Зикри хайр

Зинда аст ӯ, то сухан, то шеъри Турсунзода аст!

№35 (4775) 18.03.2024

Профессор Аскар Абдураҳмонов аз дастпарварони студияи дувуми тоҷикии ГИТИС – Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А.В.Луначарский мебошад. Солҳои зиёд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба шогирдон сабақ додааст. Хотираҳояш дар бораи шарикдарсаш Маҳмудҷон Воҳидов зиёд ва хеле ҷолибанд. Инак, яке аз он хотираҳо.

Ҳангоми таҳсил дар студияи тоҷикии ГИТИС донишҷӯёни тоҷик бо ҳам дӯсту бародар буданд ва пайвандии онҳо солҳо идома кард. Аскар бо шарикдарсонаш Ҳабибулло, Тӯрахон, Музаффар, Ҳаким, Носир, Ҳошим муносибати хуб дошт. Вале ба Маҳмудҷон Воҳидов эҳтироми хос қоил буд. Маҳмудҷон се сол баъд бо онҳо ҳамроҳ шуда бошад ҳам, ба дили шарикдарсонаш ба зудӣ роҳ ёфт.

- Моҳи апрели соли 1957 дар шаҳри Москва Даҳаи дувуми адабиёт ва санъати халқи тоҷик баргузор гардид. Ман он вақт дар курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва таҳсил мекардам. Устодон мо — шогирдонро ба маросими кушодашавии даҳа бурданд. Ёд дорам, ки дар оғози даҳа, дар саҳнаи Театри калони ИҶШС-и шаҳри Москва ҷавони 17-18 — сола ба тан ҷомаи беқасаб, дар сар тоқии чоргул ба саҳна баромада, шеъри машҳури устод Мирзо Турсунзода «Қонуни бародарӣ» (Закон братство)-ро ба забони русӣ қироат намуд…

М.Вохидов 1Чунон таъсирбахш қироат намуд, ки дар толор, ба қавле: «ҳатто пашша ҳам пар намезад». Мавҷи қарсак дар толори боҳашамати театр баланд шуд. Аҳли толор ҳунарнамоии наттоқи ҷавонро гарм истиқбол гирифтанд. Бахусус, ба роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва профессор Олга Ивановна Пижова ҳаракатҳои саҳнавӣ, зиндадилӣ, хушоҳангии шеър­хонии ҷавон хеле писанд омад. Баъд аз кушодашавии қисми расмии чорабинӣ Олга Ивановна наздамон омада хабар дод, ки ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) Маҳмудҷон Воҳидов аст. Чанд рӯз пас санъаткорони Тоҷикистон дар толори консертии ба номи П.И.Чайковский ҳунарнамоӣ карданд. Дар оғози консерт Маҳмудҷон шеъри «Мамлакати тиллоӣ»-и устод Мирзо Турсунзодаро бо маҳорати баланд иҷро намуд…

Аз ин пас, устодони санъати Тоҷикистон ва Москва ба ин ҷавони хушлаҳну хушовоз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Хуллас, Маҳмудҷон Воҳидовро устодони бузурги саҳна профессорон М.А. Горбунов, В.П. Осталский, И.М. Раевский, Б.В. Бибиков, О.И. Пижова ва муаллимони забони тоҷикии ­ГИТИС Шавкат Ниёзӣ, Маҳрам Файзов ва Салоҳиддин Солеҳ дар ҳузури Абдусалом Раҳимов имтиҳон гирифтанд. Ҳамин тавр, бо фармони ректори Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва – ГИТИС профессор М.А.Горбунов дӯстам Маҳмудҷон Воҳидов чун истеъдоди фавқулода  ба тариқи экстерн ба курси сеюми донишкада қабул шуд, — ба хотир овард А.Абдураҳмонов.

Дар таърихи театри советии тоҷик се истеъдоди фавқулода ба таври истисно ба донишкадаҳои олии санъати шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Тошканд пазируфта шудаанд: Меҳрубон Назаров ба Донишкадаи давлатии санъати театрии Ленинград, Алиризо Раҳмонқулов ба курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрӣ ва рассомии Тошканд ва Маҳмудҷон Воҳидов ба курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва.

Маҳмудҷон дар корҳои ҷамъиятӣ ва эҷодӣ фаъол ва маҳфилорои озмуну ҷамъомадҳои расмӣ ва зодрӯзи шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ дар донишкада буд.

Профессор Михаил Петрович ­Чис­тя­ков ҳамроҳи донишҷӯёни Студияи тоҷикии донишкада драмаи «Камбағалӣ айб нест»-и А.Н.Островскийро саҳнавӣ намуд. Нақши Митяро ба Маҳмудҷон Воҳидов супурданд. Ба андешаи профессор Аскар Абдураҳмонов, бахт дар ҳамин намоиш ба рӯйи Маҳмудҷон хандид. Вай нақши Митяро олиҷаноб бозӣ кард. Аз ҳамин намоиш бештари таҳиягарон ӯро чун ҳунарпешаи боистеъдод дарёфтанд ва ин нақш роҳи ояндаашро дар театр ва кино муайян намуд.

- Ҳанӯз дар аспирантураи Институти давлатии санъати театрии Маскав мехондаму рӯзе аз Маҳмудҷон Воҳидов мактуб гирифтам. Навишта буд, ки мехоҳад дар соҳаи нутқи саҳнавӣ рисолаи номзадӣ нависад. Аз ман хоҳиш кард, ки мақсадашро ба устодаш профессор, мудири кафедраи нутқи саҳнавии институт В.П.Козлянинова расонам. Козлянинова аз ин мужда хеле шод шуд. Омаданашро интизорӣ кашидем, то ҳамроҳ дар аспирантура таҳсил намоем. Азбаски Маҳмудҷон Воҳидов дар театру кино муваффақиятҳои баландро ноил шуда буд, роҳбарияти Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ва Театри давлатии академӣ-драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ корро кашол дода намехостанд, ки чунин як истеъдоди нодир ба кори илмӣ банд шавад. Дар қиёс ба кори илмӣ ба театр, ба халқаш бештар манфиат мерасонд. Вайро ба кори кино, театр, таҳияи моноспек­таклҳо, тантанаҳои расмӣ ва сафарҳои ҳунарӣ ҷалб мекарданд. Дигар фурсат надошт ба кори илмӣ даст занад.

М.Вохидов 2Дар яке аз мактубҳояш навишта буд:

«Сад афсӯс, ки дар зиндагии ҳаррӯза мо ба қадри ҳамдигар намерасем. Ба наздикӣ «Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островскийро ба тамошогарон нишон додем. Нақши Яша Гуслинро шахсе иҷро кард, ки на овози сарояндагӣ ва на қобилияти мусиқинавозӣ дорад.

Сурудҳои дӯстдоштаамон «Шермардакон» ва «Калинка» ба хандахариш дигар гардиданд.

Кош, замин мекафиду ман медаромадам!».

- Маҳмудҷон дар саҳна ба сохтакорӣ ва дурӯғгӯӣ роҳ намедод. Як хислати хубаш ин буд, ки ба ҳар чиз эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат мекард. Дар 39 — солагӣ аз дунё гу­зашт, вале бо истеъдоди баландаш дар театру кино ва радиою телевизион корҳоеро ба сомон расонд, ки барои дигарон маҳол буд. Вай на танҳо чун наттоқи барҷаста, балки чун актёри боистеъдод дар саҳнаи театри тоҷик табаддулот кард, — гуфт профессор Абдураҳмонов.

Хотираҳои Аскар Абдураҳмонов дар бораи Маҳмудҷон хеле зиёданд. Ӯ чанд мактуби Маҳмудҷонро то ҳанӯз маҳфуз доштааст.

Вақте китоби «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» аз чоп баромад, Аскар Абдураҳмонов афсӯс хӯрд, ки аз ин иқдоми нек бехабар монд, вагарна хотироти ҷолибе дошт ва суратҳои даврони таҳсил дар ГИТИС-ро эҳтиёт карда буд. Ин мақсадашро ба яке аз мураттибони китоб Лоиқ Шералӣ изҳор намуд.

- Ният дорем, нашри такрории «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов»-ро ба миён гузорем. Он гоҳ ба китоб маводи иловагиро ҳамроҳ хоҳем кард,- гуфт дар яке аз нахустнамоишҳои театрӣ устод Лоиқ.

Бо гузашти солҳо китоби «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» дуюмбора нашр шуд, вале Аскар боз бехабар монд. Соли 2009 дар таҷлили 70-солагии Маҳмудҷон Воҳидов профессор Аскар Абдураҳмонов хотираҳояшро дар маҷаллаи «Фарҳанг ва ҳунар» таҳти унвони «Дӯсти меҳрубон» нашр кард ва ба ин васила бори дигар насли имрӯзаро ба ҳунари волои Маҳмудҷон Воҳидов ошно намуд, қарзи дӯстию бародарияшро ба ҷо овард.

Зинда аст ӯ, то куҷо шеъру сухан гӯем мо,

Шеърдоне, шеърхоне мисли ӯ ҷӯем мо!

Зинда аст ӯ, чун ба ӯ аҳли сухан дил додааст,

Зинда аст ӯ, то сухан, то шеъри Турсунзода аст!

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»

Дар суратҳо: 1. Маҳмудҷон Воҳидов дар нақши Митя (аз чап) ва Аскар Абдураҳмонов дар нақши Яша Гуслин аз намоиши «Камбағалӣ айб нест»-и А.Н.Островский дар саҳнаи таълимии ГИТИС-и шаҳри Москва.

2. Маҳмудҷон Воҳидов бо ҳамкоронаш дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Ленинобод ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ), соли 1961.