Зиёиён неруи бузурги эҷодии ҳар давлату миллат ба шумор рафта, дар пешрафти ҷомеа нақши босазо доранд. Олитарин офаридаҳои моддиву маънавии башарият маҳсули хираду заковати онҳо мебошанд. Ба ҳамин хотир, дар ҳама давру замон ба густариш ва рушди сармояи ақлонӣ ва моликияти зеҳнии онҳо диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон баробари талошҳои пайваста ба хотири рушди мунтазами иқтисодиёт ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёт низ аҳамияти хоса зоҳир гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои пешрафти фаъолияти зиёиён, рушди муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиву таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста тадбирҳои самарабахш меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои аҳли зиё ва нақши боризашон дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоии кишвар арҷ мегузоранд. Баргузории вохӯрии анъанавии ҳарсола, қадршиносии намояндагони аҳли зиёи ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити кору зиндагӣ барои онҳо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи ин гуфтаҳост. Ҳар сол чун анъанаи нек дар фасли зебои баҳор мулоқоту суҳбатҳои самимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни мамлакат — аҳли илму адаб ва фарҳанг баргузор мегардад. Ин мулоқотҳо ҳадафи созанда доранд. Мақсад аз ҳар иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳайё кардани шароити мусоид барои зиёиёни кишвар бобати таҳқиқу эҷодкорӣ ва кашфиёту ихтирооти техникиву технологии муосир мебошад.
Зимни ҳар як мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагию эҷоди аҳли зиёи мамлакат талошу иқдомҳои судманду созанда ба миён мегузоранд. Ҳар як мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё муждаи наве меорад. Рӯзи вохӯриҳои анъанавӣ дар кишвар иншооти нави таъиноти гуногун ифтитоҳ меёбанд ва бо маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ашъори шоирони классику муосир рӯи чоп меоянд.
Мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни ҷумҳурӣ 20 марти соли 2013 барои сокинони кишвар хотирмон буд, зеро дар он рӯз дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Душанбе Осорхонаи бошукӯҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт. Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии миллат мебошад ва нақши он ҳамчун оинаи таърихи халқамон бузург аст.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Осорхона — оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад.
Мулоқоте, ки 20 марти соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар доштанд, фарқияти хос дошт. Ин навбат дар вохӯрии анъанавӣ Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бонуфуз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёнро дар тарғиби аҳамияти Наврӯз махсус таъкид намуданд. Иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷаҳонӣ гардонидани Наврӯзи Аҷам баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи ақлонӣ диққати махсус диҳад, зеро инкишофи неруи ақлонӣ гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди он маҳсуб мешавад.
Дар солҳои истиқлолият аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии неруи ақлонӣ, фаъолияти эҷодӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Санади муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 40-уми он омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад, озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».
Бешак, рушди ҳар як ҷомеа ба ташаббус ва фаъолияти зиёиён вобастагии зиёд дорад. Зеро дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ, бунёд ва ташаккули низоми ҷамъиятӣ дар ҳама давраи таърихӣ, пеш аз ҳама, маҳсули андешаву хиради зиёиён ва истеъдоду маҳорати онҳо мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёиёни мо, ки парчамбардорони андешаҳои олии башардӯстонаи аҷдоди бузурги хеш мебошанд, бояд ин маъниро беш аз пеш дарк намоянд ва онро ҳамеша бо пиндору гуфтору кирдори худ дар ҷомеа талқин созанд. Ҳамчунин, бо кору пайкори худ Истиқлолияти давлатиро чун неъмати гаронбаҳо ҳифз намоянд, онро ҳамвора таҳким бахшанд, ҷаҳони маънавии халқамонро ғанитар ва рангинтар гардонанд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих,
профессор,
Самариддини АЙНИДДИН,