Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти кишвар дар шаҳри Хуҷанд толори варзишии «Олим» ва кӯдакистони хусусии «Афсона» ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ин ду иншоот аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ Наимҷон Ҳасанов ва Музаффару Fайратҷон Усмоновҳо бунёд гардидаанд. Дар толори варзишӣ ва кӯдакистон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Толори варзишии «Олим» дорои 40 навъи таҷҳизоти варзишӣ мебошад, ки дӯстдорони варзиш дар ин ҷо метавонанд ба обутоби бадан, вазнбардорӣ ва варзиши сабук машғул шаванд.
Кӯдакистони хусусии «Афсона» бошад, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»