Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар мавсими «Ҳаҷ-2023» — ро 59 ҳазор сомонӣ муайян кард.
Маблағи мазкур хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла чиптаи рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, се вақт хӯрок дар давоми сафар, хизматрасонии роҳбаладон, маблағи қурбонии ҳоҷиён, нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки арзиши хизматрасонӣ имсол нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 1520 сомонӣ арзон мебошад.
Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшин Муқим иттилоъ дод, ки имсол ҳудуди 7 ҳазор нафар аз Тоҷикистон имкони сафар ба ҳаҷро доранд. Лозим ба ёдоварист, ки ин шумора дар соли гузашта 3562 нафар буд.
Сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 июн то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд амалӣ мешавад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
“Садои мардум”