Китобиёт

«Зиндагие баландтар аз ин зиндагӣ»

№61 (4323) 06.05.2021

Ё дурахше зебову равшан

Зиндагие баландтар2«Мехоҳам аз ҳамин аввал қотеъона ба ҷонибдорӣ аз шеър бархезам. Ба ҷонибдорӣ аз шеър, ки ҳолати олии рӯҳу ҷон аст, ки навъи олитарини ҳунар эътироф гардидааст».

Бо ҳамин оҳанги ҷиддӣ ва муборизахоҳона сарсухани китоби «Зиндагие баландтар аз ин зиндагӣ»-и Камоли Қурбонийон оғоз мешавад. Китобе, ки онро муаллиф ба 60-солагии шоири тавоно ва рӯзноманигори маъруф Абдулқодири Раҳим бахшидааст.

Чӣ зиндагие  метавонад баландтар аз ин зиндагӣ бошад, ки Камоли Қурбонийон аз он сухан мегӯяд? Албатта, зиндагии шоирона! Ҳамон зиндагие, ки рангу бӯи дигар дорад ва Абдулқодири Раҳим паём­овар аз он дунёи рамзу розҳост.

Китоб бо сабку шеваи хос эҷод гашта, таваҷҷуҳи хонандаро зуд ҷалб месозад. Тарзи кори Камоли Қурбонийон дар эҷоди асар аз ду назар зоҳир мегардад: яке чун донандаи шеър ва муҳаққиқи аҳволу осори шоир ва дигар  чун журналисти пажӯҳишгар. Ин боис гаштааст, ки матолиби китоб боз ҳам ҷолибтар шаванд.

Хонанда вақте китобро мутолиа мекунад, пай мебарад, ки Камоли Қурбонийон донандаи хуби шеър ва дар ин ҷода соҳибназар аст. Яъне, ӯ на танҳо журналисти маъруф, балки сухансанҷу суханшинос низ ҳаст. Гузашта аз ин, ӯ аз овони наврасӣ ба шеъру шоирӣ рӯ оварда, ин эҳсоси отифиро дар вуҷуд тарбият намудааст. Вай менависад: «Ба донишгоҳ барои мулоқот бо устодону шогирдон Бозор Собир, Гулрухсор ва боз якчанд шоири дигар ташриф оварданд… Баъде ки ин қисмати мулоқот ба анҷом расид, устод Бозор Собир пушти минбар омаданд ва комилан ногаҳонӣ азёд гуфтанд:

- Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,

Гар об бихоҳӣ, дили Кӯлоб биё.

Ин мақтаи як рубоии ман буд, ки дар синфи нуҳумиам навишта будам ва ҳамон ҷо хондам…

Устод боз матлаи як ғазали дигарамро азёд гуфтанд:

- Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,

Зиндагӣ бо шеъри худ оростанд».

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Камоли Қурбонийон шоир ҳам ҳаст ва ҳамин ҳисси зотӣ дар навиштани китоб ба ӯ ёрӣ расондааст.

Ҳоло дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки аз шеъру шоирӣ хушашон намеояд ва шеърро боис ба ақибуфтодагӣ медонанд. Камоли Қурбонийон ба чунинандешон посухи қавӣ медиҳад: «Фикр мекунам, дар замони муосир шеър аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст. Чаро?  Шеър бо содасозии ҷаҳон мухолифат мекунад ва онро бо ҳамаи печидагиҳояш ифода менамояд. Дар замони муосир – замони саноатисозӣ забони резинӣ, пластикӣ ё худ ғайриҳақиқӣ ҳукмфармоӣ мекунад, шеър бошад, ба он забони зинда, забони ҳақиқиро арза медорад».

Камоли Қурбонийон ба шеър нигоҳи хос дорад, вижагиҳо ва таъсири ин эҳсоси отифиро ба ҷомеа амиқ дарк месозад ва аз ҳамин мавқеъ ба дифои он бармехезад. Ӯ ба зиндагӣ, шахсият ва ҷаҳони пурас­рори шеъри қаҳрамони асар Абдулқодири Раҳим низ бо нигоҳе равшан ва ташхисдиҳанда менигарад ва аз он на танҳо лаззат мебарад, балки дар нақду шинохти он саъй меварзад.

Албатта, дарки шеъри Абдулқодири Раҳим барои хонандаи сабукандеш ва аз ирфону рӯҳи шеъри классикӣ камогоҳ сахт аст. Вале Камоли Қурбонийон ӯро аз овони донишҷӯияш мешиносад, аз ҳамон даврон бо шеър ва афкори шоир ошност: «Ман дафтарҳои ашъори Абдулқодирро бо иштиёқи том мутолиа намудам. Аллакай аз сатри якум мусиқии мафтункунандаи ғазалҳояш маро ба ҷаҳони худ кашид. Ман дар дунёи маънавие афтодам, ки ашъори ӯ эҷод намуда буданд. Ва дарёфтам, ки ӯ як инсони барҷаста ва соҳиби дили бузург аст… Ӯ маро бо донишу андешаҳои ҷолиби хеш дар бораи моҳияту рисолати инсон ва шоир ба шигифт меовард».

Ин ошноӣ идома меёбад ва Камоли журналист ва шоирро вомедорад, ки китоби «Зиндагие баландтар аз ин зиндагӣ»-ро нависад.

Асар бо шеваи дигар, бо услубе хосу диққатҷалбкунанда эҷод шудааст. Ҳар касе онро ба даст гирифт, дилбастааш мегардад ва дар як-ду нишаст китоби 336-саҳифагиро батамом мехонад. Мундариҷаи он атрофи шумораи шаст мечархад ва рамзу рози зиёдро аз зиндагӣ, афкор, осор, умр ва дунёе, ки дар он Абдулқодири Раҳим зиндагӣ кардааст, бозгӯ менамояд: «60 қоидаи зиндагии Абдулқодири Раҳим», «60 посухи хотирмони Абдулқодири Раҳим», «60 факти ҷолиб оид ба Абдулқодири Раҳим», «60 пора аз ашъори Абдулқодири Раҳим», «60 шоири беҳтарин ба пиндори Абдулқодири Раҳим», «60 сабақи зиндагӣ аз Абдулқодири Раҳим», «60 намуна аз таронаҳои Абдулқодири Раҳим», «60 сурат аз албоми Абдулқодири Раҳим», «60 қисса аз зиндагии Абдулқодири Раҳим», «60 ғазал аз бойгонии Абдулқодири Раҳим»…

Шумораи 60 пажӯҳиши ӯро хеле олӣ ба намоиш мегузорад. Ин нуктаро низ таъкид кардан бамаврид аст, ки нигоҳи журналистӣ ва назари адабиётшиносии муаллиф ба ҳам омехта, ба асар рангу бӯи хуш бахшида, ҷаззобияти онро таъмин намудаанд. Ҳарчанд муаллиф таъкид мекунад, ки «осори пурарзиши ин адиби забардастро мавриди таҳқиқу арзёбӣ қарор надодаам», аммо ба тарзи хос намунаи осори адибро дар оинаи китобаш инъикос месозад. Шахсият, афкор ва ҷаҳони ботинии шоирро тавре нишон медиҳад, ки барои беҳтар шинохтани Абдулқодири Раҳим дар дунёи адабиёт даричаҳо боз мешаванд. Ин шеваи кушоиши банди афкору ашъори шоир сабаб мегардад, ки хонанда бештару амиқтар бо дунёи маънавиву рӯҳонии адиб ва осори ӯ ошно гардад.

Ин нуктаро низ зикр кардан мехоҳам, ки китоб ду ҷанбаи муҳимро дар бар мегирад: яке ҳикмат ва дигаре огаҳӣ. Манзурам аз зикри ҳикмат маънии пурраи луғавии ин вожа аст, ки илму дониш, доноиву фазилат, ҳилму таҳаммул ва панду андарзро фаро мегирад. Масалан, вақте хонанда бо 60 қоидаи зиндагии Абдулқодири Раҳим шинос мешавад, аз он файз мебардорад. Онҳо барои камол ёфтани шахсияташ дарс мегарданд. Ба намунаи зер таваҷҷуҳ кунед: «Кори душвор пок зистан, бо имон зистан, бо муҳаббат зистан аст. Пас аз ин ҳеҷ кор душвор наменамояд — хоҳ навиштани шеъру достон, хоҳ ҳифзи фардияти худ,  хоҳ нигоҳдории чеҳраи аслии хеш…».

Ҳамин тавр, зиндагии шоир, афкору осори ӯ, рафтору пиндори ӯ пур аз ҳикмат аст ва он дар бахшҳои китоб барҷаста намудор мегардад. Рамзу рози шумораи 60 расондани ҳамин ҳикмат ва додани огаҳӣ ба хонанда аст: «Ситорашинос ба ситорае, ки кашф карда буд, номи дилдорашро гузошт. Агар дилдорашро аз рӯи муҳаббат кашф мекард, сад ситораи кашфнашуда ба саломаш меомад».

Бахши охири китоб «Соле, ки Абдулқодири Раҳим ба дунё омад, дунё чӣ вазъе дошт» ном дорад. Камоли Қурбонийон муҳимтарин ҳодисаву воқеаҳои соли 1961-ро, ки дар он шоир ба дунё омадааст, паиҳам зикр мекунад. Аз ин бахш маълум мегардад, ки он сол дар фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии олам воқеаву дигаргуниҳои муҳим рух дода будаанд. Аммо ин бахш паёми муҳими дигаре ҳам дорад. Ин паём он аст, ки «17-уми январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ дар хонаводаи махдуми Абдулҳамид тифле ба дунё омад, ки падар аз муҳаббати зиёд ба шоир Абдулқодири Бедил ба писари худ Абдулқодир ном ниҳод ва ӯ бо гузашти солҳо тавонист дар шеъри ҳазору дусадсолаи тоҷик хеле зебову рӯшан бидурахшад».

ВОРИС, 

 шоир

 P.S.  Қобили зикр аст, ки Камоли Қурбонийон барои китоби «Зиндагие баландтар аз ин зиндагӣ» ва саҳми беандоза дар рушди журналистикаи ватанӣ бо пешниҳоди идораи рӯзномаи «Садои мардум» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба Ҷоизаи ифтихории Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.