Мувофии нақша имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 181542 гектар пахта кишт гардида, бояд 425 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, то 28-уми ноябри соли равон 407 ҳазору 327 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15911 тонна зиёд мебошад. Ҳосили ҷамъоваришуда 95,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. То санаи зикршуда дар вилояти Суғд 125 ҳазору 454 тонна (93,8 дарсад), вилояти Хатлон 276 ҳазору 85 тонна (96,5 дарсад), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 5 ҳазору 788 тонна (111 дарсад) ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Ноҳияҳои Б. Ғафуров (107,6 дарсад), Спитамен (104,2 дарсад), Ашт (102,9 дарсад), Данғара (103,4 дарсад), Ёвон (102,4 дарсад), Восеъ (102,5 дарсад), Ҳамадонӣ (102,9 дарсад), Фархор (101,9 дарсад), Вахш (103,9 дарсад), Дӯстӣ (101,8 дарсад), Хуросон (100,6 дарсад), А.Ҷомӣ, Ҷайҳун (100,4 дарсад) Носири Хусрав, Панҷ (100 дарсад), Рӯдакӣ (103,2 дарсад), Шаҳринав (108 дарсад) ва шаҳрҳои Бохтар (100 дарсад), Левакант (102,7 дарсад), Турсунзода (123,5 дарсад), Ҳисор (107,6 дарсад) дурнаморо иҷро кардаанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»