Проблема ва мулоҳиза

Ҳашарот бар зидди ҳашарот

№34 (3671) 30.03.2017

Ё  чаро ба усули биологии ҳимояи наботот таваҷҷуҳ нест?

Солҳои охир дар аксар мамолики дунё ба усули биологии ҳимояи наботот диққати зиёд дода мешавад. Бо ин мақсад парандаҳои ҳашаротхӯр, кӯршаб­парак, ҷонварони қиркунандаи зараррасонро махсус парвариш мекунанд. Вобаста ба афзалияти усули биологии ҳимояи наботот ва дурнамои он дар мамлакат бо дотсенти кафедраи ҳимояи  набототи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои кишоварзӣ Икром Тешаев мусоҳиб шудем.

- Шумо дар соҳаи ҳимояи наботот аз зараррасонҳо собиқаи беш аз 40 — сола доред. Чӣ сабаб гардид, ки дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба усули биологии ҳимояи наботот рӯ овардед?

- Солҳои ҳаштодуми асри ХХ аспирант будам ва дар хусуси ҳимояи наботот  аз зараррасонҳо кори илмӣ омода мекардам. Маро чанд муддат аз шаҳри Тошканд ба вилояти Марви Ҷумҳурии Туркманистон фиристоданд. Тобистон айни  нашъунамои пахта буд. Ба мо гуфтанд, ки дар ин ҷо усули биологии ҳимояи наботот истифода мешавад.

Чун ба саҳро рафтем, дидем, ки воқеан нашъунамои пахта бе заҳрпошӣ хеле хуб аст. Туркманҳо гуфтанд, ки бе заҳрпошӣ тавассути ҳавопаймою тракторҳо низ зироатҳоро аз зараррасонҳо ҳифз кардан мумкин  аст. Ман маълумотро муқоиса намуда, боварӣ ҳосил кардам, ки иқлими ноҳияи Фархор бо вилояти Марви Туркманистон як хел аст. Он сол   дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Фархор мудири участка будам. Аз 1800 гектар замини дар зери назорати ман  буда 1200 гектараш пахта буд. Ба муқобилияти раиси хоҷагиву роҳбари ноҳия нигоҳ накарда, дар 100 гектар усули биологии ҳимояи набототро ба роҳ мондам. Панҷ — шаш нафар  мушоҳидачиро гирифта, ҳар рӯз аз майдони  юнучқазор 2- 3 халта энтомофаг (душманони  зараррасонҳои  зироатҳо)- ро дастӣ чида, ба пахтазор сар медодем. Он сол ҳосили заминҳои мазкур баланд шуда,  ҳамлаи ҳашароти зараррасон пешгирӣ гардид. Аз ҳисоби истифода набурдани заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст омад.

Ҳамон солҳо намояндагони Институти илмӣ- тадқиқотии ҳимояи набототи Ленинград зери роҳбарии Галина Сухориченко дар ноҳияи Фархор корҳои тадқиқотӣ мебурданд. Ӯ иддао мекард, ки дар ноҳияи Фархор истифодаи  усули биологии ҳимояи наботот самар намедиҳад. Ман ӯро ба майдони таҷрибавиам бурда, исбот  кардам, ки усули биологӣ манфиати бештар дода, барои солимии сокинони ноҳия муҳим аст.

Баъди гузашти солҳо маълум шуд, ки дар он давра  барои истифода бурдани заҳрхимикатҳо баъзеҳо ҳавасманд будаанд. Аз ин рӯ, парвои саломатии мардум надоштанд.

- Ташаббуси шумо минбаъд дастгирӣ ёфт?

- Соли дуюм ба роҳбари хоҷагӣ гуфтам, ки дар заминҳои ба ман вобасташуда (1200 гектар) пошидани заҳрхимикатро ба нақша нагиред. Раис ба ҷои маро дастгирӣ кардан тарсид, ки ӯро барои даст кашидан аз заҳрхимикат танбеҳ хоҳанд дод. Сарвари Иттиҳодияи илмӣ — истеҳсолии ҳимояи химиявии наботот Георгий Ванянс бо тамасхур дар ҷаласаи ноҳиявӣ иброз дошт, ки «кадом як колхозчӣ гуфтааст, ки бо усули биологӣ ва бе истифодаи заҳрхимикат ҳам ҳосили хуб рӯёнидан мумкин будааст. Бе заҳрхимикат дар ноҳияи Фархор ҳосили пахта рӯёнидан ғайриимкон аст».

Новобаста ба эътирозу кинояи манфиатдорон нагузоштам, ки ба пахтазори дар  ихтиёрамбуда заҳрхимикат пошанд. Гурӯҳи корӣ ҷонваракони фоидаоварро аз дигар майдонҳо чида, ба пахтазор сар медоданд. Солро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст кардем. Дар як ҷаласаи вилоятии онвақта муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев аз ман  пурсид, ки дар дигар хоҷагиҳо низ усули биологии ҳимояи набототро ба роҳ мондан мумкин аст? Ҷавоб додам, ки чаро не? Бо супориши ин шахси кордон барои идомаи фаъолият ба ман  лабораторияи биологӣ оварданд, ки бо ёрии он тӯли се сол ноҳияи Фархорро аз  истифодаи заҳрхимикатҳо озод намудем.

Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки таҷрибаро дар  ноҳияҳои ҳамсоя низ истифода барем.

Бо ташаббуси собиқ ректори ДАТ Иззатулло Сатторӣ лабораторияро ба донишгоҳ овардем, ки то ҳол аз он дар ҷараёни таълим  ҳамчун воситаи аёнӣ истифода мебарем.

- Усули биологии ҳимояи  наботот аз усули химиявӣ чӣ  бартарӣ дорад?

- Истифодаи дурусти имкониятҳои дар  табиат мавҷудбуда, бо мақсади рӯёнидани  ҳосили дилхоҳ усули биологии ҳимояи наботот номида мешавад. Дар табиат ҷонвароне ҳастанд, ки ҳашароти зараррасонро нобуд мекунанд.  Масалан, «кеканаи 7 холдор» («момобарак», «божья коровка») дар як мавсим то 5000 адад шираро мехӯрад. Тиллочашмак бошад, давоми зиндагии худ 4000 адад шираро нест мекунад. Сӯзишворӣ ва маб­лағи дору сарфа мешавад, ки ба фоидаи хоҷагиҳост. Доруҳои аз химикатҳои сахттаъсир асосёфта бошад, ба организмҳои зинда, аз ҷумла одамон зарар мерасонанд. Таъсири усули биологии муборизаи зидди зараррасонҳо баъди 3- 4 рӯз оғоз меёбад. Агар ҳангоми истифодаи усули химиявии мубориза бо ҳашарот таъсираш баъди ним соат шурӯъ шуда, 96 соат давом кунад, таъсири усули биологии ҳимояи наботот тамоми сол ва ҳатто солҳои оянда низ давом мекунад.

Усули биологии муборизаи зидди ҳашарот фаъолияти организмҳои зиндаи хокро беҳтар карда, таркиби хокро ғанӣ мегардонад. Аммо усули химиявӣ фаъолияти кори организмҳои зиндаи хокро паст мекунад ё нобуд месозад. Соли аввал барои истифодаи усули биологӣ дар 1 гектар 200 — 300 ва оянда соле 150 сомонӣ хароҷот мешавад. Зимни истифодаи усули химиявии мубориза хароҷоти солона дар як гектар аз 1000 то 3000 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамрадиф бо ин, истифодаи усули биологии ҳимояи наботот сифати маҳсулоти кишоварзиро хуб, саломатии одамонро беҳтар намуда, боиси покиза мондани обу ҳаво ва сабаби дарозумрии ҳамватанонамон мегардад. Ҳангоми истифодабарии усули химиявии ҳимояи наботот бошад, сифати маҳсулоти озуқаворӣ паст гашта, обу ҳаво ифлос мешавад. Дар натиҷа, занбӯри асал ва дигар ҷонварони фоиданок кам шуда, саломатии одамон низ дар хатар мемонад.

- Чаро бо вуҷуди аз ҳама ҷиҳат самарабахш будан усули биологии ҳимояи наботот дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн нашудааст?

- Соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид дар бораи зина ба зина аз усули химиявӣ ба усули биологии ҳимояи наботот гузаштан қарори махсус қабул кард. Дар давраи шӯравӣ экспедитсияи Институти илмӣ — тадқиқотии ҳимояи набототи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург), ки Галина Сухориченко роҳбарии онро ба уҳда дошт, ягон тадқиқоти илмӣ оид ба ҳашароти фоидаовари минтақа нагузаронид. Баъдан, маълум шуд, ки ин қабил олимон барои ҳар чӣ зиёдтар истифода бурдани заҳрхимикатҳо ҳавасманд будаанд. Корхонаҳои истеҳсоли заҳрхимикатҳо ин гуна олимонро барои дастгирии усули химиявии ҳимояи наботот  ҳавасманд мекарданд. Аз ин рӯ, дар пахтазори ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 8-12 маротиба бо заҳрхимикатҳо коркард мегузарониданд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ғайр аз Тоҷикистон қадам ба қадам аз усули химиявӣ ба усули биологии ҳимояи наботот гузаштанд. Ин рақам дар Ӯзбекистон 90 фоиз, Қирғизистон — 95 ва Туркманистон 98 фоизро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо барои ба ин усул гузаштан то ҳол  ягон қарори махсус нест.

- Барои ба усули биологӣ гузаш­тан чӣ тадбирҳоро амалӣ кардан зарур аст?

- Пеш аз ҳама, дар мамлакат бояд Маркази усули биологии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ таъсис дода шавад ва он  стандарти ҷумҳуриявии васоити биологии истифодашавандаро  муайян кунад. Лабораторияҳои биологӣ ва биофаб­рикаҳо бояд маҳсулоти истеҳсолиро аз табиати Тоҷикистон гирифта, сифати он мудом зери назорати қатъӣ бошад.

«Намоиши агробиотехнологияи инноватсионӣ ва усулҳои биологии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо дар системаи зироаткории органикӣ, мутобиқ ба дигаргуншавии иқлим дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон», ки бо имзои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 таҳти рақами 798 тасдиқ шудааст, то ҳол бо баҳонаи  набудани маблағ амалӣ нагардидааст.

- Дар шароити Тоҷикис­тон истифодаи кадом намуди ҳашарот ба зидди зараррасонҳо самарабахштар аст?

-Яке аз онҳо трихограмма мебошад, ки 26 намуди он маълум аст. Олими тоҷик Н. Саидов дар минтақаи Вахш 18 намуди онро муайян карда буд. Дарозии ин ҷонвар то 1 мм буда, рангаш зард, хокистарранг ва сиёҳ мешавад. Аз рӯи маълумоти илмӣ трихограмма 215 намуд ҳашароти давраи гардиши пуррадоштаро дар давраи афзоиши эмбрионалиаш нобуд мекунад. Трихограмма ба  номусоидии иқлим тобовар набуда, дар зимистони аз 10 дараҷа хунук мефавтад.

Трихограмма дар Тоҷикис­тон асосан дар шароити лабораторӣ зиёд карда мешавад ва барояш рутубатнокии ҳаво 70- 80 фоиз ва гармии +26 + 30 дараҷа хеле мусоид аст. Мувофиқи маълумоти  илмӣ- истеҳсолӣ, ҳангоми коркарди якум трихограмма (як грамм дар як гектар пахтазор) аз 25 то 30 фоиз кирми ғӯзаро нобуд мекунад. Дар насли дуюми кирми ғӯза аз 40 то 45, сеюм — 65 ва дар насли чорум то 80- 85 фоиз тухми ҳашаротро нобуд месозад.

Дар лабораторияи биологии парвариши трихограмма  имконияти истеҳсоли тиллочашмак,  кеканаи 7 холдор ва габрабракон низ мавҷуд аст. Имрӯз бояд дар мамлакат Муассисаи махсуси илмӣ — омӯзишӣ ва зиёд кардани ҳашаротҳои фоиданок (энтомофагҳо) ташкил шавад. Дар Тоҷикистон энтомофаг­ҳое мавҷуданд, ки нисбат ба энтомофагҳои аз хориҷа воридшуда босифаттару пурқувват мебошанд. Масалан, соли 1986 аз Молдавия «метаселус» ном энтомофаг­ро бар зидди тортанаккана оварданд. Баъдтар маълум шуд, ки дар бисёр ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон «метаселус» вуҷуд дошта, афзоиш додани насли он имконпазир будааст.

Ҳамчунин, соли 1986 аз Молдавия «энкарзе» ном энтомофагро оварда, бар зидди сафедболаки ситрусӣ истифода бурданд, ки самараи хуб ба бор овард. Ҳол он ки дар шароити Тоҷикистон барои афзоиш додани он имкон ҳаст ва ин кор ба донишу истеъдоди мутахассисони соҳаи ҳимояи набототи мамлакат вобастагӣ дорад. Ба ин монанд, энтомофагҳо дар кишвар зиёданд, ки бояд аз онҳо оқилона истифода барем.

Аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш мекунам, ки ҳар чӣ зудтар дар ин самт иқдом намуда, омӯзишу истеҳсоли ҳашароти фоидаоварро дар минтақаҳои кишвар ба роҳ монад. Зеро усули биологии ҳимояи наботот бартариҳои зиёд дошта, манфиати иқтисодӣ, тозагии муҳити зист, тандурустии сокинони мамлакат аз ҳамон ҷумлаанд.

Мусоҳиб

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»