Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд.
Бахшида ба ин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси 12-уми солонаи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илми тиб» баргузор гардид.
Зимни иштирок дар он конфронс бо мудири шуъбаи илмҳои назариявии Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон Оқилҷон Садриев оид ба нақши ҷавонон дар соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо суҳбат анҷом додем.
- Яке аз мушкилиҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ бемориҳои ғайрисироятӣ ба ҳисоб рафта, то ҳол фавт ва маъюбӣ аз ин бемориҳо дар ҷои аввал меистад…
- Дуруст аст. Мувофиқи нишондодҳои оморӣ, охири асри гузашта Тоҷикистон аз ҳисоби фавти аҳолӣ аз ин намуди бемориҳо яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамуд. Ин мушкил боиси нигаронии ҷиддии мутахассисони соҳаи тандурустӣ буд. Соли 1999 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шинос шуданд ва таваҷҷуҳи Роҳбари мамлакат марҳилаи навро дар ин самт оғоз бахшид.
Лозим ба ёдоварист, ки он замон бештари дастгоҳҳо куҳна шуда, дар як сол ҳамагӣ 100 амалиёти ҷарроҳии дил гузаронида мешуд.
Аз ҷониби Сардори давлат барои рушди соҳа як қатор дастгоҳҳои замонавии гаронарзиш, аз қабили дастгоҳҳои ангиографӣ, дуплекси сканерӣ, хунгардиши сунъӣ ва ғайра дастрас шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати кишвар 30 мутахассиси ҷавон дар муассисаҳои илмии бонуфузи Россия, Олмон, Чин ва Эрон такмили ихтисос намуда, иҷрои амалҳои мураккабу инноватсиониро аз худ намуданд.
- Дар маҷмӯъ, ҷавонон дар пешбурди соҳа чӣ нақш доранд?
- Мо фаъолияти илмию амалии 7 соли охири марказро таҳқиқ кардем. Маълум гардид, ки 38 фоизи кормандони марказро ҷавонони болаёқат ташкил намуда, аксари онҳо соҳиби унвони номзади илмҳои тиб ҳастанд.
Муайян гашт, ки аз ҷониби ҷавонон 3562 амали ангиография (ҳамагӣ 4237 амал) ва 275 амали стендкунонии шараёнҳои коронарӣ иҷро шудааст, ки саҳми арзандаи онҳоро дар ташхису табобати беморон исбот намуда, ба коҳишёбии маъюбӣ ва фавти беморон мусоидат намудааст. Бояд қайд кард, ки ҷавонони марказ дар се соли охир табобати инноватсионии синдроми шадиди коронарӣ ва сактаи миокардро васеъ ба роҳ монданд, ки натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷавонон дар табобати усули ҳозиразамони бемориҳои дилу рагҳо на танҳо дар муассиса саҳмгузор ҳастанд, балки дар як қатор беморхонаҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе амалҳои мураккаб, аз қабили ангиография, ангиопластика ва стентгузории шараёнҳои дил ва имплантатсияи кардиостимуляторҳоро иҷро карданд. 74 фоизи стендкунонии шараёнҳои коронарӣ дар ҷумҳурӣ бори аввал иҷро гардидаанд.
- Фаъолияти илмии ҷавонон дар кадом сатҳ аст?
- Дар 7 соли охир 62 фоизи монографияҳо, 80 фоизи ҳимояи рисолаҳо, 65,5 фоизи мақолаҳои соҳавӣ аз ҷониби олимони ҷавон навишта ва бо ибтикори онҳо 16 усули нави ҷарроҳӣ ва 12 усули мукаммалшудаи ташхис коркард ва ба амалия ворид шуд.
Дар як соли охир барои саҳми муносиб се мутахассиси ҷавон бо диплом ва ҷоизаи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои тиб мушарраф шудаанд.
Мусоҳиб
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»