Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас

№8 (3958) 19.01.2019

АКСИ САДОИ ЗИНДАГӢ

Падару писаре дар кӯҳ қадам мезаданд, ногаҳон пои писар ба санге бархӯрду ба замин афтид ва аз шиддати дард фарёд кашид:

- О-о-й…

Садое аз дур ба гӯшаш расид:

- О-о-й…

Писар ҳайрон шуду фарёд зад:

- Кӣ ҳастӣ?!

Дар посух шунид:

- Кӣ ҳастӣ?!

Писар ба ғазаб омада дод зад:

- Тарсончак!

- Тарсончак! – посух омад ба гӯшаш.

Писар гаранг шуд ва аз падараш пурсид:

- Ӯ кист, ки суханони маро так­рор мекунад?

Падар табассум намуд ва меҳрубонона даст ба сари писараш бурда гуфт:

- Инро акси садо мегӯянд, вале агар ҳақиқатро донистан хоҳӣ, он акси садои зиндагӣ аст. Ҳар чизе, ки бигӯӣ ё анҷом диҳӣ, зиндагӣ айнан ба ту ҷавоб медиҳад.

ПАНДИ ЛУҚМОН

Ҳазор китоб хондам ва аз он чаҳорсад ҳикмат писандидам. Аз он чаҳорсад ҳикмат ҳашттоашро баргузидам.

Ду чизро ҳаргиз фаромӯш накун:

1. Худоро

2. Маргро.

Ду чизро фаромӯш кун:

1. Ба касе, ки хубӣ кардӣ.

2. Касе, ки ба ту бадӣ кард.

Чаҳор чизи дигар ин аст:

1. Ба маҷлисе ворид шудӣ, забон нигаҳ дор.

2. Ба суфрае ворид шудӣ, шикам нигаҳ дор.

3. Ба хонае ворид шудӣ, чашматро нигаҳ дор.

4. Ба намоз истодӣ, дилатро нигаҳ дор.

 ШИКОЯТ НЕ, ШУКР КУНЕД

Яке дар пеши бузурге аз фақри худ шикоят мекарду менолид. Он марди бузург гуфт:

- Мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошӣ, вале чашм надошта бошӣ?!

Гуфт:

- Не! Ду чашми худро ба ҳама моли дунё иваз намекунам.

Гуфт:

- Ақлатро дар бадали даҳ ҳазор дирҳам медиҳӣ?

Гуфт:

- На!

Гуфт:

- Гӯшу дасту пои худро чӣ?

Гуфт:

- Ҳаргиз.

Гуфт:

- Худованд садҳо ҳазор дирҳам дар домани ту гузоштааст, боз шикоят дориву гила мекунӣ?! Пас он чӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳанӯз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.

Гирдоваранда ВОРИС, «Садои мардум»