Алӣ Хуш умри кӯтоҳ дид ва ҳамагӣ 7 сол ба эҷод машғул буд. Дар 21 — солагӣ ҳамчун эҷодкори соҳибистеъдод машҳур шуд ва он қадар асар ба мерос гузошт, ки бисёр эҷодкорон наметавонанд дар 15-20 сол эҷод намоянд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар хотираҳояш менависад: «Алӣ Хуш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар баробари он яке аз журналистони беҳтарини солҳои сиюм ба шумор мерафт. Яке аз донандагони хуби забони адабии тоҷик буд. Вайро асосгузорони адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ бисёр дӯст медоштанд, ҳатто «ин фарзанди мо мебошад» гуфта, таъриф мекарданд. Алӣ Хуш бисёр ҳам қалами хуб дошт… Бештар ҳикоя, очерк, мақолаҳои публитсистӣ ва асарҳои илмиаш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуданд».
Номбурда соли 1912 дар маҳаллаи Найистони деҳаи Сари Шӯхони ноҳияи Ғарм (Рашт) ба дунё омадааст. Падари ӯ Хушмуҳаммади Давлатхуҷа деҳқон буд, аммо мушкилоти зиндагӣ ӯро қатори садҳо тан аз фарзандони Қаротегин ба мулки Фарғонаву Қуқанд ба мардикорӣ бурд. Дар набуданаш падару модараш дунёро падруд гуфтанд. Баъд аз бозгашт дар ҳавлии яке аз сарватмандони номдор — Абдукаримбойи қазноқӣ кор мекунад. Ахлоқи ҳамида ва заҳматкашии Хушмуҳаммад ба Абдукаримбой писанд меояд ва духтараш Шарифмоҳро ба ӯ никоҳ мекунад.
Шарифмоҳ, ки аз шавҳари ҷавонмаргаш як писар дошт, то дубора хонадор шудан дар ҳавлии падар зиндагӣ мекард. Хушмуҳаммад соҳиби ду писар Нурмуҳаммад ва Алимуҳаммад мешавад, Хушмуҳаммад дар 30-солагӣ вафот мекунад. Он айём Алимуҳаммад панҷсола буд.
Тағоиҳои модари Алӣ Хуш барои соҳиби савод шудани хешу табор талош мекарданд. Ин буд, ки Алӣ Хуш ҳанӯз дар синни ҳафтсолагӣ на танҳо хондан, балки навиштанро низ ёд гирифт.
Солҳои аввали ҳокимияти советӣ дар ноҳияҳои дурдаст мутахассисон намерасиданд. Алӣ Хуши дувоздаҳсола бо дониш ва ақлу заковаташ байни калонсолҳо машҳур буд. Биноан, дар ҷаласаи ҷамоати деҳоти Қазноқ ӯро котиб интихоб карданд. Дар ин вазифа як сол кор мекунад. Соли 1925 тумани Нусратобод таъсис мегардад ва ӯро котиби кумитаи инқилобии он таъин мекунанд. Вай дар ин вазифа то соли 1928 фаъолият намудааст.
Алӣ Хуш дар баробари корҳои давлатӣ таҳсилро дар мактабҳои сохти нав идома дод. Бояд гуфт, ки ба ҳаёти минбаъдаи ӯ ва бародараш Нурмуҳаммад муаллими ҳисорӣ Мирзо Солеҳ таъсир расондааст. Бо тавсияи Мирзо Солеҳ соли 1928 Алӣ Хуши 18-сола барои таҳсил озими шаҳри Самарқанд мегардад. Дар мактаби дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд, ки дар бинои мадрасаи Шайбонихон фаъолият мекард, таҳсил мекунад. Шиносоӣ бо муҳити адабии Самарқанд ҷаҳонбинии Алӣ Хушро инкишоф дод. Ӯ, ки аз хурдӣ ба адабиёт шавқи беандоза дошт, аз ашъори шоирони гузашта байтҳои зиёдро аз ёд медонист. Дар як вохӯрӣ оид ба масъалаҳои забон суханронӣ кард. Намедонист, ки он ҷо Айнӣ ҳузур дорад. Суханронии вай ба устод хуш омад.
Қаҳрамони матлаб дар Самарқанд бо Абдусалом Деҳотӣ низ шинос шуд. Моҳи феврали соли 1930 дар шаҳри Тошканд Конференсияи тоҷикшиносӣ оғоз ёфт. Устод Айнӣ намояндагони Тоҷикистонро сарварӣ мекард. Алӣ Хуш ва Абдусалом Деҳотӣ, ки ҳанӯз таҳсилро ба анҷом нарасонда буданд, дар қатори вакилон ба Тошканд рафтанд. Онҳоро ба ҳайати котибот интихоб карданд. Бо супориши устод Айнӣ Алӣ Хуш аз минбари конференсия андешаронӣ кард.
Дар Сталинобод фаъолиятро дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ҳайси ходими адабӣ оғоз намуд. Алӣ Хуш то рӯзи ба ҳабс гирифтан дар ҳамин рӯзнома ифои вазифа намудааст. Дар як ҳуҷраи хурд ҳамроҳи Мирзо Турсунзода мезист.
Даврае буд, ки пантуркистҳо хеле фаъол буданд, ҳатто дар ҷумҳурии мо низ пайравони зиёд доштанд. Алӣ Хуш ба навиштани мақолаҳое шурӯъ кард, ки ба ҳифзу манфиати миллӣ нигаронда шуда буданд. Мақолаҳои ӯ «Ниқоби рӯи миллатчиён медарад», «Бисёртар ҳушёрии инқилобӣ», «То охир решакан мекунем», «Боз ҳам пантуркистӣ, боз ҳам иғвогарӣ» ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.
Соли 1936 Алӣ Хуш асари нахустинашро оид ба фолклори тоҷик омода намуд ва барои таҳрир бо А. Болдиров суҳбат кард. Онҳо нимаи аввали соли 1937 нахустин «Намунаи фолклори тоҷик»-ро тартиб доданд. Аммо баъд аз ба табъ расидани китоби мазкур номи Алӣ Хуш аз он гирифта шудааст.
Дар ин давра адиб ба навиштани асарҳои таърихӣ рӯй овард. Қиссаҳои «Шӯриши Усмон» ва «Шестапалов» -и вай аз ҷониби устод С. Айнӣ баҳои баланд гирифтанд.
Сафи эҷодкорони ҷавон сол то сол зиёд мешуд. Устодони соҳибтаҷриба Айнию Лоҳутӣ онҳоро тарбият мекарданд. Турсунзодаву Миршакар, Икромию Улуғзода, Деҳотию Раҳимзода, Аминзода… Алӣ Хуш дар сафи пеш меистоданд.
Соли 1933 дигаргуниҳои бузург дар водии Вахш буд. Сохтмони канали калони Вахш ба анҷом расид. Аз дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ноҳияҳои водии Вахш 8482 хоҷагӣ муҳоҷир карда шуд.
Алӣ Хуш аз рӯзгори мардуми созандаву бунёдкори водии Вахш қиссаи калон навишта, ба он «Ду фронт» ном гузошт ва чанд пораашро дар рӯзнома чоп кард.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Худойназар Асозода дар бораи ин асар мегӯяд: «Қиссаи «Ду фронт» орзуи умеди ҷавонест, ки мехоҳад дар зудтарин фурсат Тоҷикистонро дар ҳама бахш пешрав бинад. Ҳанӯз дар 80 соли пеш як ҷавони 24 — 25 — сола ба аҳамияти иқтисодӣ доштани рӯдхонаҳои Тоҷикистон сарфаҳм рафта буд. Беҳуда нест, ки дар миёни аҳли адаби солҳои сиюми асри ХХ Алӣ Хуш ҳамчун кашшофи водии Вахш ном бароварда буд ва ба қавли шоир Мирсаид Миршакар, «Алӣ аввалин нависандаи тоҷик буд, ки ба навиштани повест дар бораи сохтмони Вахш ҷуръат кард».
Оғози соли 1934 Алӣ Хуш узви Иттифоқи нависандагон шуд ва қатори дигарҳо ӯро низ ба анҷуман даъват карданд.
Баъд аз як рӯзи анҷоми анҷуман таҳти раёсати устод Абулқосим Лоҳутӣ пленуми якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Дар он Алӣ Хуш раиси комиссияи тафтишот интихоб шуд. Ҳамчунин, мудирии хазинаи адабии Иттифоқи нависандагонро ба зиммааш гузоштанд.
Соли 1931 бо заҳматҳои Алӣ Хуш бо номи «Иди шашсолагии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» китобча ба нашр мерасад.
Мавсуф ба навиштани романе бо номи «Қинғола» шурӯъ кард. Онро соли 1937 ба анҷом расонида, барои баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод намуд. Асар ба чоп тавсия шуд, аммо то ҳол аз он нишоне нест.
Соли сию ҳафтро дар таърих соли сиёҳ меноманд. Соле, ки ба сари мардум ҳар рӯз сад бало меовард. В. Верховский бо унвони «Душманони миллати тоҷик» дар рӯзномаи «Правда» мақолаи ғаразнок навишт. Баъд аз нашри мақола дар Тоҷикистон ҳам ҳоли аҳли адаб бад шуд. Онҳое, ки базӯр чанд ҷумла менавиштанд, пешсаф гардиданду адибони асил бадном.
Алӣ Хушро ба ҳабс гирифтанд. Ҳамроҳи ӯ беҳтарин қаламкашонро маҳбас карданд. Икромию Улуғзода, Баҳриддин Азизӣ, Рашид Абдулло, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Раҳим Ҳошим… Онҳое, ки гули сари сабад буданд, дар ҳуҷраҳои танги зиндон азият мекашиданд.
Алӣ Хушро думрави душманони халқ, миллатчӣ тасвир карда буданд. «Миллати ӯзбекро бад мебинад ва нисбат ба мардуми ӯзбекзабон бадгӯӣ мекунад», — навишта буд нафаре.
Баъд аз ба ҳабс гирифтани Алӣ Хуш дар рӯзномаи дӯстдоштааш «Тоҷикистони сурх» мақола чоп шуд. Муаллифон бо як «дилсӯзӣ» аз адолати давлати Шӯравӣ сухан гуфта, беҳтаринҳоро ба ношукрию суиистифода аз мансаб гунаҳкор мекарданд. Навишта буданд, ки «Душманони халқ, миллатчиёни буржуазӣ Мавлонбеков, Абдинов, Дайламӣ, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдулло, Рашид Абдулло, Алӣ Хуш ва насли ин гурӯҳи душманон ба Иттифоқи нависандагон ҷой шуда, дар вазифаҳои роҳбарии он истода, мақсади ифлос ва хоинонаи худро пинҳонӣ ва рӯирост давом дода омадаанд. Онҳо ба як қисми муҳими санъат адабиёти нафис-буҳтонҳои антисоветиро бор карда, адабиёти нафисро барои мақсадҳои аблаҳонаи худ истифода бурданӣ шуданд…».
Дар бораи марги ин адиб ва журналисти ҷавон тахминҳо зиёд буданд. Яке мегуфт, ки соли 1938 ҳукми паррон гирифтааст. Дигаре мегуфт, ки ба майдони ҷанг фиристода шудааст ва дар роҳ баъди бемории вазнин вафот кардааст. Баъдтар, дар китоби «Адибони Тоҷикистон» соли фавти ӯро 1942 гуфтанд.
Баъд аз бист сол — 27 июли соли 1957 Коллегияи Суди Олии СССР Алӣ Хушро сафед кард.
Ягона фарзандаш Шоҳин давраи наврасиашро дар деҳаи Қазноқ гузаронидааст. Аз нақли шоҳидон маълум мешавад, ки устод Мирзо Турсунзода ба хонаи Алӣ Хуш омада, аз аҳволи пайвандонаш хабар мегирифтааст. Соли 1946, ҳангоме ки Шоҳин дар синфи якум таҳсил мекард, устод Турсунзода ҳамроҳи устод Боқӣ Раҳимзода ва файласуфи шинохтаи тоҷик Баҳоуддинов ба хонаи Алӣ Хуш меоянд. Бо Шарифмоҳу Гулсимо ва Фатҳиддин суҳбат мекунанд.
Баъд аз сафед шудани Алӣ Хуш Шоҳин ҳамроҳи модараш Гулсимо ба шаҳри Сталинобод кӯч бастанд ва дар маҳаллаи Ҳаёти нав истиқомат мекунанд. Шоҳин асарҳои навиштаи падарашро аз форсӣ ва лотинӣ ба хатти кириллӣ баргардонда, дар шакли китоб чоп мекунад. Нашри нахустин маҷмӯаи асарҳои Алӣ Хуш баъди маргаш, ки «Дар бағали кӯҳҳо» ном дорад, хизмати фарзанди ӯст.
Шоҳин ба тотордухтаре оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд мешавад. Ба духтараш Ситора ва писараш Нуралӣ ном мегузарад. Ситора Алиева мутахассиси соҳаи киност ва дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад. Нуралӣ баъд аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як муддат ба ҳайси омӯзгори тайёрии ҳарбӣ ва варзиш дар мактаби миёнаи №3-и деҳаи Қазноқ кор кардааст. Ҳоло дар шаҳри Москва истиқомат дорад. Мураббии яке аз маҳфилҳои варзишии шаҳри Москва оид ба гӯштини дзюдо мебошад.
Дар шинохти адиби мубориз Алӣ Хуш олими маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров хизмати арзанда кардааст. Олими варзида Маҳмуди Шодӣ дар ин боб хеле хуб нигоштааст:
«Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар миёни адабиётшиносон нахустин нафаре, ки ба эҷодиёти Алӣ Хуш таваҷҷуҳ зоҳир намудаву зарурати таҳқиқи онро ба миён гузоштааст, адабиётшинос Соҳиб Табаров аст. Зеро маҳз бо тавсияи ӯ соли 1959 шогирдаш С. Саидов вобаста ба мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Алӣ Хуши Найистонӣ» бо ашхосе ҳамсуҳбат шудаву ёддоштҳо гирд овардааст, ки Алӣ Хушро аз наздик мешинохтанд».
Асарҳои устод Соҳиб Табаров «Адиб, публитсист, журналист», «Адиби ватанпарвар» ва «Алӣ Хуш» дар шинохти адиби ҷавонмарг хизмати арзанда буд.
Дар яке аз суҳбатҳо фарзанди Фатҳидин, бародари Алӣ Хуш — Зикруллоҳ ба ман китоби А. Маҳмадаминов «Адиби мубориз»-ро туҳфа кард, ки дар омӯзиши ҳаёту фаъолияти адиб бароям ёрӣ расонд.
Адабиётшинос Маҳмуди Шодӣ, ки солиёни зиёд оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Алӣ Хуш тадқиқот мебарад ва рисолаи номзадиаш низ ба ин адиби номвар бахшида шудааст, аз ҷумла навиштааст: «Зиндагии Алӣ Хуш аз он ибратомӯз аст, ки ӯ чун як рӯзноманигору адиби муборизу фаъол ҳамеша дар сафи пеши кор буд.
Қиссаи «Шӯриши Усмон», очерку ҳикояҳои «Ман аз ҳеҷ ҳар чизам», «Салимҷон ифтихори мост», «Дар бағали кӯҳҳо», «Ҷавонони далер», «Шестопалов», «Як қаҳрамони аср», «Фатҳ ҳамеша аз мост», «Гулдаста», «Аз болои Ҷелонтоғ», «Дар палатаи рақами 2», «Шарафи кор», мақолаҳои «Мубориза, ғалаба ва ифтихор», «Боз ҳам пантуркистӣ, боз ҳам иғвогарӣ», «Саноати нафти Санто» «Пахта коштед ё ғумай?!», «Об дар пахта, обмон дар хона», «Ба бесаводии 5 ҳазор нафар кӣ ҷавобгар мешавад?» ва садҳо навиштаи ӯ пураҳамият буда, рӯзгори тоҷику тоҷикистониёнро дар як марҳилаи муҳим ва сарнавиштсоз ба тасвир гирифтаанд».
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»