Ҳамаи ин басанда набуд магар, ки нав мехостам диққатамро ба китоб равона созам, ки писараке аз бозӣ хаставу нафасгир шуда, ба наздам омад. Ӯ рӯ ба рӯям истод ва дар ҳоле ки сараш каме ба пеш хам шуда буд, бошавқ гуфт:
- Бубинед, ки ман чӣ ёфтам?
Дар дасташ гуле дошт, аммо ҳазор шоҳид лозим, то онро гул биномем. Гулбаргҳои болои сараш аз ташнагӣ ё аз камбуди нур пажмурда шуда, ҳоли риққатоваре дошт.
Ба писарак гуфтам, ки гули хушкашро бардорад ва ба бозиаш баргардад. Табассуми сохтае ҳам кардам, то зудтар биравад. Сипас, ба китобам рӯ овардам.
Лекин писарак нарафт, омаду паҳлуям нишаст ва гулро ба димоғаш наздик оварду гуфт:
- Бисёр бӯи хуше дорад ва хеле зебост. Онро ба ҳамин хотир кандам… Барои шумо.
Он чиро, ки ба ман дароз кард, ба гул гуфтанаш забонам намегардад, охир мурда буд ё ба мурдан наздик. Дар он ҳеҷ ранги хоси гулҳо — сурх, зард ё норинҷӣ вуҷуд надошт. Аммо медонистам, ки бояд он гулро аз дасташ бигирам. Вагарна писарак аз ин ҷо рафтанӣ нест. Дастамро ба сӯи гул дароз карда гуфтам:
- Оҳ, ман ҳам айнан ҳамин чизро мехостам!
Аммо писарак, ба ҷои он ки гулро ба дастам бидиҳад, онро ҳамчунон дар ҳаво нигоҳ медошт. Эй, вой… кӯдак намедид, ӯ нобино буд.
Вақте ки ба ӯ барои ин гули зеборо бароям оварданаш миннатдорӣ кардам, овозам ларзид ва ашкҳоям зери нури хуршед дурахшиданд.
- Намеарзад! — гуфту лабханде заду дав-давон аз канорам рафт ва ба бозиаш идома дод. Комилан бехабар аз таъсире, ки он рӯз ба ман гузошт.
Ҳайрон шудам, чӣ гуна он писарак занеро, ки зери дарахти беди пир ба худ раҳм карда нишастааст, метавонад бинад? Ё чӣ тавр аз мушкили ман пай бурд? Шояд бо чашми дил, ки барои ҳақиқатро диданаш кумак мекунад…
Бо чашмони кӯдаки нобиное билохира фаҳмидам, ки мушкил дар дунё нест, дар ман аст. Он рӯз қасам хӯрдам, ки зебоиҳои зиндагиро бубинам ва барои ҳар сонияи зиндагӣ, ки ба ман дода шудааст, шукрона кунам.
Пасон, он гули пажмурдаро ба димоғам бурдам. Бӯи садбарги зебое ба машомам расид. Он писарбачаро тамошо карда, худ ба худ табассум кардам: Ӯ гули дигаре дар даст мерафт, то ҳаёти пиразани дигареро тағйир диҳад.
Шерил Л. Костелло Форши
Тарҷумаи Маҳмудҷон УСМОНОВ,
«Садои мардум»