Соли 2024 беш аз 210 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон омада, бо шарикони хориҷӣ беш аз 150 санади байналмилалӣ ба имзо расидааст, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳоро боз ҳам таҳким мебахшад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Баргузории бомуваффақонаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имкони тасмимгириҳои муҳимро барои ҳамкорию ҳамёрӣ фароҳам оварда, бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст шуд, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи глобалии об бори дигар собит кард, — иброз намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28 санад, Қазоқистон — 16, Қатар — 9, Ҷумҳурии Мардумии Чин — 29 ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 9 санади ҳамкорӣ имзо кард.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо 186 кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.
Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ироаи ташаббусҳои нав дар СММ иқдом гирифт, ки «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034», «Рӯзи байналмилалии морхӯр» ва «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон шавад, ки онҳо тавассути қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо ифодагари нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳою гуногунии табиат ва варзиш, дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
- Яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар соли сипаригардида он буд, ки зимни Иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, 4 декабри соли 2024, номинаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан «Ҷашни Меҳргон», дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва «Санъати сохтан ва навохтани рубоб» ҳамроҳ бо кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуданд, — афзуд вазир.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»