Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор мақолаи хабарнигор Муҳаммад Зокирро таҳти сарлавҳаи «Чаро як идда дарахтонро манбаи ҳезум медонанд?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», 25 феврали соли 2017, № 21 (3658) рӯи чоп омадааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки хабарнигори рӯзнома дар мақола мавзӯи хеле муҳимро ба миён гузоштааст.
Дар ду соли охир ва се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор 83550 бех ниҳоли гуногун шинонида шудааст. Бахусус, дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ҳисор — Турсунзода ҳар сол ба ивази дарахтони хушкшуда дарахтони нав шинонида мешаванд.
Танҳо дар мавсими кабудизоркунии соли ҷорӣ дар шафати ин шоҳроҳ, ки ҳудуди деҳоти «Сомон», «Навобод» ва ба номи Мирзо Ризоро убур мекунад, ба ғайр аз гулу буттаҳо боз 1410 бех ниҳоли арча шинонида шуд.
Умуман, дар шаҳри Ҳисор шинонидани 23811 адад дарахти сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ дар назар дошта шудааст. Аллакай дар ин ҷо (то 15 март) 11366 адад дарахти гуногун шинониданд.
Дар ҳақиқат, қисме аз ин дарахтон ба миқдори (9803 бех ё ба андозаи 27,1 фоиз) дар натиҷаи нигоҳубин нашуданашон хушк шудаанд.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои буридани 1488 дарахти хушкшуда дар се соли охир иҷозатнома додаанд. Буридани дарахтони хушкшуда танҳо дар сурати ташхиси амиқ амалӣ мешавад.
Мутаассифона, ҳодисаҳои ғайриқонунӣ буридани дарахтон низ ҷой дорад. Танҳо дар соли 2015 нисбат ба 30 нафар, соли 2016 нисбат ба 27 нафар ва дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ нисбат ба 7 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, зарари молиявӣ ба маблағи 14390 сомонӣ ситонида шудааст. Фурӯхтани ҳезум низ дар нуқтаҳои фурӯши ангишти шаҳри Ҳисор ба назар мерасид, вале баъди барҳам додани маҳдудияти қувваи барқ якчанд маротиба кам шуд.
Соли ҷорӣ бо пешниҳоди шуъба қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 27 декабри соли 2016, № 1078 «Дар бораи мавсими кабудизоркунӣ дар шаҳр» ба тасвиб расидааст, ки таҳти назорати доимӣ қарор дошта, ҷиҳати пешгирии буридани ғайриқонунии дарахтон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Н. Маҳмадализода,
сардори шуъбаи ҳифзи муҳити
зисти шаҳри Ҳисор