Китобиёт

Зикри хайр аз олими ватандӯст

№104 (4524) 22.08.2022

КитобиётЧанде пеш нашриёти «Балоғат» китоби рӯзноманигори ҷавон Шаҳло Раҷабалиеваро зеро унвони «Достони  нотамом» аз чоп баровард, ки он ба ҳаёту фаъолияти собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, доктори илмҳои техникӣ, профессор шодравон Талбак Салимов бахшида шудааст.

Номбурда  дастпарвари факултети гидромелиоратсияи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) буда, соли 1990 дар шаҳри Москва рисолаи  номзадиашро дар мавзӯи «Омодасозии заминҳои обёришавандаи зардхоки тарҳашон мураккаб барои шароити Тоҷикистон» ҳимоя кард. Сипас, ба ҳайси ходими илмӣ, директори Маркази илмӣ – тадқиқотии ҳифзи  захираҳои об, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи миллии лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ – «Баҳодиҳӣ ва идораи сифати об» фаъолият намуд. Соли 2004 дар мавзӯи «Такмилсозии технологияи ҳамворсозии  заминҳои обӣ дар минтақаҳои  хушкиқлим» рисолаи  докторӣ ҳимоя намуд.

Солҳои 2010 — 2011 ба ҳайси  муовини раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин фаъолият карда, дар таҳияву  коркарди 6 қонуни соҳавӣ саҳми назаррас гузошт.

Ҳангоми дар вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштан қаҳрамони матлаб Клуби рӯзноманигорони  экологиро таъсис дод, ки то имрӯз фаъолият  намуда истодааст.

Вай, ҳамчунин, дар назди кумита маҷаллаи «Ҳифзи табиат»- ро таъсис дод, ки ҳар семоҳа бо сифати баланд ба дасти  муштариён мерасад.

Т. Салимов муаллифи китобҳои «Экология», «Бехатарии фаъолияти инсон», «Луғати англисӣ- русӣ – тоҷикӣ», «Экология ва об», «Обҳои Тоҷикис­тон», «Фалокати Арал фоҷиаи кист?» мебошад.

Дар китоби «Достони  нотамом» хотираҳои  сардабири нашрияи «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Яъқубӣ, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид  Самад ва Раҷаб Мардон, директори Маркази  яхшиносии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов, муовини сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Сангов ва дигарон, ки бо Талбак Салимов  кору таҳсил кардаанд, ҷой дода шудааст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»