Оғози сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

№105 (4688) 24.08.2023

ХАБАРИ 1Нимаи дуюми рӯзи 20 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

ХАБАРИ 1-1Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

www.majmilli.tj