Онҳо дар болоравии мақому манзалати занон чӣ таъсир доранд?
Пешвои миллат дар Паёмашон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, эҳтиром ва муҳаббату самимияти беандозаро нисбат ба занону модарон изҳор дошта, зарурати боз ҳам таҳким бахшидани мавқеъ ва нақши занонро таъкид намуданд. Дар ҳақиқат, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, саҳми онҳо дар идоракунии давлат, ҷалби бештари занону духтарон ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва ба ифодаи Сарвари давлат: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад» ва ҳоло «соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд».
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва роҳандозӣ гардидани тадбирҳои судманд шумораи занон дар парлумони кишвар рӯ ба афзоиш аст. Масалан, таносуби бонувони аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16,6 дарсади соли 2015 ба 26,6 фоиз ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20,6 дарсад ба 27 фоиз расидааст. Танҳо дар ду соли охир 43 нафар занону духтарони лаёқатманд тибқи фармону амрҳои Президенти ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд. Ҳоло 24,1 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва 19,4 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати то 30 дарсад расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 дарсад расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад.
Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва пешбарии занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад ва ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ масъулияти занонро нисбат ба фаъолият дар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллии онҳо дучанд боло бурда, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ҳамчунин, Пешвои миллат ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии ҳар як фаъоли ҷомеа арзёбӣ намуда, дар бораи бузургии модар ва мақоми зан — модар дар ислом чунин таъкид карданд: «Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар «Қуръон»-и карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст».
Тавре дар Паём қайд гардид, дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ва 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдод, ки барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар расидааст, ки 8 ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Яке аз иқдомҳои падаронаи Президенти кишвар таъсиси Квотаи президентӣ барои ҷалби духтарони деҳаҳои дурдаст ба гирифтани маълумоти олӣ ва ба ин васила, зиёд намудани сафи занону духтарони босаводу ихтисосманд мебошад. Аз соли 1997 — ум 11500 нафар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо Квотаи президентӣ хатм карда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳм гузошта истодаанд.
Иқдоми дигари Пешвои миллат дар самти саводнок намудани насли наврасу ҷавон аз соли 1998 роҳандозӣ гардидани Стипендияи президентӣ мебошад, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва ташаккули малакаҳои зеҳнию ақлонии ҷавонону духтарон замина мегузорад.
Ҳамин аст, ки сол аз сол ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон ва шумораи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ин давра беш аз 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, 100 ҳазор нафар таҳсил карда истодаанд. Ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва рушди соҳибкории хурду миёна, таъмини занон бо ҷои кор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби бештари занону духтарон ба омӯхтани касбу ҳунар бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда, соли 2021 — ум 15870 нафар зан ба омӯзиши касб фаро гирифта, 35213 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2006 бо мақсади рушди соҳибкории занон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат грантҳои президентӣ таъсис дода шуд. Дар заминаи ин иқдом то ҳол 22 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 5378 ҷои кори нав таъсис дода шудааст. Дар пайравӣ ба ташаббуси Президенти кишвар аз ҷониби раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ва оғози фаъолияти соҳибкории занон грантҳо ҷудо шуданд.
Соли 2021 — ум 332 лоиҳа ҷиҳати дарёфти гранти президентӣ пешниҳод гардида, аз он 80 лоиҳа бо маблағи ду миллион сомонӣ дар самтҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла пойафзолдӯзӣ, таъмири муҳаррики автомобилҳои сабукрав, заргарӣ, коркарди меваю сабзавот, ташкили гармхона, рушди чорводорӣ, кишоварзӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, гулпарварӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ташкили мағозаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби аъзои комиссияи грантӣ дастгирӣ ёфт. Бояд қайд кард, ки зимни баррасии лоиҳаҳо ба табақаҳои осебпазир афзалият дода шуда, ба 18 зани имконияташон маҳдуд, соҳибкорзаноне, ки дар оилаашон шахси имконияти маҳдуд доранд, модарони танҳо, оилаҳои камбизоат ва аз маҳбас озодшуда грантҳо пешниҳод гардид. Лоиҳаҳои татбиқшуда гувоҳӣ медиҳанд, ки бонувони тоҷик, дар баробари иҷрои рисолати модарӣ ва фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, инчунин, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ комёбанд.
Умеда АБДУЛЛОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон