Шукуфоӣ, ободӣ ва озодии кишвар ва ҳаёти пурсамар барои мардуми тоҷик аз иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаву ба шарофат ва башорати сиёсати оқилона, хирадмандонаву халқпарваронаи Сарвари давлат маҷро пайдо кардааст. Дар муддати 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва анқариб чаҳоряк асри имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба шарофати ташаббусу пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти мамлакат Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, эътироф кард.
Истиқлолият мисли кӯҳсорони сарбафалаккашида устувору баланд буда, ваҳдати миллӣ ба сони обҳои сарчашмаву наҳрҳои азими диёр мусаффо, нуқрафому лазизтар аз дигар неъмати табиати биҳиштосои тоҷикон бегазанд аст. Дар воҳаи ободонӣ истиқлолият ва ваҳдат ҳаёту рӯзгори заҳматкашони Тоҷикистон устуворӣ баргузида, рушд мекунад, амсоли оинаи қаднамо ҷилвагар мешавад. Сокинони кишвар дар ин фазои орому осуда, осмони софу беғубор амн заҳмат мекашанд, обод мекунанд, донишу малакаи касбиву рисолати шаҳрвандиро ба манфиати ҷомеа мебахшанд.
Мегӯянд, ки ғамхориву дастгирӣ ва таваҷҷуҳу эътибор дилбарӣ доранд, нерумандӣ меоваранд, ҳар фардро дилпуру ташаббускор менамоянд, маҳаки меҳнату эҷод, кашфиёту навгонӣ, меҳанпарастию маънӣ мепазиранд. Дар фазои соҳибистиқлоливу ваҳдат занони кишвар, новобаста ба синну сол, азми қавӣ доранд, ки дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд. Бо ин азму талош исбот месозанд, ки истиқлол ва ваҳдат мавқеи занону бонувонро дар кадом ҷойгоҳ бароварда, дар ҷомеа муаррифӣ кардаанд. Пешвои миллат дар суханрониҳои таърихиву андешаҳои бунёдиашон иброз намудаанд: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд».
Воқеияти ҷомеа шаҳодат медиҳад, ки саҳми занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ, сиёсӣ-мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, сохторҳои дигари давлатӣ хеле назаррас аст. Таърих ҳаками одилест, ки навиштаву нигоштаҳояш ба исбот ҳоҷат надорад: агар ба маълумоти оморӣ муроҷиат намоем, аввали соли соҳибистиқлолӣ (1991) дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд, соли 2018, яъне баъд аз 27 соли Истиқлолияти давлатӣ, ин нишондод ба 70 фоиз расид.
Дар соҳаи дигари иҷтимоӣ-тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафари он занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекард, ба 51 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Сол аз сол шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон меафзояд. Дар сафи низомиён низ шумораи зиёди бонувони либосҳои шинаму хушнамуди соҳавӣ ба бар хизмати софдилона менамоянд. Бонувони пурҳусну пурфатонати тоҷик оинадорони ваҳдатанд. Ин рисолатро дар солҳои истиқлолият ва ваҳдати пуриқбол онҳо аз маънои ин ду мафҳуми вусъатбор гирифтаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад». Дар партави хуршеди истиқлолият ва ваҳдати миллӣ занони Тоҷикистони биҳиштосо дар ҳама соҳа мавқеъ, манзалат ва рисолат доранду бо дили гарму меҳру садоқати самимӣ, бо дасту дили пок меҳнат мекунанд.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолият ба нақш ва манзалати занону бонувон ҳамчун қишри заҳматпеша баҳои баланд дода, онҳоро яке аз садоқатмандони рукни давлатдорӣ унвон намуданд. Дар ин радиф, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдат барои занон роҳи васеъ боз кард. Онҳо кору пайкорро дар тамоми соҳа аз тарбияи фарзанд сар карда, то самтҳои соҳибкориву маърифатомӯзӣ, касбу ҳунар, илму тадқиқоти бунёдӣ, эҷодкориву фарҳангсолорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ нишон доданд, ки маҳсули самара ва натиҷаҳои неку ҳамабин ҳосил шудаанд. Занон қувва ва неруи бузурги ҷомеаи муосир шинохта шудаанд. Ҳар ҷо занҳо муаррифӣ мешаванд, он ҷо гулистон шуда, чашмаи накуӣ ҷӯш мезанад. Бузургон гуфтаанд: хурсандӣ ба дил фараҳ бахшида, қалби инсонро аз ғусса озод мекунад. Хушбахтӣ умрро дароз намуда, одам неруи тозаву илҳоми нав мегирад. Соиб гуфта:
Зи таъсири дили бедор чашми тар шавад бино,
Ки маҳ аз нури хуршеди баландахтар шавад пайдо.
Бонувони даврони истиқлолият ва ваҳдати миллии тоҷикон баландахтаранд, саъйи комил, азми қавӣ ва нияти нек доранд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон