“10 рӯзи ободонӣ” дар Ширкати «Алюминийи тоҷик»

№ 10.06.2024

Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист аҳли заҳмати ҶСК Ширкати «Алюминийи Тоҷик» дар доираи чорабинии (аксияи) “10 рӯзи ободонӣ” ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд. 

Ин иқдом ба беҳтар кардани вазъи экологии ҳудуди корхона ва атрофи он нигаронида шудааст.

Баргузории ин чорабинӣ коллективи меҳнатиро бештар муттаҳид намуда, барои дигар сокинони шаҳр намунаи ибрат хоҳад буд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»