КВД «Тоҷиксуғурта» яке аз ташкилотҳои азим дар самти хизматрасонии суғуртавӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола аз хизматрасониҳои он садҳо нафар баҳраманд мешаванд. Доир ба фаъолияти ин мақомот бо муовини якуми директори генералии корхонаи мазкур Абдулло Абдуллоев ҳамсуҳбат шудем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Абдулло Қобилбекович, қабл аз ҳама хоҳиш мекунам, ки доир ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» ба хонандагони рӯзнома маълумоти мухтасар пешниҳод кунед.
- КВД«Тоҷиксуғурта» яке аз ташкилотҳои суғуртавиии калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, наздики 90 сол аст, ки ба мардум хизмат мерасонад. Имрӯз дар ин корхона зиёда аз 1200 нафар кор мекунанд ва 72 филиали он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Фаъолияти суғуртавӣ тибқи иҷозатнома амалӣ мегардад ва бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» КВД «Тоҷиксуғурта» ба 28 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намуди суғуртаи ихтиёрӣ аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дастрас карда, тибқи он фаъолият карда истодааст.
- Ҳангоми зарурат шаҳрвандон барои аз хизматрасонии КВД «Тоҷиксуғурта» баҳраманд шудан бояд чӣ кор кунанд?
-Шахсоне, ки ба суғурта фаро гирифта шудаанд, дар пушти полиси суғуртавие, ки аз ҷониби ширкати суғуртавӣ ба онҳо дода шудааст, маълумот оиди чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан, ба куҷо муроҷиат кардан ва рақами телефонҳои зарурӣ дарҷ гардидааст, ки метавонанд аз рӯйи он амал намоянд. Умуман, оид ба гирифтани маблағи зарар ҳамаи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ метавонанд, ба филиалҳое, ки шартнома бастаанд ё ба дастгоҳи марказӣ бо ариза муроҷиат намуда, тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи зарарро бигиранд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод шуда бошад, дар давоми як рӯз метавонанд маблағро дастрас намоянд. Дар ҳолати пайдо кардани камбудӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, баъди ислоҳи он дар давоми ҳафт рӯзи тақвимӣ маблағро гирифта метавонанд. Агар аз ҳуҷҷатҳои лозимае, ки қонунгузорӣ барои гирифтани маблағи зарар муайян кардааст, якеаш набошад, мо тибқи қонунгузорӣ он аризаро рад менамоем. То ба имрӯз дар масъалаи кори мо ягон шикоят нашудааст. Гоҳҳо ба мо муроҷиат мекунанд, ки зарар дидаанду ёрӣ расонем, аммо, вақте меомӯзем, мебинем, ки бо мо шартнома надоранд ё ҳодисае рух надодааст. Мувофиқи қонунгузорӣ шаҳрванд агар натавонад, ки пас аз рух додани ҳодиса сари вақт ба ширкати суғуртавӣ муроҷиат намуда, маблағи лозимиашро гирад, ҳуқуқ дорад, ки дар давоми то се сол ба ширкатҳои суғуртавие, ки он ҷо суғурта шудааст, муроҷиат намояд.
- Нафаре, ки дар баробари суғуртаи ҳатмӣ, инчунин ихтиёрӣ молу амвол, масалан автомашинаашро суғурта кардааст, ҳангоми зарурат ба он чӣ гуна хизмат расонида мешавад?
- Тартиби бастани шартнома ва тартиби ҳақгузорӣ, яъне меъёрҳои суғуртаи ҳатмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарорҳои худ муайян кардааст, ки мо дар доираи он ҳақгузорӣ мекунем. Суғуртаи ихтиёрӣ бошад, дар асоси шартномаи тарафайн, байни суғурташаванда ва суғуртакунанда амалӣ мешавад, яъне меъёрҳоро худи мо муайян менамоем. Масалан, воситаҳои нақлиёт ду намуди суғурта доранд: суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки суғуртаи ҳатмӣ мебошад ва суғуртаи ихтиёрии воситаи нақлиёт. Фарқияти ин ду намуди суғурта аз ҳамдигараш дар он аст, ки дар асоси суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳиби воситаи нақлиёт, вақте шаҳрванд бо воситаи нақлиёташ ба сафар мебарояд ва ҳангоми ҳаракат ба ягон нафар зарар мерасонад, мо барои шахси ҷабрдида маблағгузорӣ менамоем. Яъне, гунаҳкор- соҳиби воситаи нақлиёт, аз ҳисоби худ ба ҷабрдида маблағ намедиҳаду аз ҳисоби ширкати суғуртавӣ зарари расидаро бартараф менамояд, аммо суғуртаи ихтиёрии воситаи нақлиёт бошад, ҳангоми ба ягон садама гирифтор шудани нақлиёт, ки бо гуноҳи худи ронандаи он аст, яъне ба ин садама ягон нафари дигар гунаҳкор нест, дар ин ҳолат аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрии воситаи нақлиёт маблағгузорӣ мешавад. Фарқияташ дар он аст, ки суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳиби нақлиётро нафаре, ки дар рафти ҳаракат аз ҷониби нақлиёт зарар дидааст, яъне шахси сеюм мегирад, аммо маблағи суғуртаи ихтиёрии воситаи нақлиёт ба соҳиби воситаи нақлиёт пардохт мешавад.
Вақте ки шаҳрванд воситаи нақлиёташро суғурта менамояд ва арзиши аслии онро нишон медиҳад, ҳангоми корношоям шудани он аз ҷониби КВД «Тоҷиксуғурта» маблағи зарар пурра пардохт карда мешавад, яъне арзиши аслии воситаи нақлиётро сад фоиз пардохт менамоем. Мутаассифона, аксари шаҳрвандон нархи аслии молу амволи худро пинҳон менамоянд ва ҳангоми зарурат мо низ ҳамон маблағеро медиҳем, ки дар шартнома нишон дода шудааст. Ҳаққи суғуртавӣ мувофиқи тарифҳое, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ҳамагӣ се фоизи арзиши аслии молу амвол мебошад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад, ки баъди пурра пардохт кардани нархи амволи корношоямшуда онро ба ихтиёри худ гирад.
- Тавре зикр кардед, ҳаққи суғуртавӣ ҳамагӣ се фоизи арзиши аслии молу амвол муайян шудааст, дар масъалаи ҳаққи суғуртавии саломатӣ ва ҳаёти инсон чӣ гуна меъёрҳо вуҷуд доранд?
-Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари фавт, яъне агар бо айби соҳиби воситаи нақлиёт шаҳрванд фавтида бошад, дар ин ҳолат сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (чор ҳазор сомонӣ) ҳаққи суғуртавӣ пардохт карда мешавад. Вақте ки соҳиби нақлиёт ба шаҳрванд зарари моддӣ мерасонад, дар ин ҳолат панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мекунем. Боз ҳаст зарари ҷисмонӣ, яъне шаҳрванд бо айби ронанда зарари ҷиддии ҷисмонӣ мебинад, дар ин ҳолат низ мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тиббӣ маблағгузорӣ менамоем. Яъне, меъёрҳо муайянанд ва дар асоси онҳо хизмат расонида мешавад.
Ғайр аз ин, вақте шаҳрванд худро суғуртаи тиббӣ менамояд, дар ин ҳолат вобаста ба хоҳиши худи ӯ шартнома баста мешавад. Яъне, агар шаҳрванд гӯяд, ки маро бо маблағи даҳ ҳазор сомонӣ суғурта куну мо вобаста ба ҳамон ӯро суғурта мекунем ва дар ҳолати зарурӣ даҳ ҳазор сомонӣ пардохт менамоем. Суғуртаи тиббӣ низ вобаста ба маблағе, ки дар шартнома сабт шудааст, сурат мегирад. Ба изофа, мо бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ташхисро муайян кардаем, ки барои кадом намуди беморӣ бояд чанд фоиз маблағ диҳем. Дар ҳолати муроҷиати шаҳрванд ба ӯ маълумотномаи шакли 195-ро пешниҳод мекунем, то ки роҳбари беморхонае, ки он ҷо табобат гирифтааст, онро пур карда, бемориашро муайян кунад. Мо дар асоси маълумотномаи мазкур аз рӯйи меъёрҳое, ки бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ мувофиқа кардаем, маблағро пардохт менамоем. Суғуртаи тиббӣ дар давлатҳои мутараққӣ ҳатмӣ аст, яъне, ҳамаи аҳолӣ бо суғуртаи тиббии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд. Худ қазоват кунед, агар як миллион нафар суғурта шавад захира чӣ қадар мешаваду сад нафар суғурта шавад, чӣ қадар? Ҳар қадар шумораи суғурташавандагон зиёд шавад, ҳақгузорӣ низ ба мардум зиёд мегардад. Дар мо ҳанӯз суғуртаи ҳатмии тиббӣ амал намекунад. Дар ин бора қонун қабул гардидааст, аммо то якуми январи соли 2014 бинобар сабабҳои узрнок амали он боздошта шудааст. Ҳоло дар мо суғуртаи тиббии ихтиёрӣ амал карда истодааст, ки шояд як фоиз ё аз он ҳам камтари шумораи аҳолӣ аз рӯйи ин намуд худро суғурта кунад ва он ҳам бо як маблағи ночиз, ки пардохт кардани ҳаққи зарар аз он вобастагӣ дорад. Ман боварӣ дорам, ки баъд аз амалӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Тоҷикистон кор ҷоннок ва ҳақгузорӣ барои шаҳрвандон зиёд карда мешавад. Тамоми хароҷоте, ки бемор дар беморхона мекунад, пурра пардохт мегардад.
- Оё ба шаҳрвандоне, ки ҳамасола дар КВД «Тоҷиксуғурта» худро суғурта менамоянд ва шояд пас аз панҷ-шаш сол имконияти аз нав шартнома бастан намеёбанд, дар ин ҳолат онҳо метавонанд, ки аз ҳисоби маблағи солҳои пеш пардохткардаашон ҳангоми зарурат истифода баранд?
-Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» уҳдадории мо дар давоми амали шартнома аст. Масалан, шартномаи суғуртаи амвол ва суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳиби нақлиёт барои як сол баста мешавад. Аммо, суғуртаи шахсӣ (ҳаёт) бисёрсола аст, дар ин робита кас метавонад 5-10 сол ё зиёдтар аз ин шартнома бандад. Қонунгузорӣ баъди гузаштани муҳлати амали шартнома хизматгузории ширкати суғуртавиро пешбинӣ накардааст. Баробари ба охир расидани муҳлати амали шартнома уҳдадории мо низ дар назди шаҳрвандон қатъ мегардад. Аммо, мо барои шаҳрвандон як имтиёз дорем. Шахсоне, ки бо КВД «Тоҷиксуғурта» панҷ сол шартномаи суғуртавӣ мебанданд, соли шашум метавонанд, ки ба ҷойи ду фоиз як фоиз ҳаққи суғуртавӣ супоранд. Мо ба муштариёни доимии худ имтиёз медиҳем ва ҳамин гуна фоизи ҳаққи суғуртавӣ рафта- рафта кам мешавад.
- Тавре дар аввал зикр кардед, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 72 филиали КВД «Тоҷиксуғурта» фаъолият дорад. Оё фаъолияти онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва мардум бештар ба кадом намуди суғурта таваҷҷуҳ доранд?
- Бале, дар ҳамаи филиалҳо аз рӯйи намудҳое, ки мо иҷозатнома дорем, ба шаҳрвандон хизмат расонида мешавад. Дар ҳар як филиал аз 5 то 15 нафар корманд фаъолият доранд.
Мардум бештар ба суғуртаи молу амвол, нақлиёт, сохтмон ва суғуртаи ҳодисаҳои нохуш тавваҷҷуҳ доранд.
- Имрӯз ҳамкории КВД «Тоҷиксуғурта» бо ширкатҳои суғуртавии хориҷа дар кадом сатҳ аст?
- КВД «Тоҷиксуғурта» бо Ширкати «Евразия»-и Қазоқистон, Бимаи марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ширкати бимаи «Ҳафиз»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «КЛАСС АССИСТАНТС»-и шаҳри Санкт-Петербург, Ингосстрахи шаҳри Москва, Ширкати хизматрасонии «БАЛТ АССИСТАНТС ЛТД»-и Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Натиҷаи ҳамкориҳо бад нест. Онҳо ҳама вақт омодаанд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи суғуртавӣ ба мо кӯмак намоянд. Яъне, ҳар як ширкати суғуртавӣ мувофиқи дороиҳои молиявии худ уҳдадориҳояшро бояд бигирад. Мувофиқи талаботи суғуртавӣ, агар мо аз уҳдадориҳои худ зиёд хавфи суғуртавӣ гирем, онро бояд ба ширкатҳои суғуртавии хориҷӣ барои аз нав суғуртакунӣ равон намоем. Нафароне, ки бо мо шартномаи суғуртавӣ мебанданд, онҳо кафолати пардохтпазирии ширкати моро талаб мекунанд, ки дороии молиявиатон чӣ қадар аст, уҳдадориҳоятон чӣ қадар аст, оё аз уҳдаи пардохт мебароед ё не? Мо ҷавоб медиҳем, ки бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ дорем ва ҳангоми зарурат агар аз уҳдаи пардохти лозима набароем бо онҳо аз нав суғурта мекунем ва маблағи лозимаро пардохт менамоем.
Инчунин Ширкати хизматрасонии «БАЛТ АССИСТАНТС ЛТД»-и Федератсияи Россия дар ҳолати полиси суғуртавӣ доштани муҳоҷирониТоҷикистон ба онҳо хизматрасонӣ менамояд. Яъне, ин ширкат бо ҳамаи ташкилотҳои тиббии Россия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Онҳо ба шаҳрвандони мо хизматрасонӣ мекунанд ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мо маблағи хизматро ба онҳо интиқол медиҳем. Ҳамин тариқ, бо Ширкати «ВСК»-и Россия ва Бимаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиҳаи шартнома дар ҳолати омӯзиш қарор дорад. Мо тасмим гирифтаем, ки ҳар сол пардохтҳои суғуртавиро зиёд кунем. Масалан, соли 2012 мо 53 миллион сомонӣ ворид кардем, ки нисбати солҳои 2000-ум қариб 2-3 маротиба зиёд аст. Боварии мардум низ ба хизматрасонии суғуртавӣ зиёд шудааст. Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки мо уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро карда истодаем.
-Ташаккур барои суҳбат.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»