Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар қатори даҳ иншооти азими гидроэнергетикии ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад. Сарбанди он бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб хоҳад рафт.
Бунёди НБО «Роғун» 29 октябри соли 2016 оғоз гардида, обанбораш ғунҷоиши 13.3 км3 обро дорад. Он дорои 6 агрегат шуда, бо иқтидори 3600 МВт калонтарин дар минтақа хоҳад гашт.
Дар паси ин рақамҳо арзишҳои олии бунёдгарони ин неругоҳ, сифатҳои нотакрори иншооти мазкур ниҳон аст. Ҳама шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо силсилаиқдоми беназир ба оламиён собит сохтанд, ки миллати куҳанбунёду бофарҳанги тоҷик аз иҷрои ҳама гуна вазифае, ки муайян гаштаанд, мебарояд.
Агар ба далелҳои давраҳое, ки аҳолии ҷумҳурӣ аз неруи барқ танқисӣ мекашиданд, мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки сокинони деҳот он солҳо бомашаққат ҳаёт ба сар мебурданд. Чандин тифли навзоду куҳансолон дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Дар шаҳру навоҳӣ ва пойтахти ҷумҳурӣ сокинони хонаҳои бисёрошёна дар оташдон хӯрок мепухтанд. Новобаста аз мушкилӣ, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, бо талош, фидокориву ҷонбозӣ тавонистанд ду агрегати неругоҳро дар вақти муқарраршуда ба кор дароранд. Ҳамин тариқ, 16 ноябри соли 2018 дар таърихи Тоҷикистони навин ҳамчун санаи муҳим ва оғози марҳилаи сифатан нави тараққиёти мамлакат эътироф гашт.
Ба кор даромадани агрегати 2-юми НБО-и «Роғун» дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён буд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои тараққикардаи Аврупо — Швейтсарияву Фаронса ин гуфтаро тасдиқ менамояд. Дар ин замина, давлатҳои пешрафта ҳамкориро бо кишвар тавсеа бахшиданд.
Ифтихормандем, ки нури «Роғун» ҳамчун нури хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро мунаввар кард.
Моҳтоббӣ МИРАЛИЕВА, омӯзгори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов», Корманди шоистаи Тоҷикистон