Ҳаҷми нафақа аз музди меҳнати фаъолияти корӣ вобаста аст

№125 (4708) 16.10.2023

Abdurahmonzoda- Вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 — уми феврали соли 2023 таҳти №526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 — уми июли соли 2023 нафақаи заминавӣ ба 250 сомонӣ баробар карда шуда, нафақаи камтарин бошад, 60 фоизи нафақаи заминавиро дар бар мегирад. Ба ҳисоби миёна, маблағи нафақаи моҳона дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 млн. сомониро дар бар мегирад, — иброз дошт муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Абдураҳмонзода.

Айни замон нафақа тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин мешавад ва таъиноти нафақаи онҳо аз рӯи сармояи шартӣ, яъне музди меҳнати шаҳрванд, ки дар давраи фаъолияти корияш ба даст овардааст, вобаста мебошад ва дар қонуни мазкур нисбат ба андозаи нафақа маҳдудият пешбинӣ карда нашудааст.

Мутобиқи моддаи 41- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» тартиби муроҷиат барои таъини нафақа дар асоси ариза ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз ҷониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар ҷои зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад.

Қайд карда шуд, ки муҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар муҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад.

Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа аз рӯи синну сол якумра таъйин мегардад.

Номбурда иброз дошт, ки нафақа аз рӯи маъюбӣ барои давраи корношоямии шахс, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин карда мешавад. Он аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба муҳлате, ки узви оила корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.

Ҳамчунин, нафақа аз рӯзи муроҷиат, аммо на пештар аз ҳуқуқдор шудан ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад. Инчунин, нафақа аз рӯи синну сол, аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроҷиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад, таъин мегардад.

Нафақа аз рӯи маъюбӣ аз рӯзи муқаррар гардидани гурӯҳи маъюб, ки онро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян намудааст, дар ҳолате ки муроҷиат на дертар аз се моҳи баъди рӯзи маъюбии муқарраргардида сурат гирифта бошад, таъин мегардад.

Ҷамила Абдураҳмонзода, аз ҷумла гуфт, ки нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо шудани ҳодисаи суғуртавӣ (фавти саробон), ки барои нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате, ки муроҷиат на дертар аз шаш моҳи баъди фавти саробон сурат гирифтааст, таъин карда мешавад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»