Зиннатулло Исмоилзода: «Академияи ВАО такмили таҷриба аст»

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

1018197838Аз таъсиси Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикис­тон» ду сол пур мешавад. Дар рӯзи ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва барои муайян кардани вазифаву самти фаъолияти муассиса дастуру супоришҳо доданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд: «Академияи воситаҳои абори оммаи Тоҷикистон воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад».

Баҳри огаҳии бештар пайдо намудан аз кору фаъолияти ин муассиса бо директори он Исмоилзода Зиннатулло суҳбате оростем.

- Бигӯед, ки чӣ заминаву воситаҳое барои бунёд ва фаъолияти пурсамари Академияи ВАО-и Тоҷикистон муассир буданд?

- Бояд иқрор шуд, ки моҳҳои аввали фаъолият бо душвории зиёд мувоҷеҳ гаштем. Зеро академия, дар навбати аввал, моҳияти такмили ихтисосро дорад ва наметавонист, ки дар доираи барномаву нақшаҳои таълимии факултаҳои журналистӣ фаъолиятро ба роҳ монад. Бо гузашти замон, бо такя ба омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва бо истифода аз неруи илмиву таҳқиқӣ муассиса фаъолиятро тибқи барномаи мушаххас ба роҳ монд. Дар соли аввал 9 машғулият ва дар соли дувум 13 машғулияти омӯзиширо роҳандозӣ гардид.

Бо дарназардошти мушоҳидаву омӯзиш ва дархости идораҳои ВАО дар академия он устодонеро барои таълиму тадрис ҷалб менамоем, ки дар фазои иттилоотии кишвар ва берун аз он мақому нуфуз доранд. То имрӯз 179 нафар корманди воситаҳои ахбор соҳиби шаҳодатномаи Академияи ВАО-и Тоҷикистон шудаанд.

- Оё аз ҷониби кормандони шумо таҳлилу назарсанҷӣ вобаста ба фаъолияти ВАО-и ҷумҳурӣ гузаронида мешавад?

- Академияи ВАО аз рӯи нақшаву барномаҳои муайян бо ҷалби мутахассисону коршиносон назарсанҷӣ ва таҳлилҳоро ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ба идораҳои воситаҳои ахбор пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, ин гуна назарсанҷиҳо дар мавриди аудиторияи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ дар вилоятҳои Суғд, ВМКБ, Хатлон, НТМ ва шаҳри Душабе гузаронида шуданд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тадқиқоти сотсиологӣ беҳтарин роҳи муайян кардани вазъи ин ё он масъала мебошад.

- Шумо дар бораи шароити ҷаҳони муосир ишора кардед. Воқеан ҳам, дунё босуръат пеш меравад. Ин нукта ҳангоми таҳсил ва фаро гирифтани кору таҷрибаандӯзӣ дар академия то чӣ андоза ба инобат гирифта мешавад?

- Рисолати академия он аст, ки дар он журналистон таҳсил намудаву таҷриба омӯхта, бештар ҳассосияти касби журналистиро дар шароити нав фаро гиранд. Ҳамин аст, ки суҳбатҳои гирди миз ва дарсҳои маҳорати академия қолабиву нусхабардорӣ нестанд ва ба таври озод дар онҳо баҳсу масъалаҳои рӯз баррасӣ мешаванд. Мо завқу муроҷиати журналистонро ба инобат мегирем ва тартиби баргузории омӯзишҳо низ мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ монда мешаванд.

Ташрифу боздиди меҳмонону журналистони хориҷӣ ба муассиса ба ҳукми анъана даромадааст. Масалан, соли 2017 барои тадрису табодули таҷриба ноиби президенти Академияи АвруОсиё, публитсисти шинохта Кипрас Можайка, дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Перми Россия Иван Печишев ва намояндагони Ширкати овозадори SONY даъват шуда буданд.

- Дар рушди илми журналистикаи тоҷик академия чӣ корҳоро метавонад анҷом диҳад?

- Мо мехоҳем дар академия базаи пурқуввати илмиро ба вуҷуд оварем. Беҳтарин олимону публитсистон ва собиқадорони ВАО-ро дар ин роҳ ҷалб намуда, самтҳои наву замонавии таҳқиқношударо мавриди пажӯҳиш қарор диҳем. Алҳол ҷалби олимону муҳаққиқон ба академия торафт бештар гардида, таҷрибаи журналистикаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аз равзанаҳои мухталиф баррасиву таҳлил шуда истодааст.

- Шумо дар бораи ба вуҷуд овардани базаи илмӣ дар академия суҳбат кардед. Оё дар ин замина корҳои амалӣ сурат мегиранд?

- Академияи ВАО ҳар сари чанд вақт конфронсу суҳбатҳои гирди мизи илмиро барпо карда истодааст, ки натиҷаи онҳо дар шакли алоҳида ба табъ мерасанд. Зимни ҳамоишҳо аудитория низ фаъол аст, ба он журналистону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон бештар ҷалб мешаванд. Агар академия соли 2016 танҳо ду ҳамоиши илмиро бо ҷалби 52 нафар баргузор карда бошад, соли дуюми фаъолият 6 суҳбати гирди мизу конфронсҳо бо ҷалби 750 нафар баргузор гардиданд. Чанде пеш ҳамоиши илмие дар мавзӯи «Публитсистикаи замони истиқлол» баргузор шуд, ки дар он чор нафар доктори илм, панҷ номзади илм ва дигар собиқадорону унвонҷӯёни соҳа маърӯза карданд.

- Базаи моддиву техникии академия дар кадом поя аст?

- Як омили пойдории ҳама гуна маркази илмӣ фароҳам овардани базаи моддиву техникӣ мебошад. Имрӯз аз тариқи лоиҳаҳои махсус дастгоҳҳои наву замонавии сабти садову симоро (камераҳо, диктофонҳо, тахтаҳои электронӣ, компютерҳо ва ғайра) аз хориҷи кишвар дастрас намуда истодаем. Академия бо интернети баландсуръат таъмин аст ва алоқамандон дар китобхонаи электронӣ дониши худро сайқал дода метавонанд.

- Дар такмили касбияти журналистон чӣ пешравию норасоиҳо ҷой доранд? 

- Таҳқиқ ва таҷрибаи кӯтоҳ ҳангоми ҷалби журналистон барои такмили касб собит намуда истодааст, ки дар ин самт ҳанӯз норасоиҳо кам нестанд. Касбияти аксари журналистони ҷавон дар сатҳи паст қарор дорад ва журналистони нисбатан калонсол дар такмили таҷриба чандон завқманд нестанд. Академияи ВАО ин такмили таҷриба аст ва ба ин даргоҳ онҳое меоянд, ки бояд аллакай аз бисёр паҳлуҳои нозуки касб огаҳ бошанд. Аз ин рӯ, бояд  омодагии ибтидоии журналистони ҷавон дар факултетҳои журналистӣ ба таври ҷиддӣ бознигарӣ шавад. Масъулон бояд огаҳ бошанд, ки факултетҳои журналистӣ моҳияти идеологии қавӣ доранд ва ягон соҳаи дигар чунин имкону иқтидору неруро надорад. Дар ин самт танҳо заминаи дуруст кафолати бақову устувории иделогияи миллист.

То имрӯз дар таълиму тадриси журналистшавандаҳо нақшаву қолабҳои шӯравӣ ба назар мерасанд. Донишҷӯ ба омӯзиши фанҳое сарукор мегирад, ки  хеле кам ба ихтисоси ӯ робита доранд. Ба таври мисол, бояд омӯзиши фанни журналистикаи сиёсӣ дар қиёс бо фанҳои умумии фалсафаву сиёсатшиносиву сотсиологияву амсоли он ба маротиб бештар бошад. Журналис­тикаи иқтисодӣ, варзишӣ, ҳарбӣ, техникӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо дар шароити феълӣ зарурати бештар пайдо карда истодаанд. Аз таҷрибаву таҳқиқ маълум мешавад, ки бисёр масъалаҳои марбут ба журналистикаро қаламкаши ҷавон баъдан дар идораҳои гуногуни ВАО аз худ менамояд, ки ин раванд аллакай таъхир дар шароити ҷаҳонишавист.

Ҳамчунин, зарур аст, ки омӯзгорони факултаҳои рӯзноманигорӣ, дар навбати аввал, худашон ин касбро донанд. Албатта, мо ба иззати нафси ҳама устодони факултаҳои журналистӣ расиданӣ нестем. Аммо  бояд донист, ки  гап танҳо сари унвонҳои илмӣ намеравад ва дар шароити ҳассос касбият аз унвонҳо муҳиму афзалтар аст. Маълум аст, ки маълумоти базавӣ ва истеъдоди табиии устодон дар тарбияи журналистони касбӣ нақши зиёдтар дорад. Омӯзгорон бояд аз қолабҳои наву куҳнаи жанрӣ воқиф бошанд, моҳияти иҷтимоии матлабро дарк намоянд ва ба дарки оҳанги рӯз бирасанд.

Барои ҳар як омӯзгори мактаби журналистӣ эҳсоси ватандӯстиву миллатдӯстӣ аз ҳама муҳим мебошад. Масалан, омӯзгоре, ки эҳсоси садоқатмандонаи миллӣ надошта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ хусусияти патриотизми осори иҷтимоии Садридин Айниву Бобоҷон Ғафурову Абулқосим Лоҳутӣ барин шахсиятҳоро ба насли ҷавон фаҳмонда наметавонад ва ё намехоҳад.

- Шумо чӣ пешниҳод доред?

- Зарур медонем, ки омӯзгорони макотиби журналистӣ дар идораҳои радиову телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатман ба сифати ҳамкор фаъолият дошта бошанд. Устоде, ки бо ВАО ҳамкорӣ намекунад. ҳуқуқи маънавии тадриси журналистони ҷавонро надорад. Аз рӯи таҳқиқҳо маълум гардидааст, ки барномаи таълимии журналистшавандаи ҷавон дар ИМА аз 1-2 сол бештар нест ва устодони онҳо дар идораҳои ВАО кор мекунанд. Дар тренингҳо барои мо баъзан ошкор мешавад, ки хатмкардаҳои факултетҳои журналистӣ аз одитарин чизҳои ҷузъӣ огоҳ нестанд. Журналистони ҷавон техникаву технологияи радиову телевизион, дизайну ороиши рӯзнома, хусусиятҳои PR, сабку услуб ва дигар ҷанбаҳоро пурра сарфаҳм намераванд. Аз ин ҷиҳат тадрис ва масъалаи таълим дар факултетҳои журналистӣ ба таҷдид ва ислоҳот ниёз дорад.

- Имрӯз чунин ба назар мерасад, ки дар ВАО бахши публитсистика каме заиф гаштааст. Академия дар ин самт чӣ корҳоро анҷом дода метавонад, ки муассир бошад?

- Маълум аст, ки аксар журналистон дар синни муайяни камолот ба  публитсистика рӯ меоранд. Албатта, публитсистика дар ҳама зина вуҷуд дорад, аммо пайдошавии асарҳои нисбатан муҳташами мустанад чун осори мондагор ба моли таърих табдил меёбанд. Аз ин рӯ, дар Академияи ВАО ба ин масъала диққати махсус дода мешавад ва барои тадрису такмили таҷрибаи журналистон беҳтарин очеркнависону эссеистҳо даъват карда мешаванд. Дар ҳақиқат, публитсистика неруи хоси муътақидсозӣ, оромбахшӣ ва умедбахширо доро буда, ба психологияи ҷомеа таъсири бузург дорад. Ишораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид бесабаб нест: «Вақти он расидааст, ки адибон бештар ба таҳияи мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замони ноором огоҳ бисозанд».

Дар партави ин ҳадаф академияи ВАО-и Тоҷикистон ваҳдати афкори солимро бештар ҷонибдориву пайгирӣ менамояд.

ВОРИС,

«Садои мардум»