимала шаҳраки киносозони Ҳиндустон -Болливудро тарк карда, бо ҳунари дуввумаш -иҷрокунандаи рақсҳои классикии ҳиндӣ дар Ҳиндустон, ИМА, Австралия, Франсия, Нидерландия ва дигар мамлакатҳои дунё сафари ҳунарӣ дошт.

Виҷаятимала агарчӣ тамоми ҳастиашро ба санъат бахшида бошад ҳам, аз сиёсат дур набуд. Ӯ 20 соли расо дар Конгресси Ҳиндустон хизмат карда, сиёсати давлатӣ ва мавқеи сиёсии Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандиро дастгирӣ мекард.

Алҳол ҳунарпешаи дӯстдоштаи мо Виҷаятимала Бали 76 сол дорад ва ҳамроҳи хонаводааш дар зодгоҳаш -Чиннайи шаҳри Мадрас зиндагии хушу хуррамона ба сар мебарад.

Чун ҳамешагӣ ба сиёсат ва омӯзиши рақси классикӣ ба ҷавонон машғул аст. Фурсат пайдо карда, китоби шарҳиҳолӣ ва хотираҳояшро таҳти унвони «Узы» аз чоп баровард. Виҷаятимала солҳои сол боз чун  тимсоли зебоӣ, ҳунар ва истеъдод барои  мухлисонаш ва  ҳунарпешаҳои имрӯзаи кинои Ҳиндустон боқӣ мемонад. Ситораҳои машҳури имрӯзаи Болливуд Хема Малини, Зинат Амон, Мадхури Дикши, Айшвария Рай ва актрисаҳои ҷавон ӯро чун идеалашон дӯст медоранду ба ҳунараш пайравӣ мекунанд.

Хема Малини дар сифати  Виҷаятимала чунин мегӯяд: «Дӯстдоштаи ман дар тамоми давру замонҳо танҳо як нафар, он ҳам бошад Виҷаятимала. Ҳақиқатан, ман ба ӯ ва ҳунари зебояш фахр карда, ҳамеша ба ҳунари зебои раққосагиаш пайравӣ мекардам. Агарчӣ синну  солаш аз 70 гузашта бошад ҳам, ӯ ҳанӯз хеле хуб рақс мекунад. Виҷаятимала барои ман  илҳоми бузург аст».

Виҷаятимала ба тамошобинон- мухлисони тоҷикаш ҳанӯз аз соли 1961, аз филми ҳунарии «Ганга ва Ҷамна» (режиссёр Нитин Босе) шинос аст. Баъдҳо онҳо актрисаи дӯстдоштаашонро дар филмҳои ҳунарии «Сангам» (режиссёр Раҷ Капур 1964), «Писари  прокурор» (режиссёр Т.Пракаш Рао, 1968), «Амрапали» (режиссёр Лекх Тандор, 1966) ва ғайраҳо тамошо карда, аз ҳунари баланд ва бозии зебояш хеле ҳаловат бурдаанд, зеро ӯ аз филм то филми дигар ҳунарашро сайқал дода, тавре  мекунад, ки  нақшҳояш ба ҳамдигар монанд набошанд. Шояд он зебоӣ ва  латофату соддагии занонае, ки дар филми ҳунарии «Сангам» дорад, шояд дар дигар нақшҳояш набошад. Виҷаятимала бо нақши Радха аз филми ҳунарии «Сангам» на танҳо Раҷ Капур, балки Ҳиндустонро ба ҷаҳониён  муаррифӣ намуд. Филми ҳунарии «Сангам»- ро он солҳо 110 миллион тамошобин тамошо карда буд. Аз таҳияи ин филм 50 сол гузашта бошад ҳам, тамошобинон онро ҳамеша дар чодари кино бесаброна интизоранд. Бо гузашти солҳо қимати филм боз ҳам меафзояд, зеро дар он се ситораи кинои Ҳиндустон Раҷ Капур, Раҷендра Кумар ва Виҷаятимала нақшҳои асосӣ бозидаанд. Ҳар се нақшҳояшонро хеле табиӣ ва боварибахш бозӣ кардаанд. Бахусус актрисаи дӯстдоштаамон Виҷаятимала.

Баъди он ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Сангам» («Раҷ Капур- филмз», истеҳсоли Ҳиндустон) дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон доир гардид, духтарони он айём ба Радхаи Виҷаятимала пайравӣ карда, мӯйи сарашонро монанди ӯ мебофтанд. Ҳатто чунин гӯшвору муҳраҳои гардан ёфта, ҳам дар ҳусну малоҳат, ҳам дар либоспӯшиву ороиш кӯшиш мекарданд, ки ба актрисаи дӯстдоштаашон монанд бошанд.

Насли он солҳо ҳам дар синну сол ба ҷойе расидаанд. Насли  нисбатан ҷавон бо диди нав ба воя расиданд, талабот ба санъати кино низ дигар шуд, аммо маҳбубият нисбат ба актрисаи дӯстдоштаи ҳама давру замон ҳанӯз ҳам коста нашудааст. Ҳанӯз ҳам мухлисони тоҷик Виҷаятималаро дӯст медоранду филмҳои бо иштироки ӯ банаворомадаро бо шавқу ҳаяҷон тамошо мекунанд.

кинотолорТиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»