Фикр хунро мехӯрад, то ранг мегирад сухан

Зиндагӣ фаттонати мушоҳидон аст

№31 (4614) 01.03.2023

Занкалон — копияЗебоии зиндагӣ вақте ошкор мегардад, ки онро дида тавонем, ба он маърифат дошта бошем. Огоҳӣ аслан ба мо аз хубиҳо, таҷаллиҳо ва аз диёри ишқу завқ хабар меорад. Ба мо мегӯяд, ки чӣ хуб асту чӣ зишт.

Онҳое, ки эҷодкоранд, бо олами халоқият иртибот барқарор мекунанд ва ҳамин чиз боис мегардад, ки наққошие, муҷассамае биёфаранд, шеър ё достоне эҷод кунанд. Нависандаи машҳури араб Ҷуброн Халил мегӯяд: «Зиндагӣ фаттонати мушоҳидон аст».

Вақте китоби Қурбон Шарифӣ «Занкалон»-ро, ки маҷмӯи памфлетҳояшро дар бар мегирад, хондам, ӯро эҷодкоре муваффақу мушоҳидакор шинохтам. Мавсуф ҳатто ба резтарин чиз таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ҳам айб, ҳам камолашро пайдо месозад. Вай аз мо мегӯяд, ба мо мегӯяд: камбудамонро, бемасъулиятиамонро, бетафовутиамонро. Гоҳе ҳам тафаккури сода, андешаҳои хомамонро бо оҳанги танз ошкор менамояд.

Дар баъзе аз памфлетҳои Қурбон Шарифӣ як навъ танзе вуҷуд дорад, ки олудаи дард аст. Нависанда ҳақиқатеро баён месозад, ки мушоҳида кардааст. Масалан, дар памфлети «Реаниматсия» мехонем: «Ош, оби сурху сафед, паниру ҳасибу шоколад, меҳмондории духтури навбатдору ёваронаш – ин реаниматсия.

Пул «барои духтурҳо», пул барои наркоз, пул барои докаву қайчӣ, пул барои ҷарроҳу ёваронаш, пул барои либосу дастпӯши ҷарроҳ, ки «ҳангоми ҷарроҳӣ ифлос шудаанд», пул барои «духи», духи барои хушбӯии утоқи бемор, ду «обший тетрад» барои «историяпуркунӣ» — ин реаниматсия…

Ҷои ғам, ҷои умеду ноумедиҳо, ҷои тарс, ҷои ҷонбахшию ҷонбезорӣ – ин реаниматсия».

Бо чунин сифат карданҳо ҳолу ҳавои шуъбаи эҳёи беморхонаеро ба тасвир мекашад, ки бо хондану шунидани ин ҳол дили кас ба дард меояд, аммо ин саргардониву давуғеҷ танҳо ибтидои кор аст, табобати бемор низ пули бисёр мехоҳад. Ана, ҳамин ҳақиқати талхи ҷомеа оромишро аз дили  нависанда мегирад, ӯро маҷбур месозад бо неруи қалам ба муқобили он мубориза барад.

Тарзи баён ва пешниҳоди мавзӯъ дар памфлетҳо низ хеле ҷолиб аст. Забони онҳо хушку якранг нес­танд, муаллиф аз қувваи хаёл низ моҳирона истифода мебарад. Ин чиз боис мегардад, ки хонанда бо завқ онҳоро бихонад.

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки солҳои охир навъи памфлет дар рӯзномаву маҷаллаҳо ягон-ягон ба чашм мерасад, ки ҷои нигаронист. Аммо хушбахтона, як қисмати муҳими фаъолияти эҷодии Қурбон Шарифиро ин навъи муҳим дар бар мегирад. Маҷмӯаи «Занкалон» далели гуфтаи мост. Ин китоб собит менамояд, ки Қурбон Шарифӣ дар навиштани навъи памфлет устод аст.

«Аз бозе, ки худро мешиносам, касе ба дастонам об нарехтааст, вале баъд аз зангирӣ раваду дастонамро худам шӯям – ман занкалон.

Хоҳарам, ки 14 сол боз хона мерӯфт, пас аз янгадориаш, агар як саҳар бо ҳамин ният аз хоб хезад – ман занкалон». Бо чунин баёни таваҷҷуҳбарангез оғоз мешавад памфлети «Занкалон». Аслан барои нависанда хеле муҳим аст, ки асарро чӣ гуна оғоз мекунад ва он то чӣ андоза таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб месозад. Яке аз хусусиятҳои памфлетҳои китоби мавриди назар он аст, ки бо андешаи ҷолиб ва ғайриинтизор оғоз мешаванд. Чизи дигаре, ки ба мушоҳида мерасад  мавзӯъро ҳамаҷониба хуб омӯхтан ва ҳама паҳлуҳояшро ба назар гирифтан мебошад. Аз ин ҷост, ки Қурбон Шарифӣ ба қавле, пӯсткандаи гапро мегӯяд ва танқидаш низ ҳадафрас аст.

Дар памфлети «Занкалон» нависанда ба боварҳои зиёновар ва баъзе суннатҳои беҷои хонаводагӣ рӯ меорад ва онҳоро мазаммат месозад. Бовару суннатҳои сохтае, ки зиндагиро талх, қадру қимати инсонро паст, ҳуқуқашро поймол менамояд.

Бегоҳӣ Хуршед ба ҳамсараш Хиромон мегӯяд, ки шунидам тӯй доштаед. Хиромон сухани шавҳарашро тасдиқ кард:

«- Модарам навиштаанд, ки агар имкон бошад, як-ду рӯз пештар рафта, ба пухтупаз ёрӣ расонам, — нимшунаво гуфт Хиромон. Гуфту дар бало монд.

Чашмони Хуршед хун гирифтанд ва садои гӯшхарошаш ба осмон печид.

- Ба ту дар таги чодар гуфта будам, ки ман занкалон не, агар гапам дуто шавад, пушаймон мешавӣ, — гуфтани шавҳарашро дар ёд дораду халос…».

Барои сар задани моҷаро сабаб лозим аст, ҳатто як калима, як табассум, як нигоҳ кифоя аст, ки балое хезаду мушкил ба вуҷуд орад. «Як-ду рӯз пештар рафта, ба пухтупаз ёрӣ расонам» гуфтани Хиромон ба иззати нафси шавҳараш мерасад. Ҳамон иззати нафсе, ки аслан вуҷуд надорад, балки гумроҳӣ, худхоҳӣ, ҷаҳолати ӯ боиси бадбахтӣ мегардад. Яъне ӯ занкалон нест, зан ҳатто барои ӯ вуҷуд надорад, худаш ҳам шоҳ асту ҳам вазир, чӣ хеле хоҳад рафтор мекунад. Зан канизи дари хонааш аст, ҳуқуқе надорад.

Масъалаи занкалонӣ, воқеан ҳам, дар ҷомеаи мо мавзӯи хеле муҳим аст. Қурбон Шарифӣ хубу ҳадафрас ин масъаларо баррасӣ менамояд. Ба дарду доғи хонаводаҳо мубаддал гаштани онро матраҳ мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ба худ оем, андешем ва аз боварҳои зиёнбор худро халос созем.

Ҳамин тавр, памфлетҳои китоб хонданиву ҷолибанд, ки дар як матлаб наметавон дар бораи ҳамаи онҳо суҳбат кард. Аз хондани маҷмӯаи мазкур ба хулоса омадан мумкин аст, ки жанри памфлет, навиштани он аз воқеае мебошад, ки мухолифи  ҷомеа ё рӯзгори мо қарор дорад. Ин жанр ба нависанда имкон медиҳад, ки айбу нуқси ҷомеаро ошкор созад, зери тозиёнаи танқид гирад ва маҳкум намояд. Хосияти дигари памфлет он аст, ки мо — инсонҳоро ҳушдор медиҳад, огоҳ месозад, мисли оина рӯзгорамонро инъикос менамояд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»