Соли равон ба зодрӯзи яке аз ҳунарпешаҳои машҳур, Артисти халқии РСС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов 80 сол пур шуд. Ӯ дар умри 38-сола корҳоеро анҷом дод, ки дигарон шояд дар даҳсолаҳои дигар муваффақ нагарданд.
Мунаққидону санъатшиносон аз фаъолияти эҷодии вай дар саҳнаи театр ва моноспектаклҳояш борҳо навиштаанд. Мутаассифона, ба фаъолияти ӯ дар кино танҳо ишора кардаанду халос.
Ӯ бо таҳиягарони барҷастаи тоҷик Борис Кимёгаров, Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Марворид Қосимова, Суҳбат Ҳомидов ва Анвар Тӯраев ҳамкорӣ карда, симои хешро дар чодари кино барои мо ва ояндагон мерос гузошт.
Нахустин нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кино офаридааст, образи Шариф аз филми ҳунарии «Зумрад»-и таҳиягар Абдусалом Раҳимов мебошад. Филмро соли 1962 таҳия карданд ва он замон Маҳмудҷон 23 сол дошта, нақши шарикдарси Зумрадро офарида, симои ҷавони ситорагарми лоғарпайкар ва зиндадилро чунон олиҷаноб иҷро кардааст, ки кас аз тамошои он лаҳзаҳо таассуроти нек ҳосил мекунад.
Бояд зикр намуд, ки меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик, ифоданок хондани шеър, ба театр ва киноро дар дили Маҳмудҷон устоди аввалинаш — актёр, режиссёри театру кино, наттоқи барҷаста Абдусалом Раҳимов бедор кард. Сабабгори ба Институти давлатии театрии шаҳри Маскав дохил шуданаш ҳам Абдусалом Раҳимов гардид.
Маҳмудҷони 17-сола соли 1957 дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва иштирок карда, «Қонуни бародарӣ» ном шеъри устод М. Турсунзодаро бо забони русӣ дар саҳнаи Театри калони ИҶШС ифоданок хонд. Профессори Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А. В. Луначарский Олга Пижова дар толор ҳузур дошт ва лаҳни ширину бурро ва серҳаракатии Маҳмудҷон дар саҳна писандаш омад.
«12 апрели соли 1957 дар Музейи марказии политехникии шаҳри Москва «Шаби эҷодии Лауреати мукофоти Сталинӣ Мирзо Турсунзода» баргузор шуд. Олга Пижова дар он иштирок намуда, бори дувум шеърхонии Маҳмудҷон Воҳидовро гӯш кард. Маҳмудҷон он рӯз шеърҳои устод Мирзо Турсунзода – «Закон братство» ва «Мамлакати тиллоӣ»-ро ба самъи ҳозирон расонд…»
Ҳамин тавр, Маҳмудҷон баъди супоридани имтиҳонот чун соҳиби истеъдоди фавқулода аз тариқи экстерн ба курси савуми Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москав ба номи А. В. Луначарский дохил шуд ва солҳои 1957- 1961 ҳамроҳи Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Аскар Абдураҳмонов, Тамара Абдушукурова, Мукаррама Камолова, Ҳошим Гадоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Соҷида ва Фотима Ғуломоваҳо, Музаффар Ғаниев, Майрам Исоева, Борон Сангмамадова, Неъматҷон Дӯстматов, Абдураҳим Қудусов ва дигарон таҳсил кард.
То он вақт ҳам Маҳмудҷонро барои иҷрои нақшҳои асосӣ ва лаҳзавӣ дар кино даъват мекарданд, аммо таҳсил ва ҳимояи кори дипломӣ ба вай имкон намедод, ки ҳунарашро санҷад.
Соли 1959 таҳиягари маъруфи кинои тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров филми ҳунарии «Қисмати шоир»-ро аз рӯи сенарияи С. Улуғзода таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Рӯдакӣ бо вай суҳбат кард. Аммо аз сабаби ҳимояи кори дипломӣ Маҳмудҷон натавонист, ки ин нақшро ба зимма гирад. Борис Кимёгаров бе Маҳмудҷон Воҳидов ба Душанбе баргашт, вале шод буд, ки санъати тоҷикро боз як истеъдоди ҷавон пурра хоҳад кард.
Чаҳор сол пас аз филми ҳунарии «Зумрад» Борис Алексеевич филми нави ҳунарии «Ҳасани аробакаш»-ро таҳия намуда, барои иҷрои яке аз нақшҳо Маҳмудҷонро даъват кард. Вай нақши Раҷаб – шоири ҷавон, комсомоли солҳои сиюмро бо дилгармӣ иҷро кард. Нақши мазкур агарчи эпизодӣ бошад ҳам, вале ба зудӣ дар хотири тамошобинон ҷой гирифт. Махсусан муколамаҳо бо Садаф ва Ҳасан.
Соли 1970 таҳиягари кино Марворид Қосимова дар филми «Ҷӯра — саркор» иҷрои яке аз нақшҳои асосӣ котиби райкомро ба Воҳидов месупорад. Маҳмудҷон тавонист, ки симои котибро ба таври ҳаққонӣ нишон диҳад. Аммо Маҳмудҷон дар тасаввури тамошобин тамоман шахсияти дигар буд. То он вақт сенарияе набуд, ки ҳиссиёти олами ботинии Маҳмудҷонро дар экран таҷассум кунад.
Баъдан, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар филми ҳунарии «Достони Рустам» барои иҷрои нақши Тӯлод Маҳмудҷонро даъват намуд. Ва ба коргардон муяссар шуд, ки истеъдоди волои ҳунарпешаро аз нигоҳи дигар кашф кунад.
Маҳмудҷон Воҳидов образи хаёлии дев – Тӯлодро ба вуҷуд овард, ки он доимо қиёфаи худро тағйир дода, назди Рустами Достон гаҳе чун ҳофизи нобино ва гаҳе пиразани даллола, инчунин мирзою котиб намудор мешавад. Ӯ тавонист, ки ба таври шинохтанашаванда симои воқеии худро дигаргун сохта, ҳар дафъа мафҳуми бадиро таҷассум намояд.
Соли 1972. Боз нақши Тӯлод дар филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб». Боз офаридани симои ҳамон Тӯлоди манфуру ҷодугар.
Ветерани кинои тоҷик Любов Ивановна Қиёмова, ки муҳаррири силсилафилмҳо аз рӯи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ буд, лаҳзаҳои наворро ба хотир оварда мегӯяд:
«… Вақте ки лаҳзаи Тӯлодро бо ресмон кашидани Рустами аспсаворро ба навор мегирифтем, режиссёр Борис Алексеевич ба дастёрон фармуд, ки Тӯлодро (М. Воҳидовро) пеш аз кашола кардан ба зери баданаш парафин ё ягон чизи мулоим монанд, то пушти Маҳмудҷон захмӣ нашавад. Вале Маҳмудҷон аз ин ғамхории Борис Алексеевич даст кашида гуфт:
- Агар ман ба баданам парафин баста монам, ин саҳнаро табиӣ бозӣ карда наметавонам. Беҳтараш Рустам маро ҳамин хел кашола кунад…».
Баъди навори ин саҳна пойҳои Маҳмудҷон захм бардоштанд ва ӯ чанд муддат табобат гирифт.
Филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии Тбилиси сазовори диплом гардид. Ҳукумати РСС Тоҷикистон ба офарандагони филми бадеии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Сӯҳроб», аз ҷумла ба Маҳмудҷон Воҳидов, Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакиро сазовор донист.
Маҳорат ва таҷрибаи нақшофарии М. Воҳидов сол то сол такмил меёфт, дар ин миён нақшҳои ҷолиб дар театр, бахусус моноспектаклҳо – «Гуфтугӯ дар танҳоӣ» (аз рӯи рубоиёти Хайём) эҷодиёти Воҳидовро боз ҳам рангинтар намуданд. Акнун ӯро нақшҳои нисбатан ҷиддитар ва орифонаву шоирона, чӣ дар кино ва чӣ дар театр интизор буданд. Аммо, он солҳо, аҳён — аҳён сенарияҳо буданд, ки ҷаззобият, ҳашамат ва эҳсосоти баланди ӯро ифода карда тавонанд. Бар замми ин, Маҳмудҷон Воҳидов аз иҷрои баъзе нақшҳои қолабӣ ва содалавҳона даст мекашид.
Артисти халқии РСС Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов соли 1973 филми ҳунарии «Ситорае дар тирашаб»-ро аз ҳаёти Аҳмади Дониш (сенарияи Р. Ҳодизода) таҳия кард. Нақши асосӣ – Махдум – Аҳмади Донишро Маҳмудҷон Воҳидов иҷро кард. Маҳмудҷон зоҳиран ба Дониш монанд набуд, аммо мақсади таҳиягар тамоман чизи дигар буд. Шарт не, ки ҳатман ба қаҳрамонат монанд бошӣ. Асосаш ин ки ботинан тавонӣ дарду ҳасрат, мақсад ва орзуяшро ифода намоӣ. Образи Аҳмади Дониш, зиндагиномааш барои М.Воҳидов хеле наздик буд ва онро хеле самимӣ офарид. Бахусус, муколамаи Аҳмади Дониш бо амир Музаффар (А. Муҳаммадҷонов) хеле пуртаъсир баромад.
- Сагҳо дар дарбор хеле зиёд шудаанд ва майли газидан доранд, — мегӯяд ӯ ва аз хизмати дарбор даст мекашад.
Қаҳрамони М.Воҳидов зани тоҷикро мисли Потии Порисӣ мехоҳад озод бубинад. Вақте ки вай аз сайёҳати Петербург ноумед шуда, бармегардад, нигоҳҳояш хеле маъюсу ғамангезанд. Ҳамаи ин дар иҷрои Маҳмудҷон Воҳидов гоҳе ҳузнангез, вале таъсирбахш баромадааст.
Филми ҳунарии «Ситорае дар тирашаб» (режиссёр А. Раҳимов) соли 1973 дар Кинофестивали VI умумииттифоқии Алма-Ато сазовори диплом шуда, иҷрокунандаи нақши асосӣ — Маҳмудҷон Воҳидов барои офаридани «Беҳтарин нақши мардона» бо дипломи фахрӣ қадр гардид.
Маҳмудҷон Воҳидов тавонист, инчунин, нақшҳои Олим дар филми ҳунарии «Асрори пайраҳаи гумшуда»-и режиссёр С. Ҳамидов (1974), Сулаймон дар филми ҳунарии «Як умр кам аст»-и режиссёр Б. Кимёгаров (1975), Махдум Ҳоҷӣ дар филми ҳунарии бисёрсериягии телевизионии «Ҳеҷбудагон»-и режиссёр Т. Собиров (1974-1975) ва охирин – дарвеши нобино дар филми ҳунарии «Ишқи нахустини Насриддин»-и режиссёр А. Тӯраев (1977)-ро офарад.
Инчунин, симои Ҳаким Фирдавсиро Борис Кимёгаров бисёр мехост, ки Маҳмудҷон Воҳидов офарад. Ба гуфти режиссёр Маҳмудҷон барои иҷрои нақш аллакай омода буд.Аммо афсӯс, ки умр вафо накард.
Соли 1977. Барои ҷумҳурӣ соли вазнин буд. Халқи тоҷик чор бузургвор – Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Темур Собиров ва Маҳмудҷон Воҳидовро ба хок супурданд.
Ба ҳар ҳол, даҳ нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кинои тоҷик офарид, ёдгории беназиру бебаҳоянд.
Соли 1979 режиссёр Марворид Қосимова порча – порча сужаҳои хеле камро аз ҳаёти пасипардагии Маҳмудҷон Воҳидов пайдо карда, бо номи «Умре дар роҳ» филми ҳуҷҷатӣ офарид. Он сужетҳо хеле нодиранд, вале ниҳоят каманд. Бояд аз бойгонии давлатии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва бойгониҳои хусусӣ ҷустуҷӯ карда, кадрҳои навро пайдо кунем. Зеро, ба ғайр аз «Умре дар роҳ» боқӣ ҳама филмҳои ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои телевизионӣ такрори якдигаранд. Чунки ягон лаҳзаи нав аз ҳаёти сухангӯйи навҷӯй ба назар намерасад. Аз соли 1979 то соли 2018, яъне 40 сол, дигар ба ин масъала касе рӯ наовард. Ба истиснои филми ҳуҷҷатии «Мизроби ишқ». Муаллиф ва ровӣ Далер Ҳасанзода, режиссёр Р. Шоазимов, 40 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Синамо», соли 2018.
Боқӣ мемонад, ки барои тасаллои дил аз забони Мастон Шералӣ гӯем:
Зинда аст ӯ, то куҷо шеъру сухан гӯем мо,
Шеърдоне, шеърхоне мисли ӯ ҷӯем мо!
Зинда аст ӯ, чун ба ӯ аҳли сухан дил додааст,
Зинда аст ӯ, то сухан, то шеъри Турсунзода аст!
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»