Ҷиҳати иштирок дар Фестивали байналмилалии 42-юми Фаҷр ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.
Тавре роҳбари театр Отахон Саидзода иттилоъ дод, онҳо дар ин фестивал бо драмаи Ҷумъа Қудус «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки онро Баҳром Қурбонзода ба саҳна гузоштааст, бори аввал иштирок менамоянд.
Нақшҳои асосиро дар намоишномаи «Зол ва Рудоба» Фирдавсии Турдиалӣ (Зол), Дилафрӯз Саидова (Рудоба), Отахон Саидзода (шоҳ Манучеҳр), Муҳаммад Шомуддинов (шоҳ Сом) ва Меҳрӣ Ҳоҷибоева (Синдӯхт) бозӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати эҷодии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соли 2023 бо ин намоишнома дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардида буд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»