Ҳамовозӣ

Оби дари хона хира ё чаро маҳсулоти ватанӣ дуруст тарғиб намешавад?

№71 (3708) 15.06.2017

75994966_3347825_travi_celebnieЧанде пеш Хуршед Абдуллоев  ном шиносам аз сафари Арабистони Саудӣ баргашт. Номбурда ба Шайх Аднон ном соҳибкори араб, ки бемории диабети қанд  доштааст якчанд адад нӯшдоруи «Авитсенна» ва гиёҳчойи «Фитодиабет»- ро туҳфа бурдааст. Тайи як моҳе, ки Хуршед бо сафари корӣ дар он ҷо ҳузур дошт, саломатии шайх хеле беҳтар шуда, рӯзе ба ҳамватани мо гуфтааст: — Ман барои поён бурдани сатҳи қанд доруҳои қимати кишварҳои аврупоиро  истеъмол мекунам. Таъсири давоҳое, ки ту аз Тоҷикистон овардӣ, аз онҳо беҳтар аст. Пас чаро чунин давоҳоро берун аз кишвар тарғиб ва содир  намекунед?

Моҳи феврал дар рӯзномаи «Садои мардум» (№19 – 20) мақолае  таҳти унвони «Бо кафолати давлатӣ дорусозӣ рушд мекунад» чоп шуд, ки дар бораи давоҳои аз гиёҳҳо истеҳсолнамудаи ширкати «Авитсенна» нақл мекард. Мо ифтихор  мекунем, ки дар Тоҷикистон қариб 5000 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Аммо он гиёҳҳоро дар вақташ ҷамъоварӣ намудану аз онҳо даво тайёр карда, бо  бастабандии қобили таваҷҷуҳ пешкаши эҳтиёҷмандон гардонидан, заҳмату маблағи зиёд металабад. Тавре аз мақола бармеояд, директори ҶДММ «Авитсенна» Сайидвалӣ Ҳикматов бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда аз гиёҳҳои мамлакат 47 номгӯй даво ихтироъ намудааст. Афсӯс, ки дар бораи онҳо ғайр аз рӯзномаи «Садои мардум» ва ҳафтаномаи «Ёрии таҷилӣ» дар дигар расонаҳо иттилоъ ба нашр нарасидааст. Ҳол он ки нафарони зиёде аз истеъмоли доруҳои ин ширкат шифо ёфтаанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Агар мо 10 фоизи дар мамлакат истеҳсолшударо дуруст тарғиб намоем корхонаҳои ватанӣ пурқувват шуда, воридот аз хориҷи мамлакат кам мешавад. Вале афсӯс, ки имрӯз  муносибати аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ мақоли «Оби дари хона хира»- ро ба ёд меорад.

Бо мақсади дастгирии дорусозони ватанӣ пешниҳод  доштам, ки дар намоишгоҳҳои маҳсулоти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар намояндагони ширкатҳои дорусозии мамлакат ҳатман ширкат намоянд. Сониян, хуб мешуд ҳамватанон зимни сафар ба хориҷи мамлакат гиёҳчойи дар Тоҷикистон истеҳсолшударо армуғон баранд.

Қутбиддин КАРИМОВ,

устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор