Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 14- уми сентябри соли равон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз намуд, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои рушду пешрафт имкониятҳои зиёд доранд. Ӯ зикр кард, ки дар давоми 20 соли охир Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 7 маротиба афзуд. Суръати солонаи рушди иқтисодӣ дар ин давра 6,2 фоизро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки суръати афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба 2,6 фоиз баробар буд. Ба қавли Завқизода тайи ин муддат ҳаҷми гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақим 17 баробар, аҳолии минтақа 1,4 баробар афзудааст.
- Соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 23 фоиз ва ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши мол бо Тоҷикистон тақрибан 30 фоизро ташкил дод. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд,- иброз намуд Завқӣ Завқизода.
Вазири навоварӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Қӯчқоров зикр намуд, ки солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти нохолиси миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, соли 2022 ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ аз 400 миллиард доллар гузашт. Ӯ бо боварӣ изҳор намуд, ки бинобар мавҷуд будани иқтидорҳои бузург ҳоло минтақаи Осиёи Марказӣ дар бозори ҷаҳонӣ шарики боэътимоди ҷадид маҳсуб меёбад. Аз рӯи суръати рушд ин минтақа дар ҷаҳон мавқеи баланд дорад.
Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Қувантиров зикр намуд, ки соли 2022 ҳаҷми гардиши моли Қазоқистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 8 миллиард долларро ташкид дод, ки ин дар қиёс бо нишондиҳандаҳои соли қаблӣ 25 фоиз бештар аст.
- Қазоқистон метавонад ба кишварҳои минтақа 300 номгӯӣ маҳсулоти тайёру коркардшударо дар соҳаҳои гуногун ба маблағи миллиардҳо доллар пешкаш намояд. Соли гузашта дар Қазоқистон Консепсияи сиёсати сармоягузорӣ то соли 2026 қабул гардид, ки дар он лоиҳаҳои нави сохтори коркарди маҳсулот тӯли се сол аз супурдани як қатор намудҳои андоз озод мешаванд. Дар маҷмӯъ, теъдоди андозу пардохтҳо 20 фоиз кам хоҳад шуд,- зикр кард Қувантиров.
Иштироккунандаи форум якдилона иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба мустаҳкамшавии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Ба қавли Алибек Қувантиров дар минтақа шабакаи самараноки интиқоли маҳсулоти худиро ба роҳ бояд монд. Ба мо зарур аст, ки наздик будани мавқеи географиамонро ба назар гирифта, неруи худро барои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муттаҳид созем.
Форуми мазкур дар доираи Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»