Зиндаву ҷовид монд…

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

5Ӯ баъд аз бозгашт аз шаҳри Хуҷанд чанд рӯз рухсатӣ гирифту ба зодгоҳаш баргашт. Гарчанд дар ноҳияи Рашт ҳанӯз садои тир баланд мешуд ва хуни инсон мерехт. Омаду нотарсона ба деҳаҳои  дуру наздик сафар кард. Бо сокинони маҳаллӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронд. Дар вохӯриҳо оид ба натиҷаҳои иҷлосия, дар бораи Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон самимӣ, бо муҳаббат ҳарф мезад ва бо итминон таъкид мекард, ки акнун дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ барқарор мегардад. Мардум метавонанд оромона паи зиндагии хеш бошанд.

Мегуфт, ки Сарвари ҷавони дилсӯзу ватандӯст метавонад ормону орзуҳои тамоми мардуми Тоҷикистонро амалӣ кунад. Мегуфт, ки наслҳои оянда дар бораи аҳамияти Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ҷилд — ҷилд китобҳо менависанду хизмати вакилони халқро қадр хоҳанд кард. Мардуми водии Рашт ба ҳарфи ӯ бовар доштанд, зеро солиёни зиёд дар корҳои роҳбарӣ умрашро сарф карда, бо меҳнати ҳалол соҳиби обрӯ ва эҳтироми ҳамдиёронаш гашта буд. Ӯ ба мардум нотарсона ҳарфашро мегуфт.На аз тири мухолифин ҳарос дошту на аз мушти эшон. «Сарвари давлат барои тамоми мардуми кишвар талош мекунад. Шумо ҳам силоҳро ба замин гузореду паи зиндагии осоишта шавед», — мегуфт ӯ. Борҳо буни гардан мушт хӯрду ҳақорат шунид. Борҳо милли туфангро рӯи синааш гузоштанду таҳдид ба маргаш карданд, вале ӯ аз ҳарфаш намегашт. Содиқона ва самимӣ дар бораи иҷлосия ва ояндаи кишвари тоҷикон сухан мегуфт…   

Ходими давлатию ҷамъиятӣ, инсони покдилу нексиришт Туғон Абдуҷабборов  15-уми апрели соли 1948 дар деҳаи Қуллои ноҳияи Рашт дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушода, даврони тифлию кӯдакиашро бо падару модар гузаронидааст. Солҳои аввали мактабхонӣ ба даврае рост омад, ки дар мамлакат харобаҳо ва оқибатҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқарор карда мешуданд. Зери роҳбарии падари бузургвораш, ки шахси босавод, донандаи хуби ашъори шоирони классики тоҷику форс буд ва роҳнамоии омӯзгорон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард. Соли 1964 мактаби миёнаро бо шаҳодатномаи аъло ба итмом расонид. Ҳамон сол ба факултети гидромелиоративии Донишкадаи аграрии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикис­тон ба номи Ш. Шоҳтемур) ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ гардид.

Соли 1969 пас аз хатми донишкада ӯро барои кор ба ноҳияи Ғарм роҳхат доданд. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси сардори Раёсати обтаъминкунии гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм оғоз намуд. Соли 1975 ба вазифаи сардори КСМ № 23-и ноҳия таъин гардида, то соли 1981 меҳнат кард. Сипас ӯро ба Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи шаҳри Киеви Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина фиристоданд.

 Солҳои 1981-1985 дар вазифаҳои сармуҳандис, роҳбари трес­ти ­«Таджикремвод­ст­рой»-и ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) кор кард ва  соли 1985  ӯро  ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи совети депутатҳои халқи ноҳияи Ғарм таъин намуданд.

Соли 1988 Туғон Абдуҷабборов ба вазифаи котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Кӯйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) таъин гардид.

Соли 1990 меҳнаткашони ноҳияи Куйбишев ӯро ба сифати намояндаи худ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Ӯ солҳои 1991-1992 дар  вазифаи  мудири  шуъбаи  сохтмони асосии ҷамъияти ҷумҳуриявии «Главтаджикводстрой»,  солҳои 1992-1994 дар вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ватан дар хатар буду давлату миллати моро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекард. Дар як муддати кӯтоҳ ду президент ва чандин раисони Шӯрои Олӣ ба истеъфо рафтанд. Дар ҳамин гуна вазъияти ногувор аввалин шахсиятҳое, ки барои аз гирдоби ҷанги ҳамватании таҳмилӣ раҳо додани мамлакати ба хун оғушта кӯшиш карданд, вакилони Шӯрои Олии ҷумҳурӣ буданд. Онҳо зарур донистанд, ки барои наҷоти Ватан Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъват карда шавад ва он аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар қатори дигар вакилони Шӯрои Олӣ дар иҷлосия Туғон Абдуҷабборов ҳам иштирок дошт ва барои таъсиси Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани ҷавонтарин вакили он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи рамзҳои давлатии Ватанамон — Парчам ва Нишони давлатӣ раъй додааст.

Дар ҳамон айём ноҳияи Ғарм яке аз нуқтаҳои даргири ҷанги хонумонсӯзи ҳамватанӣ дониста мешуд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъият Сайдулло Хайруллоевро, ки то ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ кор мекард, ба ҳайси раиси ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ва Туғон Абдуҷабборовро ба сифати муовини якуми раис ба кор фиристод. Баъд аз як сол С. Хайруллоевро ба пойтахти ҷумҳурӣ ба кор бурда, Т. Абдуҷабборов ба вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин шуд ва то соли 1999 дар ин вазифа кор кард. Давраи аввали роҳбарии мавсуф ба замоне рост омад, ки қувваҳои мухолифи давлат пурқудрат гардида, раиси ноҳияро фаъолият кардан намемонданд, вале бо ташаббус ва зери роҳбарии қаҳрамони матлаб бо мақсади аз ҳолати ногувор баровардани ноҳия ва аҳолии он чандин бор бо мухолифин гуфтушунид анҷом дода шуда,  ӯ дар ин давра қувваю маҳорат, дониш ва таҷрибаашро сарф кард, ки ду тарафро ба ифоқа биёварад, оташи ҷангро хомӯш созад, ашки ғамро ба ашки шодӣ табдил диҳад, ниҳоли душманӣ барканаду дарахти дӯстӣ биншонад, раиятеро, ки ихтиёраш ба дасти ӯ гузошта шуда буд, аз вайронӣ ба сӯи ободӣ роҳнамо гардад, дар дили онҳо шамъи умедро фурӯзон намояд.

5-1То ҷое тавонист, талош кард, то рисолати худро ҳамчун як ватанпарвар дар назди ҳамватанон иҷро намояд. Аз аввалинҳое буд, ки ба узвияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил гашта, аз сиёсати ободкоронаву созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кард.

Соли 1999 Т. Абдуҷабборовро даъват намуданд дар вазифаи мудири бахши экологии шуъба оид ба вазъияти фавқулода ва офатҳои табиии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намояд. Баъдан, то соли 2004 дар вазифаҳои муовини менеҷери минтақавии «Барномаи барқароркунӣ, навсозӣ ва рушди СММ», сардори Раёсати геодезия ва харитасозии Агентии «Харитасоз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Солҳои 2004 -2011 вазифаи директори Маркази модули ноҳияи Раштро ба уҳда дошта, дар соҳибкасб гардидани садҳо нафар шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.

Ӯ баъд аз ба нафақа баромадан низ донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаи худро барои рушди хоҷагии халқи мамлакат сарф намуд.

Хизматҳои бисёрсолаву арзандаи ӯ бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карда шудаанд.

Марги бемаҳал ин марди шарифу инсони комилро баъди бемории тӯлонӣ 6-уми ноябри соли 2021 дар 73-солагӣ аз байни мо бурд.  Ӯ имрӯз ҷисман миёни мо нест, лекин  хотираи некаш абадӣ дар қалбҳост. Барҳақ гуфтаанд:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»,

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

Рӯзноманигор