Имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро, ки ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил менамояд.
Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО доир гардид. Дар ин ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон — «Ҷашни Сада» ва номинаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркия — «Таҳзиб-санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҷашну маросими бостонии ориёӣ ва оммавӣ намудани онҳо, бахусус ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада, паёме барои насли ояндаи мост. Барои мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро мутобиқ ба шароити замон таҷлил намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Сада фармудаанд: «Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд. Марди кишоварз бо нияти нек ба фасли баҳор тайёрӣ мебинад ва тибқи таомули аҷдодӣ, хокистари гулхани ҷашни Садаро бо умеди ҳосили фаровон ба замин мепошад».
Дар кишвари мо соли ҳафтум аст, ки Сада ҷашн гирифта мешавад ва кишоварзон ин идро рамзи хуррамию ободонӣ медонанд.
Тибқи тақвимҳо Сада ба анҷоми чиллаи калон рост меояд. Чун сардии фасли сол ба поён мерасад, мардум дастҷамъона шодию хурсандӣ карда, якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик мекарданд ва ба мисли дигар ҷашнҳои бостонӣ суфраи зебои идона ороста, орзу мекарданд, ки ба сарзаминашон фасли бобаракату фаровонӣ қадам гузорад.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба давраи подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва ҷашни Садаро бунёд гузошт.
Қобили ёдоварист, ки Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҷашнҳои қадимии аҷдоди ориёии мо буда, то ҳол баъзе аз маросиму оинҳои онҳо маҳфуз мондаанд. Пажӯҳишгарон таъкид кардаанд, ки ин чор ҷашни бостонӣ ҷашни кайҳонӣ ё нуҷумианд ва робитаи инсон бо табиатро инъикос намуда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаи худ Сада бар асари омилҳои гуногун тайи садсолаҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад, ки ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мутобиқ аст.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар қарни гузашта ин ид ба таври расмӣ ҷашн гирифта намешуд, лекин бузургсолон аз фаро расидани чиллаи калон ва пас аз сипарӣ шудани 40 шабонарӯз ва оғози чиллаи хурд, яъне аз фаро расидани Сада ёдовар мешуданд.
Дар бораи вожаи Сада шарҳу тавзеҳҳо зиёданд, аммо он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдоди барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.
Пазироии ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушангро Фирдавсӣ чунин тасвир намудааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд.
Имрӯз низ ба мисли гузаштагонамон деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Ҳезум ҷамъ карда, гулхан меафрӯзанд, дар ғуруби Офтоб ҳазорҳо нафар гирди ҳам омада, бо шодмонӣ сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Дар гузаштаҳо фардои рӯзи Сада деҳқонон хокистари гулханро чун рамзи баракату фаровонии ҳосил ба заминҳояшон мепошиданд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози фасли баҳорро дошт.
Ҳамасола кишоварзон дар рӯзҳои баргузории ин ҷашн намоиши ниҳолҳо, меваҷоту сабзаҷот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзиро роҳандозӣ намуда, маҳсули заҳмати худро ба тамошо мегузоранд.
Дарвоқеъ, ҷашни Сада таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона аст ва мардумро ба дӯстию бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Майрамбӣ ЗОКИРОВА,
ходими калони илмии шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ