Зиёда аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаторкӯҳҳои ҷумҳурии мо ташаккул ёфта, қисман ба қаламрави дигар давлатҳои минтақа рафта мерасанд. Аз оби кӯҳистони мо на танҳо мардуми диёр, балки кишоварзону зироаткорон ва чорводорони кишварҳои поёноб ба таври пурра истифода мекунанд ва барои захираи ин неъмати бебаҳо даҳҳо дарғоту обанбору ҳавзҳои сунъии азим сохта, тамоми сол захираи обро бемалол истифода менамоянд.
Тахмин ду даҳсола қабл тамоми қуллаҳои баланди кӯҳсори ҷониби манотиқи Сарихосор, Шугнов, Ховалинг, Муъминободу Шамсиддин Шоҳин, Ромиту Рашту Нурободу Тоҷикобод дар фасли гармо пур аз барф буд ва яху барф дар ин баландкӯҳҳо тӯли сол ба чашм мерасид. Имрӯз яху барфҳои дар ин баландиҳо ҷамъшуда аз ғояти гармшавии ҳаво (ҳатто дар фасли сармо) оҳиста-оҳиста об шуда, тавассути дараю сойҳо ва ҷӯю наҳрҳои кӯчак ба дарёҳои кишвар ҳамроҳ мешаванд. Дар ёд дорам, пас аз хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қад-қади шохобҳои ин дарёчаҳо мардуми аксари манотиқи қӯҳистон садҳо осиёбу ҷувоз, неругоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд намуда, ҳам неруи барқ тавлид мекарданду ҳам орду равғани зағир истеҳсол менамуданд. Имрӯз бошад, аз нарасидани об баъзе мушкилиҳои ҷиддӣ ба назар мерасад ва қисме аз он ҷӯю наҳрчаҳо об надоранду дар онҳо дигар оби тозаи кӯҳсорон ҷорӣ намешавад, осиёбҳо намечарханд.
Рӯзе тавассути кӯҳдоман ба самти шарқии кишвар, аниқтараш аз минтақаи Қаротегин (Рашт), ба боло ҳаракат кардем. Бо мардуми доманакӯҳҳо ҳамсуҳбат шуда, бо чӯпону подабонҳо вохӯрдем. Онҳо ба мо ҷойҳои доимии он чашмаю кӯлҳои хурди атрофро нишон дода гуфтанд, ки замоне мо ва рамаю подаамон аз ин чашмаҳои мусаффо ин неъмати табииро бемалол истеъмол мекардем. Акнун он ҳама тӯли понздаҳ-бист соли охир батамом хушк шуда рафтанд ва дигар бароямон нӯши ҷон кардану истеъмоли оби хуштаъм ғайриимкон аст.
- Мардум қубури бузурги обгузарро сӯрох карда, барои эҳтиёҷот оби нӯшокӣ мегиранд. Гоҳе маҷбур шавем, молу говҳоямонро бо чарогоҳ ба атрофи ана, он кӯлҳо мебарем, — гуфт чӯпони миёнасол Акобир Салимов.
Мо аз чанд кӯле, ки чӯпонҳо бо ишора бароямон нишон доданд ва он кӯлҳо тақрибан дар масофаи 4-5 километр дуртар воқеъ буданд, бевосита дидан кардем. Ин кӯлҳо, ки худи табиат онҳоро «бунёд» намуда буд, обанборҳои ҳақиқиро мемонд. Оби поки кӯлҳо мавҷ мезад.
Чӯпони номдор амаки Сайдаҳмади Нозим ба мо нақл кард, ки шабона ин ҷойҳо макони сайругашти рӯбоҳу шағол ва гургу хирсу хукҳои ёбоианд. Ба мо чунин намуд, ки маҳз ин минтақаҳо бо масоҳати даҳҳо ҳазор гектар замин барои бунёди обанбору дарғотҳои азим хеле қулаю мусоиданд. Агар аз неруи техникаҳои азими ҳозиразамон истифода карда, ҳар мавсим дар ин мавзеъҳо ҳадди ақал ду-се обанборӣ бунёд кунем, он гоҳ тавре мардум мегӯянд, «нуран ало нур мешавад» ва дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан амалӣ мегарданд. Аз дигар нигоҳ, агар мо ин сойҳоро ба кӯлҳо табдил диҳем, беҳтарин иқдом хоҳад шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки оҳиста-оҳиста атрофи ин кӯлҳои бузург мардум хонаю дар месозанд ва ин минтақаҳо баъди даҳсолаҳо чун дигар қисматҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ободу хурраму зебо мегарданд.
Яъне, мақсад аз он иборат аст, ки мо нагузорем қисмати зиёди обҳои аз барфу пиряхҳои баландкӯҳ ҷоришуда беҳуда талаф ёбад. Аз ҳама муҳим, фасли гармо аз захираи ин обанборҳо як миқдорашро тавассути ҷӯйҳои азим ба поён сар диҳем, ҳам таҷҳизоту агрегатҳои гуногуни хусусии мардуми поёноб фаъол мешаваду ҳам мардуми даҳҳо деҳкада аз онҳо ба таври хеле васеъ истифода менамоянд. Наход имрӯз мо обе наёбем, ки ҳатто чорвои хонагии худро таъмин карда тавонем?
Ин пайомад на танҳо дар водии Қаротегин, балки дар дигар минтақаҳои кӯҳӣ низ бармало ба чашм мерасад. Ҳамроҳон тавассути шоҳроҳи Балҷувон баъдан, моро ба ҷониби қаторкӯҳ, талу таппаю сойҳои навоҳии Темурмалик, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод то ба баландиҳои мавзеи зебоманзари «Чилдухтарон» роҳбаладӣ намуданд. Дар ин манотиқ бо мардуми касбу кори гуногун вохӯрда, бо онҳо суҳбат намудем. Аксаран мардум бо таассуфу нигаронии махсус иброз медоштанд, ки тӯли даҳсолаҳои охир бинобар сабаби камобӣ дар саргаҳ ва қад-қади наҳрҳое, ки дарёҳои Сурхобу Ёхсӯ ҷорӣ мешаванд, даҳҳо осиёбу ҷувоз аз кор монданд ва захираи об сол то сол кам мешавад. Ин ҷо ҳама гап дар саргаҳи ташаккулёбии об аст. Бояд тамоми имконоту захираҳоро истифода бурда, бо роҳи ҳашар ё кумаки масъулин, тавассути техникаи пуриқтидори муосир дар чунин мавзеъҳо обанборҳои азим бунёд карда, обро ба таври сунъӣ нигоҳ дошта, ба талафшавӣ роҳ надиҳем, зеро тавре мушоҳида менамоем, сол то сол иқлим дар кураи Замин тағйир ёфта, бахусус, чанд даҳсолаи охир таъсири гармои шадид хеле афзоиш ёфтааст. Яъне, тағйирёбии бузурги иқлим, гармшавии сайёра имрӯз касеро ҳам бетараф гузошта наметавонад ва ин мушкилоти изтиробомези экологист, ки қабл аз ҳама, муттасил ба обшавии пиряхҳои аз қадимулайём ва ё миллиардҳо сол қабл қоиму побарҷобуда оварда мерасонад.
Тағйирёбии иқлими сайёра ин мушкилоти асосии аср аст. Бинобар тағйирёбии бесобиқаи иқлим, махсусан дар манотиқи хушку беоби кураи Замин, масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани мардум, ки ба захираҳои об вобастаанд, хеле мушкил мегардад ва ҳамзамон, болоравии ҳарорат, гармшавии сайёраи Замин, пеш аз ҳама, барои ҳаёти худи инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарари қиёснашавандае ба бор хоҳад овард. Алъон, бевосита аз худ суол мекунем, ки оё дар ҳама ҳолат баҳри тозаю пок нигоҳ доштани об эҳтиёткор ҳастем? Оё аҳамияти бузурги обро чун манбаи асосии ҳаёт ва рӯшноӣ хуб дарку эҳсос менамоем ва оё ин неъмати беназирро ҳамеша аз ҳар гуна ифлосиҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мекунем? Охир, поку бегазанд, нигоҳ доштан, сарфаҷӯёнаю оқилона истифода бурдани об масъулияту муносибати некбинонаи инсониятро тақозо дорад.
Ин буд, ки зимни яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «…яке аз мушкилоте, ки имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад. Хушбахтона, захираи об дар кишвари мо хеле зиёд буда, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем. Гузашта аз ин, мо метавонем, содироти оби зулоли худро ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монем ва аз ин ҳам даромади хеле калон ба даст орем». Чаро дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор надиҳем? Мутаассифона, кор ба он ҷо расидааст, ки мутахассисон ба мо умед мебанданду мо ба мутахассисон.
Баъзе аз олимони соҳа далелу аснод пеш меоранд, ки «имрӯз беш аз 663 миллион нафар дар назди маҳали зисти худ аз манбаи оби ошомиданӣ комилан маҳрум буда, 2,2 миллиард аҳолии кураи Замин ба оби тозаи пок куллан дастрасӣ надоранд…». Ҳамзамон, коршиносон расман иттилоъ медиҳанд, ки дар қарни навин истифодаи об якчанд баробар афзуда, суръати афзоиши аҳолӣ беш аз ду маротиба зиёд шуда, дар давлатҳои пешрафта то 30 дарсади захираҳои оби тоза аз сабаби ихроҷ шудан талаф ёфта, дар баъзе шаҳрҳои азим талафот метавонад ба ҳафтод дарсад расад.
Чанд сол қабл дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мушоҳида намудам, ки боғдорону зироаткорон дар мавзеъҳои худ обанборҳо сохта, онро аз оби барфу борон пур карда, аз он боғоти себу анор, зардолую шафтолу, ноку гелос, заминҳои кишти растанию полезиашонро шодоб месозанд. Инчунин, тавассути қубурҳои қутрашон бениҳоят азим аз як минтақа ба минтақаи дигар обро интиқол дода, чун канали таърихии Фарғона тавассути ҳашарҳои халқӣ даҳҳо наҳрҳои сунъӣ бунёд сохтаанд ва ҳар сол аз заминҳои обёришуда ду-се ҳосили бобаракат мерӯёнанд. Яке аз ҳамин саркор — боғдори машҳури чинӣ ба мо даҳҳо навъи меваю сабзавоти ҳосили дастранҷи худашро нишон дода гуфт, ки тамоми навъи корхонаю заводи истеҳсоли маҳсулотро низ дорад ва консерваю шарбати меваю мураббо, шароби дастию нӯшокиҳои гуногуни спиртии истеҳсолкардаашон аз биринҷу ангур харидорони зиёде доранд. Ҳамин заминдор дар қаламрави худ хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд карда, тамоми коргаронашро бо манзилгоҳ таъмин кардааст. Он кас дар масъалаи сабзпӯш ва дарахтзор намудани миллионҳо гектар замини чӯлу биёбони бекарони кишвараш низ ташаббусҳо зоҳир намуда, тавассути ҳашар дар заминҳои хушку беоби минтақа тухми растанию ниҳолҳо корида, мақсади тамоми атрофи мамлакатро ба бешаи сабз табдил додан дорад. Мо кори ин заминдори бузургро хеле хуб мушоҳида намудем.
Даҳҳо ҳазор марди чинӣ як дарзайӣ (дарҷан) қамиш ё саксавулро пуштора карда, чун мӯрчаякон тавассути пайроҳа аз теппаҳо ба чӯлҳои дар баландиҳо воқеъбуда мебароянд. Ҳар кадоми онҳо дар ҳар қадам хандақҳои хурдакак канда аз қамиш атрофи онҳоро нағзакак пӯшонида (то шамол пош надиҳад), дохили он хандақчаҳо донаҳои ҳар гуна буттаю гиёҳу растаниро мепартоянд, то он бегазанд сабзида, қомат рост кунад ва баъдан онҳоро тавре ки худ мехоҳанд, аз сари нав шинонда, месабзонанд ва нигоҳубин менамоянд. Ин иқдоми нек низ муҳитро тозаю озода карда, ҳаворо муътадил сохта, дар пешгирии гармо ё иқлими тағйирёбандаи сайёра барои инсоният кумак мерасонад.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир ба масъалаи коҳиш ёфтани манбаъҳои обҳои ошомиданӣ чунин таъкид намуда буданд: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳар чӣ зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд». Яъне, тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки имрӯз ба як муаммои бузург табдил ёфта, ҷумҳурии моро низ дар канор намондааст.
Имрӯз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷумҳурии мо оид ба масоили марбут ба об, иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари ташаббускори масоили обу иқлим шинохта шудааст. Дар ҷумҳурии мо дарёҳои зиёди шӯху тезҷараёни кӯҳӣ, чашмаю обҳои мусаффо, кӯлҳои дорои обҳои ширину зулоли ошомиданӣ, инчунин пиряхҳои азиме мавҷуданд. Чаро аз онҳо истифода намебарем, кӣ бояд ин корро таъмин кунад?
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокиро ба назар гирифта, ба СММ пешниҳод намуданд, ки соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» пазируфта шавад. Ин буд, ки дар ин росто мушкилоти зиёди вобаста ба об дар сатҳи байналмилалӣ мавҷудбуда ҳалли худро ёфтанд. Ҳамзамон, иқдому ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба норасоии оби нӯшокӣ дар сайёра, аз ҷумлаи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» аз ҷониби аксари кишварҳои аъзои СММ якдилона пазируфта шуданд.
Дар робита ба тағйирёбии иқлим, харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обӣ ва гармшавии зиёди сайёраи Замин — ин мушкилоти мубрами сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ андешаронӣ намуда, барои истифодаи самараноки об ва пешгирии обшавии пиряхҳо, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои мушаххасу самаровар ироа карданд. Пас аз омӯзишу баррасии ин пешниҳод аз тарафи СММ соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шуд, ки ин ҳам иқдоми бевоситаи судбахшу нафъовари Президенти мамлакат ва боиси ифтихори мардуми ҷумҳурии мо мебошад.
Бале, барои ҳисса гузоштан дар ҳалли масъалаи об ва иқлим ҷумҳурии мо ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои самаровари зиёдро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пешниҳод намудааст, ки дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Мақсад аз онҳо, пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, махсусан кам шудани захираҳои об дар кураи Замин, мебошад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»