Чанд рӯз пеш дуюмин агрегати НБО-и «Роғун» ба кор даромаду ин рӯйдод дар таърихи мамлакат бо ҳарфҳои заррин нигошта шуд. Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани ин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Муболиға нахоҳад буд агар гӯем, ки маҳз ба шарофати иродаи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО-и «Роғун», ки баъзеҳо афсона мепиндоштанд, ба воқеият табдил ёфт.
Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ аст, ки дар ҷомаи амал пӯшидани аҳдофи созандаи Сарвари давлат, ки аз азми қавӣ ва нияти нек маншаъ гирифтаанд, ҳама бояд саҳмгузор бошанд. Хуб медонем, ки дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, беҳбуд бахшидани сатҳи таълиму тарбия хеле муҳим мебошад.
Инчунин, хуб дар хотир дорем, ки кишвар дар оғози соҳибистиқлолӣ ба «шарофат»-и фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ва ба ном «дилсӯзони миллат» ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ печид. Ашхоси зиёд ба ҳалокат расида, беш аз як миллион ҳамватан гуреза шуданд. Сохтори давлатдорӣ пурра фалаҷ гардида, иқтисодиёти мамлакат, тибқи ҳисоби пешакӣ, даҳ миллиард доллари ИМА хисорот дида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд. Меъмори сулҳи тоҷикон, Пешвои миллат зимни шарҳу тавзеҳи он рӯзҳо гуфта буданд, ки «Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд».
Ба ҳама маълум аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ҷаҳду талоши зиёд карда, собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад. Маҳз майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва аз худ гузаштанҳои Роҳбари давлат боис гардид, ки дар муддати барои ҳалли чунин даргириҳо кӯтоҳ сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардад.
Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷа саҳмгузорӣ дар тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ, ба аҳли ҷомеа талқин намудани моҳияти давлатдорӣ, дар заминаи далелу арқоми асоснок бозгӯйӣ намудани хизматҳои Пешвои миллат, вокуниш ба аъмоли нотавонбинони миллату давлати тоҷик, пешоҳанг, ташаббускор ва намунаи ибрат будан дар ҳама ҷанбаҳост.
Бо итминон мегӯям, ки мардуми кишвар неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободии Ватан, осудагии сокинони он ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддун — сулҳу ваҳдат равона менамоянд.
Гулсум ВОСИЕВА, омӯзгори МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе